ХАБАРИ ДОҒ

Ӯ девона аст, оқил аст, нобиға аст, авом аст, мусалмон аст, кофир аст, шоҳ аст, гадост, газитфурӯш аст, китобфурӯш аст, нависанда аст, журналист аст... Ӯро наметавон аз арсаи буданҳо маҳву нобуд сохт, охир!!!

Аз саҳна рондемаш. Нав қарси шодӣ мекуфтем, ки чун Журналист дар газетаҳои Акбари Саттор пайдо шуд...

Баъди сари Акбари «папааш», ба газетафурӯшӣ маҷбураш кардему рафт ва нав табассуми пирӯзӣ мекардем, ки дар газетаи мардумии СССР чун рӯзноманигор пайдо шуд!

Бо ӯ чи коре бояд кард, ки «умуман гум шавад!»?. Суоли аср...

А-ҳааа. Пурра аз саҳнаи ТВ ва Радио хаташ занед. Ана акнун ҷоми шодӣ лабрез кардаву нӯшбоди «поминкааш» мекардем, ки чун Нависандаи забардаст пайдо шуд. Кам не-ғам не... 620 ҷилддддддд китоб навишт!

10.06.2004. Рекорди Гиннес шояд чунин адибро дар хотир надорад. Зеро ҳамин дирӯз буд, ки китоби нахустинашро бо унвони Розҳо (нашриёти Деваштич, адади нашр 400 нусха) баровард...

02.05.2023. Соат ба вақти СССР 11:57 дақиқа. Ҷилди CCCCCCXVIII, CCCCCCXIX, CCCCCCXX (618, 619, 620)-ро ба мо тӯҳфа овард...

10.05.2022.85-солагиашро ҷашн нагирифтем! Гуфтем, аз алам бимирад!

10.05.2023. Вале Ӯ имрӯз марраи 86-ро бо сари баланд фатҳ карда, сӯи абадият равон аст...

Бо Ӯ чӣ бояд кард? Ҳеҷ чиз! Зеро аз дастатон ҳеҷ чиз наомад, ҳасудон. Мардона аз ҷо бархезед ва ба ифтихораш каф кӯбед:

- Браво, Маэстро!

- Брависсимо, Нобиға!!

- Белиссимо, ГЕНИЙ!!!

 ****

Аз ҳикоёти навини Ҳошим Гадо

 

РАЗМИ ШАБУШОН БО КАЙКОН

Шабуше дар бадани махлуқе зиндагии шоҳона дошт ва ҳар гоҳ, ки гурусна мешуд, хуни ӯро мехӯрду фароғат мекард. Аз гардиши дунё парвое надошт ва намедонист, ки ба ғайр аз олами ӯ боз шабушон ва махлуқоти дигар низ ҳастанд. Шоҳи махлуқоти ҷаҳон низ вуҷуд дорад, ки он махлуқи дупо - инсон аст, ки хеле оқилу сангдил. Ва намедонист, ки дигар махлуқот ҳам монанди он нафс доранд, мехӯрданду ромиш мебаранд ё алайҳи якдигар пайкор мекунанду якдигарро туъма мегардонанд.

Рӯзе кайки роҳгумкардае омаду ба хӯроки шабуш ҳамроҳ шуд. Ҳарду ба ҳам теғи нигоҳ кашиданду аз хашм лаб хоиданд. Дар ин ҳолати ногувор «ҳар чӣ бодо бод» гӯён шабуш ба кайк гуфт: Бирав, аз наздам ва ба ман халал нарасон. Ин сухани шабуш ба кайк сахт таъсир кард ва аъзои бадани кайк ҳам ба ларзиш даромад.

- Ман аз ту намепурсам, ки дар ин ҷо бошам ё набошам, хоҳам меистам, нахоҳам намеистам, бадбӯи бетамиз.

Шабуш посухи кайкро таҳқир шуморид. Ва аз гиребони кайк гирифту чунон торсакие зад, ки аз чашмони ӯ шарораҳо чун оташи кафшергарон ба ҳар тараф париданд. Чанд муддат беҳуш хобид, чун ба худ омад бо дидаи гирён ба назди ҳамнавъони худ рафт.

Аз у пурсиданд: «Бигу, ба ту чи ҳодиса руй дод»?

Кайк сукут варзид. Он гоҳ сардори кайкон ба ғазаб омада пурсид: - Кӣ туро ба ин ҳолат гирифтор кард? Кӣ?! Ман решаашонро аз бех меканам. Медонӣ, ки ман кистам? Ман шоҳи ҷаҳонгирам. Ман тавонотарин қудратам. Касе ба ман дар ин дунё баробар шуда наметавонад: баробар ё сарбасар шавад, пора мекунам, медарронам, дар пӯсташ коҳ ҷой мекунам. Ту медонй, ки ман ҳоло шоҳам. Шоҳи тавоно, ҳазорон - ҳазор муҳофиз дорам. Касе cap баланд кунаду бинад!

Ин суханони шоҳи кайкон ба кайки латхӯрда марҳам шуд ва эҳсос кард, ки пуштибони тавоно доштааст. Дар ҳамин ҳолат чашмашро боло карду ба шоҳи кайкон гуфт: - Маро шабуше ба ин ҳолат расонд, он қадар маро бо дасту пояш зад, ки тамоми баданам абгор шуд. Тамоми баданам месӯзад, дардам зиёд аст...

Пас аз шунидани ин суханҳо шоҳи кайкон дар назди ҳамнавъони худ бо овози баланд арз кард: - Ҷанобон, оқоёни муҳтарам! Фурсат расид, ки зидди шабушон лашкар кашем ва бо сари баланд аз майдони ҳарб баргардем. Агар лашкар накашем, мо насли кайкҳо беору беномусем!...

Яке аз ҷонишинони кайк гуфт: Шоҳам, сабр! Аввал пеш аз ҷангро эълон кардан мо бояд ҷосус бифиристему аз вазъият хуб огоҳ бошем. Кайкҳо сухани шоҳро ба овоз монданд, ки ин вазифаи бошарафро, ки ба уҳда мегирад? Аз байни издиҳом як кайки солхӯрдае пеш баромад.

- Шоҳи музаффар, ҷаҳонпаноҳу далер, ҳазрати аълокайк хоҳиш мекунам, ки ин вазифаро ба уҳдаи ман гузоред!

Шоҳи кайкон аз ҷасорати кайки пир ба ҳайрат омаду арз кард, дигар ҳамаатон аз ин ҷо равед, танҳо кайки пир монад. Шоҳи кайкон дар суҳбати хоса аз кайки солхӯрда пурсид, ки ту чй гуна ин вазифаро иҷро мекунӣ? Кайки пир бо оромӣ ҷавоб дод: - фармон деҳ, то маро сахт лагадкӯб кунанд, тамоми баданамро сиёҳу кабуд кунанд, то ягон ҷои сиҳат дар баданам намонад. Шоҳи кайкҳо илтимоси кайки солхӯрдаро ба ҷо овард. Кайкони пурқувват, бо дасту бозуи тавоно, ба задани ҳамнавъи худ шурӯъ карданд. Он қадар кайки солхӯрдаро заданд, ки мутлақо беҳуш шуд. Баданашро сиёҳу кабуд карда, баъд баромада рафтанд. Сипас, баъди чанд муддат кайки солхӯрда баҳуш омаду ба назди шоҳи шабушон рафт. Ин ҳодисаро начакондаву нарезонда ба шоҳи шабушон як ба як нақл кард. Дар дили ӯ нисбати кайкон оташи интитқом аланга мезаду мегуфт: - ин палидони хунхӯрро аз рӯи дунё нест накунам, ман сардори шабушон, аълоҳазрат ибни шабуш набошам. Чунон кунам, ки шири модарашон дар даҳонашон заҳр шавад, ҳафт пушташон аз кардаашон пушаймон гарданд. Ҳамин тавр сарлашкари шабушон ҳамаро ба ҷанг даъват намуда, ба силоҳҳои навтарин муҷаҳҳаз кард. Ба пеш! - гӯён фармон дод. Лашкари шабушон аз хашму нафрат дандон месоиданд, бо як иродаи оҳанин ба манзилгаҳи кайкон ҳуҷум карданд. Дар зери пои лашкари шабушон дараҳо садо доданд. Ба манзили кайкон расиданд, ҷуз бинои сӯхтаю фурӯрафта чизе набуд. Шабушон хостанд, ки ба диёри худ пас гарданд. Он гоҳ нохост шабуше дар кунҷи хонаи вайронае нолаи кайкро шунид. Омад ба назди кайки маҷрӯҳ, хост, ки сарашро бо шамшер бибурад. Кайк ба нола даромаду гуфт: - Аз куштани ман чӣ фоида? Ман ба шумо як замон даркор мешавам. Шабуш ин суханонро шуниду андеша кард, баъд гуфт: - Чӣ воқеа рӯй дод? Сарлашкари шабушон таъзим карда бо эҳтиром ба шоҳи худ арз кард: - Аз тамоми кайкон танҳо ҳамин як кайки бемор боқӣ мондааст, аълоҳазрати соҳибқиронам!

Шоҳи шабушон донишмандонро ба назди худ хонду маслиҳат пурсид. Яке аз вазирон ба шоҳ наздик шуду гӯшакӣ гуфт:- Тақсир, ин кайк ҷосуси кайкҳост! Шоҳи шабушон фикри дигар вазирашро пурсид. Вазири дигар чунин гуфт: - Бубинед, аълоҳазратам, тамоми бадани кайк абгор аст. Ба ӯ раҳм кунед. Шояд як рӯз он ба мо хизмат кунад. Шоҳи шабушон аз сарлашкараш чӣ кор кардани онро пурсон шуд. Сарлашкар чунин арз кард: - Ҳазратам, бадани кайк пора - пора, мо бояд башафқат бошем ва онро табобат кунем...

Шоҳи шабушон сукут варзиду гуфт: - Эй кайк, ту садоқати худро ба мо чӣ гуна исбот мекунӣ?

Ҳар чӣ фармоед, ба шумо хизмати содиқона мекунам, то ки ба ман бовар кунед. Бинигаред, ман барои садоқати худро собит кардан чӣ кор мекунам.

Он гоҳ кайк ба назди шамъи фурӯзон рафту дасташро ба он дароз карду гуфт: - «Аз рӯзе, ки Худованд тамоми махлуқотро офарид, тамоми олами сағиру кабирро офарид, сайёраву ситорагонро офарид, Моҳ, Офтоб, Коиноти томро офарид, наботу ҷамодро офарид, чи дар замин ва чи дар Осмон, чи дар боло ва чи дар поён - задухӯрд байни тамоми мавҷудоти заминию кайҳонӣ идома дорад, дар ин муддат як дасти кайк сӯхт, аммо кайки ҷонсахт чунон вонамуд намекард. Кайк дасти дуюумашро ба сӯи шамъи фурӯзон бурду гуфт: «Ин дасти дигари ман аст, то ба шумо содиқ бошам». Дасти дуюми кайк ҳам месӯхту месӯхт...

Ба ин ҳолат чун аз баландӣ ба зери баҳр нигаристан аст: мебинӣ, ки баҳр ором аст, агар ба умқи баҳр ба воситаи заррабинҳои қавию дақиқ бингарӣ, мебинӣ, ки рӯи баҳр ором нест, қаъри баҳр ҳам ором нест, дар ҳама ҷо мубориза барои бақост, лек ҳамдигархӯрӣ давом дорад, яъне як моҳӣ моҳии дигарро мехӯрад, наҳанг бошад ҳамаи онҳоро мехӯрад, ба ҳамин тариқ мубориза барои меъдаро пур кардан давом мекунад.

Дар ин ҳолат дасти дуюми кайк низ сӯхта тамом шуд. Кайк пояшро ба болои шамъ дароз карду ҳикояташро давом додан гирифт: яъне, ҷанг байни ҷондорон беохир давом мекунад, як ҷондор ҷондори дигарро тӯъма мекунад, як дарранда даррандаи аз худ заифтарро мехӯраду ҷиғилдонаш аз оташи гуруснагӣ эмин меёбад. Раҳму шафқате нест дар ин ҷангҳои ҳамдигархӯрӣ.

Наҳанги шӯъла пойи кайкро ба худ кашид, фурӯ бурд ва ин пой ҳам шарар гирифт, оташ афрӯхтатар шуду онро ба ғами худ бурд. Ин дафъа кайки нимаҷон пойи охиринашро канду ба оташи шамъ андохт. Ин вазъро дида, яке аз шабушон ба назди шоҳи худ наздик шуду гуфт: «Ба ин кайк раҳму шафқат кунед». Дар дили шоҳи шабушон фариштаи раҳм пайдо шуду хост, ки бигӯяд: Бас! Аммо дар ин ҳолат кайк, - Илтиҷои охирини маро бишнавед, эй шабушони беақлу бефарҳанг -  гуфт.

Ба сухани кайки миранда Моҳ, Офтоб, Муштарӣ, Аторуд, Баҳром гӯш фаро доданду раҳмашон омад, гӯё ин сайёрагони низоми офтобӣ ҳама бо забони нур фиғон мекашиданду аз панҷараи дидагонашон ашки оташин мерехт, ашки сӯзон, пурҳасрат, пурадоват. Ин дам дарахтон ҳам нола cap даданд, паррандаҳо ҳам ба кайк нигариста, гирён шуданд, гулҳои шукуфтарӯ ҳам ашк рехтанд, хуллас, наботу ҷамод ба кайк ҳамдардӣ изҳор карданд.

Гӯӣ тамоми коинот аз ростгӯии он ба андӯҳ буд. Зеро кайки бегуноҳ ба ҳама мардум хонаободӣ мехост, онҳоро барои шинохтани худу Худо донистани рози зиндагонӣ ҳидоят мекард, то ки ҳар кас ба даруни худ нигараду андешад, худро бишносад ва он гоҳ бо андешаи чашмони бино, бо дили пок пиромуни худ нигоҳ кунад, дар баробари парастаҳои муқаддас пурсишҳо намояду посух ёбад. Мардум ҷонварон, гиёҳҳои об, ҳаво, замин, Хуршед, ситорагони фалакро бишносад, тамошо кунаду андешад ва аз роҳи гуфтугӯю ҷустуҷӯ ва сару сомони офариниш пай барад. Бидонад, ки дар паси ин ороишу пироиш, ҷунбишу гардиши коинот доное ҳаст, созмондиҳандаи назми Ҷаҳон аст, яъне Созандаи ҳастӣ ҳаст. Офаридгоре, ки меофарад, мепарварад, меафзояд ва мекоҳонад, яъне аз амали ҳама чиз огоҳ аст, беҳамтост. Сароғоз аст, саранҷом аст, бахшишгар аст, афзоянда аст, пушту паноҳи ҳама ӯст. Ӯ сазовори ситоишу ниёиш аст. Ӯро бо шӯълаи поки эҳсосу идрок бояд дӯст дошту меҳр варзид, меҳр варзидан ба ӯ мушобеҳ шудан аст.

Мавҷуд, яъне инсони офаридашуда дорои сифати илоҳист, зеро Худои меҳрубон ба вай хиради офаранда додааст, то ин ки талош кунад, ба Офаридгор шабеҳ шавад. Пас оини ростӣ дар дурусткорӣ, дар замони дуруст, андозаи дуруст аст.

Ин охирин фарёди кайк буд; фарёди дар дил мондааш буд, ки на танҳо ҳама мавҷудоти заминро, балки тамоми коинотро ба ҳайрат оварда буд. Кайк ҷон медоду пеш аз ҷон додан рӯяш ранги заъфарон мегирифт. Яке аз шабушони беақлу фурӯмоя дар ин вазъи ҷонканӣ ба кайк чунин савол дод: - Бигӯ, эй кайки миранда, чаро рангат парид? Кайк ба шабуши кӯтоҳбину бефаҳм чунин посух дод: - Ба Офтоб нигаред, бехирадҳо! Вақте офтоб ғуруб мекунад, рангаш арғувонӣ мешавад, ман ҳам дар умри кӯтаҳи худ монои як Офтоб будам, ки ба шумо нопӯхтагони хомтабиат ақлу тамиз ёд бидодам, то ки шумо, ҳашараҳои одамхӯр ба олами инсонӣ андак ҳам бошад, наздик шавед, эй лаънаткардаҳои Худо!

Ҳамин тавр ин пои кайк ҳам сӯхта тамом шуд ва дигар қудрати гуфтор надошту зери лаб: - «Ман ҷонамро қурбони ҳақиқат, ростӣ, дурусткорӣ, дурустандешӣ, дурандешӣ кардам, ки на шумо шабушҳо ва на кайкҳо маро фаҳмидед. Эй бедардон! Аз Офтоб ибрат гиред, ки ба олам нури беминнат мепошад, аммо тамаъ надорад. Аз Замин ибрат бигиред, шуморо мехӯронаду мепӯшонад, мисли модар дар канор мекашад ва чун шумо зиндагиро тарк кардед, боз ба оғӯши гармаш ҷой медиҳаду аз шумо чизе тамаъ намекунад. Эй палидони хок! Шумо, гургсифатон арзу марзи моро фосид кардед, шумо фосидгарони ҷаҳонед, ба ҳамдигархӯрӣ хотима диҳед, хирадро пешаи худ созед ва ба ваҳдат гироед» - гӯён ба ҷаҳон видоъ кард. Дар вопасин дами худ кайк бо охирин пояш чашмҳои худро кофту кӯр шуд, то ки дигар ин одаму оламро набинаду нашнавад. Кайк ҷонро ба Ҷаббор супурд. Яъне, кайк ба тамоми башар ибрат нишон дод ва дар ин ҷомеа буданро нораво донист, мурданро ҳазор бор аз зистан авло шумурд. Ӯ дар ин дунё танҳо буд, танҳо омад, танҳо рафт, танҳо панди ростии модарро сомон дод, маргро мардона истиқбол кард, то ки аз ин зиндагии бемаънии инсонҳо наҷот ёбад. Роҳи наҷотро дар марг дид, зеро орзуи кайк ин буд, ки Агар дар ин дунё ман мақоми худро наёфтам, шояд дар он дунё мақоми худро ёбам...

Чун шабушон кайкро тамошо доштанд, ҳама аз ин лаҳзаи хеле муассир гирён шуданд, рӯю мӯй канданд, ашки ҳасрат рехтанд. Он гоҳ ӯро ҳамчун қаҳрамон бардоштанд. Шабушон тобути кайкро бардошта, ба беҳтарин махлуқоти рӯи замин эълон карданду барояш мақбарае сохтанд ва дар рӯи санги гӯраш хоҳишномаи охирини кайкро бо ҳарфҳои заррин сабт карданд:

Зери гардун ҳамдигарро бо меҳру муҳаббат хӯред...

Дар ин дунёи дун ҳамдигарро бо раҳму шафқат кушед...

То, ки ман дигар набинаму нашунавам.

Вақт афзун ба шӯҳрати офоқгири шумо пушти по занад ва шавкати осонёфтаро аз ёдҳо абадан бисутурад...

 ***

  

ФОҶИАИ ГУРГ

 Олам на cap дораду на бар. Каломи ман ҳам на оғоз дораду на анҷом. Пас, чӣ гуна қиссаи дарозамро cap кунам. Ку аввалсухан ва ку охирсухани ман? Дар ин рӯзгор гумкардароҳам, ҳар чи ки навиштам, пароканда, пур аз дарду оҳ, таҳдор, поядор ва соядор. Маъзарат, хонандаи борикбин, ман қаламкаши касбӣ нестам ва ҳар чӣ навиштам, дилномаи ман аст ё мушоҳидоти зиндагии бесарунӯгам.

Бисёр ҷустам ва охируламр сари ҷумлаамро ёфтам, дар ин бесарию бебарӣ? Бале, ёфтам сарашро, зеро бе cap зиндагӣ нест, бе cap, яъне бе мағзи рӯшан коре пеш нараваду мушкиле осон нагардад. Дар cap аст маънии дунё. Cap набошад, ҷисм чӣ гуна кор кунад?

Қиссаи дароз аст монанди Роҳи Каҳкашон ва ибтидояш чунин аст:

Гурге дар ситоразори Фалак зиндагӣ мекарду ҳамеша дастбакор буд. Намеҷӯсту андешаи дароз мекард. Замоне байни ҳамкорон муҷодала кард. Рақибонаш хостанд, ки аз ӯ халос шаванд Роҳи халосиро меҷустанд.

Аҳли ҷамъияти ҷангал ҳар кадом дар дили хеш нисбати ӯ оташаки интиқом мепарвариданд ва фурсат мепоиданд, то ки қасос бигиранд.

Гург ҳам аз амали палангу рӯбоҳу шағол, сагу маймунҳо, калтакалосҳои бедум воқиф буд. Медонист, ки содиқона кор кардан ва ба манофеи аҳли ҷангал корномаҳои наве нишон додан, акнун дигар маъние надошт. Зеро ҳамкорони «содиқ» навпардозӣ кардани гурги пирро дигар чашми дидан надоштанд ва чун ӯро медиданд, аз хашм гӯё дандон мехоиданд, аз каломи онҳо заҳр мерехт. Аммо гург илоҷи дигар надошт, ночор зиндагӣ мекард ва ҳар рӯзро зинда ба зинда гӯё мегӯронид. Тобути рӯзҳои мурдаи ӯ сол аз сол зиёд мешуд. Вале ку тобутбардор?...

Солиён гург гӯшанишинӣ кард, хомӯш монд, аммо хомӯшӣ ҳам, «тилло» нашуд. Аз худ суол мекард: Худоё! Чӣ гунаҳ дорам? Дурӯғ нагуфтам, тӯхмат набофтам, ғайбат накардам, саҳнаи муқаддаси коргоҳро дар ҷангалистони вуҳуш фосид нагардондам, содиқона кор кардам. Вале аз чӣ ба сарвари говҷигари ҷангалӣ писанд нашудам. Чаро? Барои ин ки дурӯягӣ накардам, назди ӯ хушомад нагуфтам, сиёҳро сафед нагуфтаву чоплусӣ накардам. Ва ҳарчи дар дил доштам, ба худаш рӯ ба рӯ гуфтам...

Рӯзҳо мегузаштанд, дарди дили гург хеле зиёд шуда, ӯро ноором мекард, намедонист, ки чӣ тадбире андешад.

Паланг, рӯбоҳ ва шағол, сагу маймунҳо, калтакалосҳои бедум ин аҳволи гургро дида, дарун - дарун гӯшт мегирифтанд, хурсандияшон то ба авҷи фалак мерасид. Зоғу заған, каргасу аккаҳо, маймуну морҳо ҳам ба ҳоли гурги ғариб ханда мезаданд. Дар ҷаласаҳои васеи хеш ба ӯ тӯҳмат мезаданд, сояашро аз девори замон метарошиданд. Гург аз ин амали ҳамкорон воқиф буд. Чун бо эшон рӯ ба рӯ мешуд, ҳама ба ӯ теғ кашида, назар мекарданд. Ин ҳолат ба ӯ хеле таъсир мекард, аммо дигар илоҷ надошт, хомӯш дергоҳ назди ин қавми манфур менишаст. Сигор дармегиронду дуди ҳасрат аз сина берун мекард: дуди ғам, дуди танҳоӣ, дуди маъюсӣ ва дуди ночорӣ...

Гурги пир хаёлан мегуфт: як рӯз ин «донишмандони маҷлис» ба қадри меҳнатам мерасанд...

Солҳо мегузаштанд, мӯйҳои сари гург аз ғам сафед мешуданд. Панҷаи ожангҳо ба пешонаю рӯяш хат мекашид, чашмонаш хира мешуданд, хотирааш ҳам кунд мешуд. Фасли пирӣ расида буд. Боғи орзуҳояш дар оташи хазон дармегирифт, тирамоҳи пирӣ дар вуҷуди ӯ фаро расида буд. Тирамоҳе, ки хеле асрорангез аст, тирамоҳе, ки обҳо хеле рӯшан шудаанд: соф, булӯрин, пок ва муқаддас. Лек чй илоҷ?...

Рӯзе аҳли ҷангал гирд омаданду масъалаи аз кор рафтани гурги пирро гузоштанд. Сарвар гурги пирро назди худ хонд ва ба шуъбаи мутахассисин фармон дод: ҳар чи тезтар ҳуҷҷати гурги пирро ба нафақа омода кунед. Ӯро ба истироҳати абадӣ ҳидоят кунем. Бале, ба нафақа гусел кардан худ рамзи корношоямист ва рамзи ҳалолист. Ҳамин тавр ба дасти гурги пир ҳуҷҷати нафақаашро доданд. Ӯ нафақаномаро гирифту бо сари пур аз хаёл ба ҷангалаш, ба лонааш баргашт.

Зиндагии якрангу бенизом ӯро ба танг овард. Дар чунин ҳолат завҷааш низ ӯро нороҳат мекард, аз нарасидани маводи зиндагӣ ҳар гоҳ ба ӯ дармеафтод, хархаша мекард. Як шаҳр аз ғавғои зан ба ҳайрат афтода буд. Гурги пир намедонист, ки аз ин фоҷиаи зиндагӣ чӣ гуна раҳо шавад? Ба сараш хаёли худкушӣ меомад

Боре гурги пир лонаашро тарк карда, ба биёбон рафт. Хост ба касби бобоӣ шуғл варзад, яъне луқмаашро миёни авлодаш биёбад. Вале ғаризаи гургиашро кайҳо фаромӯш карда буд. Зеро барои гург будан, дар байни гургон будан ҳатмӣ буд. Вай дигар чорпо шуда наметавонист. Дар андеша буд. Ба ёдаш омад, дар китобе хонда буд, ки инсонро меҳнат инсон кардааст. Ин андешаро ӯ худ ба худ рад кард. Не инсонро меҳнат инсон накардааст. Не сад бор не! Инсонро меъдааш аз ҳайвони чорпоя ба ҳайвони дупоя табдил додааст. Вай тавонист тавассути шуур пеш равад, дандонашро ба шустан одат кунонад, дар рӯйи ҷои тозаву озода хоб карданро ёд гирифт, бо қошуқи оҳанин, нуқрагин ва тиллоӣ авқот хӯрданро писандид.

Ман ҳам гумон кардам, ки бо ин амал аз асри худ пеш рафтаам. Хостам монанди хаёлпарастон зиндагии зеботар барам. Чунон ки Достоевский фармуда буд: «Зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад!»...

Ман аз байни ҳамватанонам тарки ватан кардам, ба назди ҳамнавъони худ ба ҷангалистон омадам, ки онҳо аз гург дида ҳазорон бор ваҳшитар буданд. Гумон кардам, ки мардумро аз ҷаҳолат раҳо медиҳам. Дареғ, ки ин хаёли хом будааст. Бозгаштам ба назди ҳамнавъонам...

Гургон баъди маҷлиси навбатӣ мубодилаи афкор карданд. Яке аз гургон иброз кард: Ӯ ба гург монанд нест! Хуллас, гургон ӯро аз сафи хеш хориҷ карданд. Ҳамин тавр, ӯ ба саҳро равон шуд. Қувваи ҷисмониаш кам шуда, дандонҳояш рехтаву кам монда буданд. Гуруснагӣ ӯро фишор медод.

Рӯзе дар паси талҳо аспи пири ба нафақа баромадаро дид. Гург шукр гӯён ба назди аспи пир рафт: - Чӣ кораӣ?

Аспи пир як - як корномаи худро ба гурги пир нақл кард ва дар охир оҳе кашиду шикоят аз носипосии соҳибаш нақл намуд. Вақте ӯро ба дасти қассоб медиҳанд, қассоб аспи пиру лоғарро қабул накард. Аспро ба пуштаҳо cap доданд... Гург чун саргузашти аспи пирро шунид, гуфт: - Қисмат ҳамин будааст! Акнун омода бош, туро, эй аспи пир, мехӯрам!

Аспи пир посух дод: Маро хӯрдан мумкин нест, варақаи корношоямй дорам. Гург бовар накарда пурсид: «Канӣ, варақаи корношоямиатро ба ман нишон деҳ! Ту онро аз кадом бемористони ин марз гирифтӣ? Асп гуфт: - Аз қафо гузар, зери сумамро хам шуда бин!

Гург ба паси аспи пир гузашт. Аспи пири зирак бо ду пои қафо чунон ба фуки гург зад, ки он дур афтоду муддате беҳуш дароз кашид. Асп як ба ӯ нигариста, аз назди гурги ғелида дур шуд. Андешамандона ба худ мегуфт: - «Шояд ин лагади ман ба ӯ дарси ҳаёт шавад!»

Муддате гузашт, гург ба худ омад, аз ҷояш хесту нишаст, уллоси гургона кашида, ба осмон нигарист: Дунё аҷиб сохта шудааст. Оё ин Осмон канор дорад ё не? Ман аз куҷоям? Ба куҷо меравам? Оғоз чист? Фарҷом чист? Зиндагӣ чист? Марг чист? Баъди андешаронӣ маҳзуну уллоскунон ба гиря cap кард ва дили худро андак сабук гардонд. Чунин ба назар мерасид, ки ашки чашмонашро зиндагии сахти дунё кайҳо хушк кардааст. Аз чашмони ӯ ашк не, гӯё оташ мерехт, оташи сӯзон... Гург танҳоии пурдаҳшатро ҳис кард.

Имрӯз дар саҳрои беканори зиндагӣ танҳоӣ ӯро думболагирӣ мекард. Ҳарчанд мекӯшид, аз ин ваҳшати танҳоӣ раҳо шавад, наметавонист.

Роҳи биёбон гирифт. Дар роҳ хаёлоти давраҳои гуногуни зиндагиаш аз сараш дур намерафтанд. Роҳ мепаймуду аз озод будани худ шукр мегуфт. Ӯро дар ин дунё касе намефаҳмид. Шояд як замоне аз ҷаҳони ӯ насли дигар воқиф шавад: насли хаёлӣ не, насле, ки офаранда аст, хирадманд аст, корномаашро возеҳтар идрок мекунад...

Хаёлоти гург заминӣ мешуд. Эҳсоси гуруснагӣ ӯро маҷбур месохт, ки чизеро биёбаду тӯъма кунад. Аз ин рӯ, ба хулосае омад, ки акнун чизеро, ки пайдо кунад, ин дафъа на салом мекунад ва на варақи корношоямӣ мепурсад, яку якбора ба коми аждари нафс фурӯ мебарад.

Ин дам овози баррачаеро шунид. Аз олами хаёлот худро раҳо кард. Ба худ гуфт: акнун луқмаамро ёфтам. Дигар ҳеҷ гоҳ гузашт намекунам. Ҳеҷ гоҳ!

Ба сӯи баррача рафту ба ӯ наздик шуд Барррачаи маҳмаддоно, ки ба калонсолон гӯш накарда, канорҷӯӣ намуд. Рӯзи аввали танҳоияш дучори гург шуд. Гург хост баррачаро хӯрад. Баррача гуфт: - Ҳазратам, ман медонам, ки ту гуруснаӣ ва мехоҳӣ, ки маро хӯрӣ, ман розиам, лек ман бобою бибиҳоямро беҳад дӯст медорам. Иҷозат диҳед, ки бо онҳо як хайрхуш кунам. Баъд маро бихӯред!

Раҳми гурги пир омад - хайр рав, хайрхуш кун ва тез баргард, - гуфт.

- Бале, ҳазратам!

Ва гургу баррача ба сӯи рама ҳаракат карданд. Гург дар хаёли он буд, ки аз куҷои баррача биканаду бихӯрад. Баррача дар хаёли он буд, ки тезтар ба назди ақрабояш бираваду аз марг раҳоӣ ёбад. Гургу баррача хеле роҳ паймуданд. Он гоҳ гург ба хашм омаду гуфт: - Лаънатӣ, кай ба назди волидонат мерасӣ? Баррача дағалии гургро дида, ҳуш аз сараш парид. Ҳозир ҳазрати гург! Ҳу, ана он буттаро дидед?

Ин лаҳза сагҳои даҳмарда гургро диданду ба сӯяш ҳамла карданд. Гург, ки ин ҳолатро мунтазир набуд, худро мазаммат кард: Ман дар дунё аҳмақтарин ҷондори рӯи замин будаам, ки ҳамон шаттаҳои аспи пир сабақам нашуданд. Гург чӣ қадаре, ки қувват дошт, мегурехт. Яке аз сагҳо дид, ки ин гург хеле пир аст, ба сагҳои дигар гуфт: - Биёед, дигар аз паси он надавем, зеро гург пир аст, ба аҷали худаш рӯзе мемирад.

Ҳамин тавр, сагҳо ба рама баргаштанд. Гурги пир як оҳи сабук кашиду чунин хулоса кард: Аз байни гургони чорпоя гурехтам, назди гургони дупоя рафтам, гӯё аз барф гурехта ба борон афтодам...

Зиндагӣ дарси ҳаёт аст, як саҳнаи озмоиш аст, як саҳнаи панду ҳикмат аст. Он ки аз ҳикмату таҷрибаи рӯзгор баҳра наёфт, ба мушкилоти сахт рӯёру шавад, лутки зиндагӣ бар душаш занад.

Гурги пир аз таҷрибаҳои рӯзгор баҳра нагирифт. Имрӯз аз нофармонии хеш ашки ҳасрат мерезад, дар танҳоӣ...

 ***

Мӯре барои рӯзгораш дон ҷамъ меовард. Балки барои ором намудани меъдааш заҳмат мекашид. Ҳамин вақт аз болои сараш мӯре дигар, мӯре болдор парвоз кард. Шитоб дошт, ки ба мӯри заминӣ ҳеҷ нигоҳе накард. Мӯри заминӣ инро дид ва оҳе сард аз дили пурдард кашиду гуфт: - «Илоҳо болу парҳоят бишкананду бар замин афтӣ ва бидонӣ, ки мо чӣ заҳмате дорем».

Оҳ, агар инро он мӯр мешунид, дар ҷавоб дуо мекард, ки ту эй мӯри заминӣ, мехоҳам осмонӣ бишавӣ, соҳиби бол бигардӣ, то оламро бубинӣ, бифаҳмӣ ва аз дунёи бухлат раҳо биёбӣ. Не, ӯ нашунид ва рафт. Инро танҳо як кирми лойхӯрак шунид. Шуниду ба андеша рафт. Ба андеша рафту ғамгин гардид, ки як мӯре ба мӯри дигар, ба мӯре бузургтар чунин дуои бад мекунад. Зери лаб ба худ гуфт: «Оҳ, афсӯс аз ҷинси мо касе болу пар надорад, то мо бар ӯ офарин бихонем ва аз парвозаш лаззат бубарем.

Пас аз ин кирми лойхӯрак ба кори худ идома дод. Нахост ин ҳарфро ба касе бигӯяд. Ва ҳам шукр кард, ки онро фақат худаш шунидааст.

*** 

ҚУРБОҚҚА БОТЛОҚ МЕХОСТ

 Қурбоққае дар ботлоқзор бо ҳамҷинсҳояш хушҳолона зиндагӣ ба cap мебурд, роҳгузаре хост, ки ӯро аз он ҷо бигираду барояш шароити «шоҳона» муҳайё кунад.

Ҳарчанд барои вай тамоми шароитҳо муҳайё кард, вале қурбоққа аз он розӣ набуд. Ҳамеша ғамгин менамуд. Вале соҳибаш ба ҷои дарки ҳақиқати воқеӣ тааҷҷуб мекард: - Чаро ӯ аз чунин зиндагӣ норозист, - меандешид ӯ, чӣ мехоста бошад ин ҷонварак?!

Охируламр баъди мушоҳидаҳои зиёде соҳибаш ба хулосае омад, ки қурбоққа дар орзӯи ҳамҷинсону ботлоқ будааст...

Рӯзе аз рӯзҳо ба сари соҳиби муваққатии қурбоққа фикре омад: Эҳтимол, қурбоққа чизе мехоҳад бигӯяд, вале ҳазорҳо афсӯс, ки одам забони қурбоққаро намефаҳмад. Мегӯянд, ки гӯё дар замонҳои қадим одамизод ва ҳайвонҳо ҳамдигарро мефаҳмиданд. Гӯё, ки забон як буд. Аммо дар натиҷаи инкишофи босуръати сайёра оҳиста - оҳиста дар байни ҳайвону одамон ҷудоӣ ба вуҷуд омаду онҳо забони ҳамдигарро намефаҳмидагӣ шуданд. Мақсад? Мақсад, ҳамин ки ба қурбоққа шароити шоҳона ва биҳиштиат лозим нест. Ягона хоҳишу орзуяш ҳамин, ки дар ботлоқ бошад. Ӯ бадбӯй аст, ӯ чиркин аст, ӯ дар ботлоқ байни қурбоққаҳо будан мехоҳад. Ва он шахси соддаи мушоҳидакор рӯзе аз рӯзҳо ба чунин хулосае омад, ки бигузор орзуи қурбоққа иҷро бишавад. Соҳиби қурбоққа медонист, ки ин дунё, роҳҳои зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба некиат бо некӣ ҷавоб намедиҳанд. Баъди андешаҳои зиёд, соҳиби қурбоққа ба осмон нигаристу худ гуфт: Ту на дар заминат ва на дар осмонат ҳақиқат надорӣ. Ва қурбоққаро гирифту ба сӯи ботлоқзор равон шуд.

Дар роҳ қурбоққа ҳаросон буду фикр мекард: - «Маро боз ба куҷо бурданист? Боз ба ягон ҷои аз ин бадтару нороҳаттар набарад?»

Ӯ дар ёду хаёли ботлоқзор буд. Соҳиби қурбоққа, ки шахсе олим буду то ҳол дарк накарда, ки ҷои қурбоққа ботлоқзор ва байни ҳамҷинсон аст, ниҳоят фаҳмид, ки қурбоққаро боз ба ботлоқзор бурдан лозим. Бигузор дар байни қурбоққаҳо бошад. Ва ин марди соддаи мушоҳидакор қурбоққаро ба ботлоқзор бурда, cap дод. Қурбоққа хамҷинсҳояшро дида, бениҳоят шод шуд. Шодии қурбоққа ҳадду канор надошт. Эй одамон, як чизро аз ёд набароред, ки ҷои қурбоққа дар ботлоқзор аст. Вай дар ҳеҷ куҷо худро чун онҷо бароҳат ҳис намекунад. Ҳарчанд ботлоқ ҷойи бадбӯй, чиркин аст, вале барои қурбоққа ин биҳишти ӯст. Ӯ дар онҷо истироҳат мекунад. Мехоҳӣ ту, намехоҳӣ ту, аз ту инро ҳеҷ кас намепурсад. Қурбоққа ботлоқ мехоҳад. Вале қурбоққаи камақлу нодурандеш як чизро фаромӯш кард, ки дар ботлоқзор ба ҷуз қурбоққаҳо боз морҳо, ҳар гуна кирму ҳашаротҳо ва паррандаҳое, ки хӯрокашон фақат қурбоққа аст, мавҷуданд. Ва рӯзе аз рӯзҳо қурбоққа бо чашми худ чӣ гуна қурбоққаеро фурӯ бурдани мореро дид. Ҳамчунин дид, ки чӣ гуна лаклаке ҳамсари нави ӯро, ки шумораашонро гум карда буд, фурӯ бурд. Пас аз ин, вай гоҳ - гоҳе он соҳиби содаашро ба ёд меовард. Шояд мехост ба назди ӯ баргардад, бахшиш пурсад, вале аллакай дер шуда буд. Соҳибаш дигар он қурбоққаи кӯрнамакро надид. Хонандаи азиз, ман, фалсафаи амиқро ба қалам додам... Худат ёбу бигир!

 

9 июли соли 1999.

 

 ***

КУ АВВАЛУ КУ ОХИР?

 

Чашм нобино шавад, торикии вуҷуд бифизояд. Аммо ин пандҳоро аз ёд мабару магӯй:

Душманонро дидам.

Ғам хӯрдам.

Ҳасад бурдам.

Нодор шудам.

Ноилоҷ мондам.

Рӯшании чашмро эҳтиёт кун. Покии чашм покии дил аст.

Зеро: пок будан, озод будан, ба об нигоҳ кардан, чаманро дидан, рӯи хушро тамошо кардан, саломи хуб шунидан, чашм ба худ дӯхтан, рӯшаниро муқаддас шумурдан.

***

Кам хоб рав. Кам гӯй. Кам бихӯр. Сухан гуфтан мушобеҳи замин шудгор кардан аст ва дар арзҳои он дона коштан аст. Чун донаи сухан коштӣ, сабз шавад ва ба бор ояд. Гандум корӣ, гандум даравӣ, ҷав корӣ, ҷав даравӣ. Аъмоли сухангӯ сухани ӯст.

***

Baқтe ки дар назди бузургон нишастӣ, тавозӯъ пеша кун. Беҳуда наханд. Шарму ҳаё зинати инсон аст.

Инсонҳо ҳархелаанд: кӯҳпайкар, қавиҷигар, қавиирода, нотавон. Дар ҳар инсон нуқсест. Куҳпайкарон говҷигаранд, кӯтаҳқоматон ҳиллагаранд. Дар дунё инсони бенуқс нест.

***

Он ки лабаш борик аст, одами маккор аст.

***

Марг ҳам зебоист, олитарин марг марги зебоист.

***

Чун ёванависӣ кардӣ, аз дарди ёванависӣ бимирӣ!

***

Бикӯш, ки аз ҳарзанависӣ наҷот ёбӣ. Чун аз он вораҳидӣ, ба тори фанои ҳарзанависӣ афтӣ ва дигар ҳеҷ ба наҷот нарасӣ.

***

Пои қалам, ки шикаст, ба худ гӯй: пои хирад шикаст.

***

Шикастадил мабош.

***

Аз нависандаю шоирон ва файласуфон як хоҳиш дорам: эй доноёни роз, аввалан узри бепоён ба Шумо, зеро аз Шумо хоҳиш дорам, ки дигар шеър, наср ва фалсафа иншо накунед. Илтимос, эй доноён! Зеро шумо сари наслҳои ояндаро бо сафсатаҳои нодаркор моломол месозед. Чунки насли ман, моро он қадар гумроҳ кард, ки ин ҳазён бароям то қиёмат басанда аст. Ишон мағзамро заҳроба заданд, ки дар замин ва коинот дигар ҷои истодан нест. Афсӯс, ҷодугарони ақл, эй соҳирони башар. Эй устод! Ман ҳам муддате ба касби заҳрхора шуғл варзидам ва дидам, ки ҳамаи дупоёну чорпоён ба навиштани шеър, наср ва фалсафа пардохтанд. Чӣ илоҷ? Мани сода ҳам тақлиди онон кардам ва чун қурбоққаву уштурон ба пои хеш наъл задам. Ҳайфо, ман ҳам пайрави қурбоққаву уштурон шудам...

Аз овони тифлиам чун чашмонамро мислу сагбачаю гурбачаи навзод во кардам, аз он рӯзе, ки каме оқил шудам, ноҳақӣ, нотавонӣ, бахилӣ, ғайбат, дурӯягӣ, шайтонӣ, ҳамдигаркушӣ, бад кардани якдигарро дидам, табассум дар лабонам абадуддаҳр нест шуд. Бисёриҳо аз ман мепурсанд: - «Чаро шумо доимо ғамгинед? Ман ба онҳо чунин посух медиҳам: - Инсонҳои дигар ба ғам гирифтор бошанд, ман наметавонам шод бошам. Зеро ғами омма, ғами ман аст. Аз афташ, ғам охир надоштааст. Аз рӯзи таваллуд то нафаси вопасин. Нест бод ғам, зинда бод табассум!

Аз замонҳои қадим камбағал беқадр буд, то ҳозир: ӯро на ғамаш қадр дошту на шодмонӣ, на гуфтору на кирдораш. Зеро чун камбағал шудӣ, аз ту ҳама рӯй мегардонанд! Ҳатто сагу пишак, гов, хару харгӯш ва мурғҳоят ҳам аз ту безор мешаванд ва туро тарк мекунанд.

Ҳама ба ту аз кафшу сару либосат нигоҳ карда, муомила мекунанд. Сулфаи камбағал, рафтору кирдор ва шишту хезаш дигар аст. Ӯ ҳатто пурра нафас гирифта наметавонад. Чунки зиндагии қашоққона қомати ӯро хам кардааст. Нигоҳи марди камбағалро бинед, аз нигоҳаш пай мебаред, ки дар чашмони ӯ нодорӣ сабт шудааст. Ба насли оянда як хоҳише дорам: фарзандҳоятонро камбағал намонед, кӯшиш ба харҷ диҳед, то кам бошад ҳам, ба онҳо меросе бимонед, то ба шумо лаънат нахонанд. Бобо камбағал, набера камбағал. Чӣ бояд кард? Худат ҳам каме кӯшиш бикун, ки аз камбағалӣ раҳо ёбӣ. Хуллас, нест бод камбағалӣ, зинда бод дорандагӣ! Барои доро шудан аз овони ҷавонӣ кӯшиш кардан лозим. Инсон дар тапишу талоши зиндагӣ ҷон мекоҳонад ва луқмаи нони меҳнатии худро пайдо мекунад. Пас, зиҳӣ инсони ҷӯянда ва ризқу рӯзиёбанда!

 

13 ноябри соли 1998.

*** 

ДАРОЗРО КУТОҲ, БИГУЙ,

КУТОҲРО ДАРОЗ БИГУЙ

 

Танҳоям ва аз дурии роҳ сахт метарсам. Бе дӯст, бе рафиқ ба роҳ баромадан душвор аст.

***

Сарватманд аз фиреби бебизоатон анча ё зиёдтар аз он бо роҳи фиреб сарват ба даст оварад, аз шодии бепоён қабат - қабат гӯшт мегирад ва ҳам лаззат мебарад. Балки рӯшантар бигӯям, гӯшти ӯро бо иштиҳои бузург мехӯрад. Инро ман дидаму эҳсос низ мекунам, зеро дигар гӯшти баданам намондааст.

***

Мегӯянд, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Агар соҳиби бор боақл, бозаковату боидрок бошад, он борро аз аввал дуруст мениҳад.

***

Зиндагӣ паҳлӯҳои бешумору рангҳои беҳисоб дорад, ки онҳоро бояд омӯхт ва ба дигарон бояд омӯзонд.

***

Саросар агар ҷаҳонро бигардӣ, заррае дар он ҳақиқат намеёбӣ.

***

Ин дунё аз нопокӣ ва бевиҷдонӣ сохта шудааст ва ободиаш ҳам ба ҳамин ду чиз вобаста аст.

***

Агар аз саҳар то шом дунёро бигардӣ, балки аз аввал то ба охири умрат бигардӣ, инсони комилу покеро дар он намеёбӣ.

***

Инсон чист? Балки кист? Чӣ маъни дорад? Ва чаро ӯро Худо офаридааст. Пеш аз ҳама, ӯ як мушти хок аст. Худованд ӯро офарида то дар рӯи ин замини муқаддас бошаду онро пок нигоҳ бидорад. Пас ин ҳама фисқу фуҷур ба ҳукми кӣ ва аз баҳри чист?

***

Худованд боре дунёро ба оби азоб гирифтор кард. Оё аз он замон то ба имрӯз инсонӣ беҳ шуд?

***

Бою камбағал чун наҳанг ба моҳича менигаранд. Агар он лаҳза онон серу қаноатманд аз дороии худ бошанд, хайр аст, агар гурусна бошанд, чорае ҷуз фурӯ бурдан намедонанд.

***

Дорову нодор, низоъ ва ниҳоят шӯриш, - ҳамин аст оқибати кори дунё!

Бехирад зинсавор асту хирадманд зинбапушт.

Дурӯғ болои дурӯғ.

Ноҳақӣ болои ноҳақӣ.

Ба танҳоӣ на ҳар кас тоб меоварад.

***

Роҳи наҷот ваҳдат аст! Танҳо ба ин роҳ мебояд рафт.

***

Мо ҳама зери бори дурӯғ мондаем.

***

Ғизо ҷисмро қувват мебахшад, руҳро чӣ?

***

Душмани аз ҳама бадтари инсоният бефарҳангист, на золиме, ки бар ӯ ҳар лаҳза зулмро раво мебинад.

***

Инсон ба воситаи тафаккур, метавонад худро кашф бикунад. Вале на то ба охир.

***

Аз он ки бевафоӣ, вафоро интизор мабош, ки он худ бевафоии дигарест нисбати худ.

***

Худро ба орзуҳои хеш тасалло медиҳем.

***

Саги пир ҳам гаҳ - гоҳ бо овози хаставу гирифта фарёд мекунад. Ӯ бо ин мехоҳад бигӯяд: - Бубинед, маро бубинед, бо он ки пирам, ҳанӯз вуҷуд дорам, зиндаам, зиндагй мекунам.

***

Ман кистам, аз куҷоям ва ба куҷо равонам.

***

Ман дар роҳи худам ва аз он намебароям.

***

Аз зери офтоби пурнур ба зери замини торик раҳсипорем.

***

Бисёр суханҳо агарчи талх аст, вале ҳақиқат аст. Ба ҳақиқат рӯ биёр.

***

Дору талх аст, вале самари ширин меорад, ки он сиҳатии инсон аст.

***

Ҳақиқат на ҳама вақт талх аст. Гоҳо ширин низ мебошад.

***

Касе, ки намедонад ва дар паи донистан нест, ҳамеша дар истироҳат аст.

***

Дониш аз дониш фарқ дорад.

 

13 ноябри соли 1998.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter