Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, бо суруду таронаҳои диловези худ кайҳост, ки дар қалби ҳаводорони ҳунараш ҷой гирифтааст. Ӯ, ҳарчанд хамтмуттаҳсили Шашмақом бошад ҳам, тавонист фолклори бонувони водии Раштро амалан зинда кунад.
Моҳрухсор дар баробари таронаҳои халқиро бо маҳорати хоса сароидан, ҳамеша бо либоси милливу сирф тоҷикӣ дар руйи саҳна падид меояд, ки ин арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ мебошад. Тамоми ҳаводорони таронаҳои диловези Моҳрухсор ӯро ба хотири пероҳани миллӣ ба бар карданаш дар даврони советӣ, ки юбка мӯд будӣ, дӯст медоранд.
Моҳрухсор Сафиева дар водии Рашт дар оилаи шахси фарҳангдӯст таваллуд ёфта, дар иҳотаи ҳамдеҳагонаш, ки аксари онҳо санъати халқиро дӯст медоштанд, ба воя расидааст. Ҳанӯз аз овони мактабхониаш ба сурудхонӣ оғоз намуда, суруду мусиқӣ яке аз машғулиятҳои дӯстдоштаи ӯ буд. Моҳрухсор Сафиева ҳамеша байни мардум аст ва метавон гуфт худ мардумист ва ин аст, ки сурудҳои мардуми кӯҳистонро зам - зама менамояд.
Ҳарчӣ омӯхт меомӯзад...
Худи Моҳрухсор дар бораи худ мегӯяд:
-Дар деҳаи Яхчи ноҳияи собиқ Комсомолобод, имрӯз Нуробод ба дунё омада, мактаби миёнаро дар ҳамонҷо хонда, соли 1980 роҳ ба сӯи Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода гирифтам. Дар факултети мусиқии тоҷик таҳсил намуда, дар шӯъбаи мусиқии шарқ, бо ихтисоси «Шашмақом» донишкадаро хатм кардам. Пас аз хатми донишкада, ба ҳайси мудири шӯъбаи фарҳанги н. Комсомолобод кор кардаам. То ба ноҳия омадан, солҳои донишҷӯӣ дар ансамбли ҳофизони «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радио кор карда, дар ин баробар дар донишкада ҳам кор мекардам.
Аз Шашмақом то бар Фалак
Баъди 2 соли дар ноҳия кор кардан, бо даъвати устод Зафар Нозим ба ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор омадам.
Соли 1989 озмун эълон шуд, ба радио омада, бо сари баланд аз озмун гузаштам. Баъди озмун ансамбли «Дарё»-ро таъсис доданду ман ба он шомил гаштам. Ман дар ансамбли «Дарё» бо устодон - сутунҳои санъати тоҷик Ҳаким Маҳмуд, Муборакшо Ҷумъа, Гулбек Саодат, Меҳралӣ Сафармамад, Нигина Рауфова, Ҷамшед Исмоил, Шамсиддин Муҳиддин, Лола Азиз, Қурбоналӣ Абдулло, Абдулло Султон, Муҳаррама Шарифова дар солҳои 1989 - 2003 кор кардаам.
Соли 2003 ману Ҳабибулло Бег, Қурбоналӣ Идиев, Сафомуддин Раҷабовро барои пурра гардонидани ансамбли «Фалак» ба ин даста гузарониданд. То соли 2015 дар ансамбли «Фалак» кору фаъолият кардем.
Омӯзгор ва устод
Баробари дар ансамблҳо фаолият доштанам, дар Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода низ кор мекардам. Имрӯз ифтихор аз он дорам, ки Устоди Донишкадаи фарҳангу санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода ҳастам ва ба шогирдон дарси ҳунар меомӯзам. Ҳарчи аз устодон омӯхтам, имрӯз ба шогирдон меомӯзам.
Ин ҳафта Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, ҷашни зодрӯз доранд. Аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР эшонро бо ҷашни мавлуд табрику таҳният намуда, ба ин устоди саҳнаи тоҷик рӯзгори хуш ва дар корҳои эҷодияшон муваффақиятҳои беназирро таманно доранд. Мо Метавонем!
Омиронаи Сайёф,
СССР