ХАБАРИ ДОҒ

Низорамоҳ Зарифова 100 сола шуд!

  • Чоршанбе, Март 29 2023

Низорамоҳ Зарифова, ходими шинохтаи давлатӣ ва сиёсии советӣ соли 1923 дар деҳаи Пахтакори Кӯлоб таваллуд шудааст. Пасон оилаи онҳо ба деҳаи Пушёни Поён кӯч мебанданд. Аз соли 1941 ба корҳои партиявӣ шуруъ намуда, аз ҳамон сол то соли 1980 дар ГорИсполкоми ш.Кӯлоб дар вазифаи ҷонишини раиси шаҳр оид ба масоили кадрӣ, мудири шуъбаи ВЛКСМ дар вилояти Кӯлоб, мудири бахши ПК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи Кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ (ЦК КП) Тоҷикистон, котиби ин кумита ва муовини раиси Президиуми Шурои Олии РСС Тоҷикистон кор кардааст. Депутати даъвати 5 ва 6-уми Шӯрои Олии СССР, депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, даъвати 4,6,8 ва 9, делегати съезди 22-уми КПСС СССР дар Москва мебошад.

Нина Зарифовна, чунин ном мегирифтанд ин зани тоҷикро он солҳо дар Маскав, воқеан яке аз занҳои сиёсатмадори бонуфуз на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар миқёси 15 республикаи СССР ба шумор мерафт. Дар арафаи 8 март Рӯзи Модар ва 100 солагии Нина Зарифовнаи гиромӣ, ки то ин санаи муқаддас чанд моҳ мондааст, ҳайати эҷодии Ютуб канали СССР ТВ меҳмони хонадони Низорамоҳ Зарифова гашта, суҳбате орост, ки фишурдаи онро ба хонандагони азиз пешкаш менамоем. Мо Метавонем!

Низорамоҳ кист?

   - Низорамоҳ 1 духтари деҳқондухтари одии тоҷик аст! Падарам Одина Махсум дар 32-солагӣ фавтид. Бо бародарам Абдулазизи 10-сола, мани 5-сола ва хоҳарам Рухсорамоҳи 6-моҳа ятим мондем. Модарам Бибии Шарифамоҳ, зани ҳунарманду меҳнатӣ, сӯзанӣ медӯхту ресмону шол мебофт, говдӯши ферма буд. Ба мо куртадӯзӣ, жемпербофиро ёд дод. Замини пахта ҳам доштем. Азбаски аз кор ҳарос надошт ва хеле фаол буд, мардум ӯро «Шарифамоҳи Комсомол» мегуфтанд. Тамомии корҳои рӯзғорро маҳз модарам ба мо ёд дода буд, хононду соҳиби савод кард. Ҳамин меҳнати модарам буд, ки ман аллакай дар 22 солагӣ мудири шуъбаи ГорИсполком будам.

Модарам шавҳар карду падарандарам Зариф Шарифов баъди раиси кумитаи иҷроия таъйин шуданаш моро ба ш.Кӯлоб овард.

2 моҳ дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намуда будам, ки 1 зани рус омада, бо духтаракони деҳотӣ суҳбат кард. Дар байни онҳо ману Тоҷиннисо Азизова ва Салтанат Назарова низ будем. Пас аз мулоқот моро ба Душанбе бурданӣ шуданд. Модарам розӣ набуд. Падарандарам, ки корманди ҳизбӣ буд, гуфт, ки агар Низорамоҳ наравад, маро аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд. 1 рӯзи сарди декабр, моро болои мошини боркаш дар зери брезент шинонданду ба ш.Душанбе оварданд. Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар назди собиқ почтаи марказии Душанбе воқеъ буд, ки мо дар он ба хондан шуруъ кардем- ба ёд меорад Низорамоҳ Зарифова.

Дидор бо Сталин

   - Соли 1939 иштирокчии паради умумисоветӣ дар ш.Москва будам. Рӯзи парад Анзурат Раҳимова парчами Тоҷикистонро бардошт. Мо машқкунон бо либосҳои махсус парадро гузаштему ҷойи 3-юмро гирифтем. Бегоҳ ба толори Қасри Кремл ба хӯроки шом даъват шудем. Он рӯз бори аввал Сталинро аз наздик дидам. Ба худ гуфтам, ки ӯ ҳам одами одӣ будаст-ку?!

Сухани таърихии «Халқи тоҷик миллати қадимтарин асту таърихи бою ғанӣ дорад ва ояндааш ҳам бузург аст» ҳамон ҷо аз забони доҳӣ садо дод. Ҳамон рӯз 1 рӯймолу 1 китоб ба Салтанат Назарова, тоҷикдухтари фаъол туҳфа кард.

Ба деҳа баргаштам, ки гап зиёд шудааст, ҳамсояҳо мегуфтанд, ки Низорамоҳ Маскав рафта, либоспӯшиаш иваз шудааст. Зуд ба тан курати чакану ба сар рӯймол гирифта, ба хона рафтам. Мардум ҷамъ шуду аз Маскав қисса кардам.

Сталин, Ворошилов, Будёний диданамро нақл кардам.

«Таджикистан – конец железной дороги?»

Низорамоҳ Зарифова ба ёд меорад:он замон занҳои фаъол зиёд доштем. Ибодат Раҳимова, Махфират Каримова дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ кор кардаанд, Мунаввара Қосимова - вазири саноати сабук, Марям Бозорбоева – вазири таъминоти иҷтимоӣ, Ҳамроҳ Тоҳирова - аввалин меъмор-сохтмончӣ, ки то солҳои 40-ум Донишгоҳи Ленинградро хатм кардааст, раиси «Госплан», муовини раиси Совети вазирони ҷумҳурӣ буданд.

Он давраҳо мушкил буданду мо аз марказ - Москва вобастагӣ дош­тем. Дар 5 сол 1 бор маблағи буҷет тасдиқ мешуд. Тоҷикистонро чун давлат кам касон мешинохтанд. «Где находится Таджикистан?», - мепурсиданд, ман «Таджикистан это конец железной дороги» мегуфтам. Воқеан, нуқтаи охирини истгоҳи роҳи оҳани шӯравӣ дар Тоҷикистон буд.

Барои пешниҳоди сохтмони НБО Норак дар ҷаласаи ҳизбӣ баромад кардаму дидам, ки ҳанӯз аз соли 1934 талош барои сохтмон шурӯъ шуда будаст, аммо танҳо соли 1958 иҷозат шуд.

400 грамм хлеб…

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 -1945) сар шуду маро ба кори комсомолӣ даъват карданд. Аз он ҷо ба Горкомкомсомол ба вазифаҳои мудири шуъба, пасон котиби дуюм гузарониданд. Муҳоҷирони зиёдеро аз ҳар гӯшаву канори СССР қабул мекардем. Ҳамаи онҳоро бояд бо макони зист ва хурду хӯрок таъмин менамудем. Нав таваллуд карда будам, маҷбур шудам кӯдакамро дар хона гузошта ба кор бароям, зеро вазъият хеле вазнин буд, хӯрока намерасид.

Баъдан маро мудири шуъбаи мактабҳои вилояти Кӯлоб таъйин намуданд. Пиёда деҳа ба деҳа мегаштам. 400 грамм хлебе, ки медоданд, онро сарфа мекардаму ба модарам мефиристодам. Вай духтарчаи маро, ки бемор буд, нигоҳубин мекард.

Ман дар 17 солагӣ шавҳар кардам. Солҳои пеш аз ҶБВ буду ман дар пойтахт зиндагӣ мекардаму узви комсомол будам. Тӯйро надида будем, зеро нон набуд… Шавҳарам Зуҳуршо корманди ҳизбӣ, хеле инсони хубу хоксор буд. Пеш аз ҷанг ӯ ба сифати котиби 1-уми кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб фаъолият менамуд. Хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ. Ман низ баъдан 2 дафъа ин мактабро хатм намудам. Дафъаи аввал 1 сол ва дафъаи дуюм 3 сол хондам. Шавҳарам хеле инсони комил буд.

Ариза барои 180 рубл…

Вақте падарам аз олам гузашт, ман 6 сола будам. Ӯ дар 32 солагӣ аз олам чашм пӯшид. То узви партия нашудаму вазифа нагирифтам, ягон проблема набуд, вале вақте вазифаи комсомоливу партиявӣ доданд (аз соли 1947), мушкилот сар шуд. Маро КГБ ва МВД-и советӣ хеле зиёд азият дода, мегуфтанд, ки «падарат мулло буду, замин дошту аспи сафед дошту кулак буд!». Барои одаме, ки чандин сол пеш вафот карда буд, маро тафтиш мекарданд, мебурданду меоварданд, овозаҳои зиёд паҳн менамуданд. Бахилӣ хеле зиёд буд дар байни занҳои кӯҳансолу ҷавони даврони советӣ, аз ин лиҳоз аз болоям шикоят зиёд, ҳатто то ба ЦК, ба Маскав навиштанд. Боре барои 180 сӯм маош аз болоям аризаи шикоятӣ низ навишта буданд…

 Шукрона бояд кард!

Сахтиҳои зиёдеро паси сар кардам ва шукри он, ки имрӯз давлати пирӣ меронам. Хонаам рӯзе бе меҳмон нест. Сипосгузорам аз Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул, ки ҳамеша дар ёдам ҳастанд, суроғам мекунанд, маслиҳату машварат мегиранд. Шукронаи ин давлату миллат, шукронаи ин ҳама ободиву зебоӣ бояд кард, шукронаи сериву пурӣ, ки имрӯз дар хону хонадони ҳамаи мо нону сулҳ фаровон аст! Саломат бошед!

 

А. Собир,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter