Таи чанд сол аст, ки бе мутолиаи рӯзномаи мардумии «СССР» худро нороҳат ҳис мекунам ва ҳар шумораи навбатиашро ҷустуҷӯ карда, дарёфт менамоям. Зеро ин ҷо рӯзноманигорони босалиқа кор мекунанду навиштаҷоташон хонданбоб аст. Қоилам ба нотарсию далериашон, ки беистиҳола камбудию нуқсонҳои ҷомеаро рӯи коғаз меоранду баҳри ҳаллу фаслаш саъю кӯшиш менамоянд.
Каминаи камтарин дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Деваштич истиқомат мекунам. Ин ҷо ягон дӯкони рӯзномафурӯшӣ нест, ки рӯзномаҳои лозимаро дастрас намуда, мутолиа кунам. Барои обунашавӣ аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашам. Рӯзномаҳои зарурро танҳо аз шуъбаи алоқаи Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ дастрас менамоям. Ягона мушкилосонкун барои таъмини рӯзномаҳои дӯстдоштаам «СССР» ва «Тоҷикистон» корманди шуъбаи алоқа Ориф Саидов мебошад. Ӯ 38 соли умри бобаракаташро дар шуъбаи алоқа гузаронидааст. Шахси хоксору фурӯтан буда, корафтодагонро бо чеҳраи кушода қабул намуда, хоҳишашонро бекамукост иҷро менамояд.
1 тан дар майдон...
Имрӯз дар бинои боҳашамати шуъбаи алоқаи минтақаи Калининобод, ки солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 10 нафар кор мекард, танҳо Ориф Саидов монду рӯзномаю маҷаллаҳо ва мактубҳои воридшударо ба Ҷамоатҳои деҳотҳои Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдат дастрас менамояд.
Ҳини суҳбат Ориф Саидов гуфт, ки моҳонаам 600 сомонӣ буда, ба таъминоти рӯзгорам намерасад. Азбаски солҳои пешӣ аз ин даргоҳ нон хӯрдам, дилам нашуд, ки корхонаро тарк намоям. Чӣ тавре дар урфият мегӯянд:
«Дари кушодаро сахт мапӯш!»
Совхозро кӣ фурӯхт???
Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ иншооти собиқ совхози Карл Маркси н.Ғончӣ ба шахсони алоҳида фурӯхта шуд. Имрӯз раҳми бинанда меояд, зеро совхози ободтарину пуровозае ба 1 харобазор табдил ёфтааст. Эҳтимол агар Ориф Саидов шуъбаи алоқаро тарк мекард, мумкин ягон бойбобо онро ҳам хусусӣ мекарду имрӯз камина дар ҷустуҷӯи рӯзномаҳои дӯстдоштаам ҳар ҳафта ба маркази ноҳия сафар мекардам.
Аҳсан ба Орифҳо, ки бо сабру матонат, ба сахтиҳо тоқат карда, шуъбаи алоқаро аз вайроншавӣ нигоҳ доштанд. Меҳнатҳои шоёнашро қадр карда, ҳукумати ноҳия ва шуъбаи алоқа ӯро бо Ифтихорномаҳо сарфароз намудаанд. Ҳаводорони осори рӯзмаррагӣ аз Ориф Саидов миннатдоранд.
Мақсадулло Ҷамолов,
н.Деваштич
Аз СССР: Мо бар боварем, ки Бек Сабур-раиси Хадамоти алоқа ин ҷонфидоиву сарсупурдагии Ориф Саидовро ба инобат гирифта, барои ҳифзи идораи алоқаи мавзеъ аз вайроншавиву талаву тороҷ гардиданҳо, ҳам маошашро меафзоянду ҳам бо нишонҳои корхонаи зертобеъ қадршиносияш мекунанд. Мо Метавонем!