Боз омадам ба кӯи ту, эй қиблаи умед,
Эй модаре, ки соҳати ҷонам сарои туст.
Ин як байт аз шеъри Маҳдии Суҳайлӣ, шоири эронӣ, мебошад. Шодравон Зафар Нозим ба шеъри ин шоир оҳанги мувофиқу дилнишину таъсиргузор эҷод кард. Иҷроиши он низ аз ҷониби овозхон дар сатҳи олист. То ба ҳанӯз суруди мазкур дар иҷрои ин овозхон ва дигар овозхонҳо, ихлосмандонаш, сурудаву шунавонида мешавад.
Ҳар касе, ки дар китоби «Ашки маҳтоб» - и Маҳдии Суҳайлӣ ин шеърро дидаву хонда, андак тағйиротеро мушоҳида мекунад. Яъне, дар мисраи якуми байти аввал ба ҷойи қибла Каъба омадааст. Дар ин маврид, албатта, ин пурси пайдо мешавад, ки магар овозхони забардаст онро хато ё худ ғалат мехонад? Пурсиш, ҳеҷ шак, ба маврид мебошад, зеро мантиқ халалдор шудааст. Қибла, дар ҳақиқат, кӯ нест, сӯ аст.
Шаҳобуддин Ҳақназаров, корманди сарредаксияи мусиқии «Радиои Тоҷикистон, соли 1984 «Ашки маҳтоб» - ро барои мутолиа ба нависандаи ин сатрҳо дод. Пас аз хондан шубҳаамро дар мавриди байти боло изҳор доштам. Ӯ гуфт, ки шодравон Зафар Нозимро вобаста ба сиёсати давр нагузоштанд, ки ба ҳангоми сабти ин суруд «Каъба» - ро бигӯяд. Пас, ба қарор меоянд, ки ин вожаро ба қибла иваз намоянд.
Ҳамин тавр устод Зафар Нозим шеърро ба Шаҳобуддин Ҳақназаров нишон дода, мегӯяд, ки маҷбурам карданд, ки матнро тағйир бидиҳам. Баъд аз баёни ин ҳақиқат бо нишон додани далели муътамад «Ашки маҳбуб" -»и Маҳдии Суҳайлиро ба Шаҳобуддин тақдим мекунад. Аз баракати ин бахшиш ман ҳам ба шоир ва ашъори нобаш шинос шудам.
Абдулқодири РАҲИМ