Ман аз ин ҷоҳилоне, ки кафки даҳони уштури араби бидавиро аз ҳама расму оини қадимаи мардумии мо, ки саршор аз инсодӯстиву меҳрубонӣ аст, болотар медонанд, ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорам.
Тарсам аз 1 гуруҳ интилигенсияи пастфитрати палиди тарсуи пуштипардагии ҷоҳили манфиатхоҳ аст, ки дар ин набарди бархӯрди тамаддунҳо ё бетарафанд, ё хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Дар тули 1400 сол пушт ба пушт мо мусулмонзодаем. Падарону бобоҳои мо намозхону рӯзагиру худотарсу худоҷӯ буданд, пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд. Касе ба касе кор надошт, касе касеро ба коре маҷбур намекард.
Пас, чаро ким кадом 1 аблаҳи бесаводе аз даҳони ким кадом нимчамуллои фанат гапи бе асосу бе далелу бе исботро шунида, ба гардани мо бор кунад? Кӣ гуфт, ки ҷашни Наврӯз гуноҳ аст? Дар куҷо омада, ки дар дунёи пурғаму пурандӯҳи гузарон ақалан, 1 рӯз, мардум ҳуқуқи хурсандиву хушбахтиро надоранд?
Инсони ҳақиқӣ ҳамон инсонест, ки дар хурсандии 1 нафари дигар хурсандии худро мебинад ва бадбахтиву мусибати 1 каси дигарро мусибати худ медонад.
Чаро мубориза бо ифротиёни асри 21 кори 2-3 журналисту муаллиму хонумаҳои далеру ҷасур бошад? Чаро дигарон аз давлат маошу мукофот мегиранду бояд хомӯш бошанд?
Пештарҳо агар дар 1 деҳа 1 муаллим мебуд, ҳама ӯро гуш мекарданд ва бо ӯ пайравӣ мекарданд, чунки муаллим намунаи ибрати дигарон буд ва ба касе иҷозат намедод, ки ба ӯ раҳнамоӣ кунад. Ҳозир бошад, баръакс, дилхоҳ фисинаки 2 ҳарфа нимкола медонистагӣ ба муаллим гап нишон медиҳаду ӯ хомӯш гӯш карда меистад.
Дар фароварди сухан ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳой мадуми тоҷик, эҳтиёт шавед. Баъд аз ҳазор сол мо соҳибдавлат гаштем, сарзамини зебое бо номи Тоҷикистон дорем, Роҳбари хирадманде дорем, ки ДАВЛАТИ ТОҶИКОНРО дар асри 20-21 бунёд кард. Магузоред, ки бо баҳонаи дину оину мазҳаб тамаддуни моро аз миён бубаранд, ки ояндагон моро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Боқӣ сарбаланду тансиҳату шодкому масрур бошед.
Фархунда бод Ҷашни Наврӯз, Тиргон, Сада ва Меҳргон!
Шермуҳаммад Тоиров,
устоди фанни забони тоҷикӣ