ХАБАРИ ДОҒ

Андешаи ифротӣ пушти зиндон мебарад!

  • Чоршанбе, Апр 26 2023

Абдуҳанон Усмонов, он нафаре, ки чанде пеш монеи рақсу суруд дар арӯсии бародарзодааш дар н.Кӯшониён шуда буд, ба узвият ба равияи динии “Салафия” ва монеъ шудан ба таҳсили духтараш айбдор мешавад.

Дар  рафти  тафтишоти  пешакӣ  муайян  карда  шудааст,  ки шаҳрванд  Усмонов Абдуҳанон Бурҳонович, соли таваллудаш 1972, зодаи н.Кӯшониён, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, маълумоташ миёнаи нопурра, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, ҳангоми  дар н.Кӯшониён қарор доштанаш оиди равияи динии “Салафия” маълумот пайдо намуда, онро дуруст қабул  намуда,  тарзи намозгузорияшро ҳамчунин  мисли  тарафдорони  равияи мазкур  адо  мекардааст.

Дар ин раванд, ӯ дар сомонаҳои интернетӣ ҳамчун аъмоли вазъгӯёни  ташкилотҳои экстремистӣ - террористиро   пайваста  тамошо намуда, дар андешаи  худ чун аъмоли дуруст  қабул намудааст. Сипас, ӯ 16 майи соли 2022 дар сомонаи интернетӣ  ба худ саҳифаи интернетӣ бо номи мустаор кушода, мунтазам нашри видеонаворҳои хусусияти экстремистӣ доштаро дар саҳифаи интернетиаш ҷой карда, ба дигар шаҳрвандон паҳн намуда, бо ин роҳ ба фаъолияти ин ташкилот мусоидат намудааст.

 

Амри маъруфи 1 бесавод

Ҳамзамон, ӯ, ки тамоман маълумоти динӣ ва дунявӣ надорад (!!!), 15 январи соли 2023 соати 1330 дақиқа дар маъракаи тӯйи домодии фарзанди бародараш  Усмонов Абубакр Манонович, воқеъ дар н. Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Ҳ. Шерозӣ, аз рӯи ақидаҳои экстремистии доштааш, баргузории базму мусиқиро дар тӯй ҳаром шуморида, асбоби садобаландкунандаи сарояндаро чаппа намуда, рафти баргузории туйро пурра манъ кардааст.

Ҳамчунин  ӯ бархилофи талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он ҳар 1 шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад, амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти  ҳатмии умумии асосии духтараш Самиева Манижа, валодаташ соли 2007 монеагӣ  эҷод намуда, дар солҳои хониши 2014 - 2015, ки охирин бояд ба синфи 1 - ум мерафт, ӯро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  набурда, аз таҳсил дур намудааст. Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии Усмонов А. Б. ноболиғ  Самиева М. аз лаҳзаи ба синни мактаби расидан то инҷониб ягон маротиба ба муассисаи таълимӣ нарафта, таҳсилоти умумии ҳатмӣ нагирифта, дар ягон дарс иштирок накардааст.

 

Ҷиноят ва ҷазои 1 чала-мулло

Дар маҷмӯъ Усмонов Абдуҳанон Бурҳонович бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаҳои 3073 қисми 2 ва 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.                    

Парвандаи ҷиноятӣ баъди итмоми тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдорӣ аз тарафи прокуратураи вилоят ба  суди вилояти Хатлон  ирсол гашта, айбдоркунии давлатӣ аз тарафи прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Бобозода Г.Н. сурат гирифтааст. 

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон  судшаванда  Усмонов  Абдуҳанон  Бурҳонович     бо моддаҳои 3073  қисми 2 ва  164 КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  гунаҳгор  дониста  шуда, ба ӯ бо дастрасии қисмҳои 1 ва 3-и моддаи 67  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ  ба мӯҳлати 6 сол маҳрум намудан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи дорои низомаш пурзӯр  тайин  карда  шудааст.

Варқаи Зайниддин,

ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1:

ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter