Ё войи фарҳанги миллат!
04.05.2023. Ахиран хабар расид, ки иштирокдорони озмуни «Парасту» бар зидди ҳакамон барои ноадолатӣ эътироз баён карданду кор то ба милиса расид...
... Саросема нашавед, кӯлобиҳо чун анъана хаппу хомӯш ноадолатиро қурт кардаву бо сари хам баромада рафтанд, то баъд 100 гиромӣ зада, назди хон худро Шери Жаён тарошидаЮ паст-пастак эътироз кунанд. Ва ҳамингуна 30 сол шуд мекунанд ва 30 сол шуд ҳакамон ин тарсуии артистони кӯлобиро дониста, ба ишон ҷоиза намедиҳанд...
Аншлаг дар театри тоҷик
03.05.2023. Дар бораи намоишномаи «Катан» сару садоҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияву сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд буд, бинобар ҳамин мо барои ба дарозо нарафтани сухан аз таърихи эҷоди он чизе намегӯем. Фақат ҳаминро ба гуфтаҳои расонаҳо илова мекунем, ки намоишномаи «Катан» кори тамоми умр барои 3 абармарди миллат, 3 ситораи саҳнаи театрии тоҷик – коргардон ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Мирзоватан Миров, ҳунарманди шоиста ва пуровоза Худойназар Тилавов ва ҳунарманде, ки ҳанӯз солҳои 80 арбобони театрӣ ҳунари ӯро қадр карда буданд - Мирзо Раҳмонов буд. 3 ситорае, ки дар зиндагӣ барои истеъдоди модарзод ва осмониашон ба ҷуз муҳаббати мардум, яъне тамошобин сарвати дигаре наёфтаанд. Барои сарват бояд ба пойтахт мерафтанд, зеро музофотро касе дидан намехоҳад.
Воқеан, ҳунармандони театри Кӯлоб намоишномаи хеле заҳматталаб ва тамошобобе рӯйи саҳна оварданд. Бубинем, ки ин намоишнома ба мардум чӣ дод: - Аввал ин ки худи асар паҳлӯи торики таърихи бостони миллатро рушан карда, дар бораи қаҳрамони мулки Тахористон (Кӯлоби имрӯза ва Хатлон) - Катан маълумот медод. Қаҳрамоне, ки Кратер барин сарлашкари тавонои Александри хунхори ғосибро ба зону нишонд. Дар бораи ин қаҳрамони мо ҳатто таърихнигорони душмани миллати мо - юнониҳо, бо ифтихори арзанда сухан гуфтаанд. Аммо худи мо ин гуна қаҳрамонамонро чашми дидан надоштему надорем. Ростӣ сабабашро наёфтам.
- Намоишнома пур аз ҳубби Ватан буду фидокорӣ ва шарафу номус. Суханони қаҳрамони асар Катан: «Кист, ки ба ивази хуни худу фарзандонаш ватанро пояндози душман бисозад?» ҷовидонаанд.
Муҳимтар аз ин, театри Ҷавонон лабрези одам шуд. Коре, ки шояд дар 30 соли ахир кам иттифоқ уфтода бошад!
Парасту ва ҷавонон
Баъди тамошои намоиши «Катан» дар кӯча 3 нафар ҷавон давида сари роҳамро гирифтанду гуфтанд:
«Ака, ин спектакл ранги киноаст. Ихелӣ боша мо ҳар рӯз театр меоем. Катана дида мехоҳӣ ҳозир ҷанг шаваду барои ватан бо душман ҷангида ҷон бидиҳӣ!»
03.05.2023. Рӯзи намоиш барои иштирок дар озмуни «Парасту» дар театри Ҷавонон бори аввал дидам, ки дар толор барои тамошобинон ҷой нарасид. Масъуле давида омада, пареншонҳол гуфт:
«Ҳозир намояндагони Вазорати фарҳанг бо сарварии вазир меоянду ҷой нест!!!»
Банда барои осон кардани кор аз чанд ҷавоне, ки наздиктар ба ман менишастанд пурсидам:
-Бачаҳо, шуморо ку маҷбур ба театр оварданд, намешавад, ки биравед пайи кори худу ҷойро холӣ кунед?»
Ҷавонон хеле ошуфта шуда гуфтанд:
«Чӣ мегуӣ, мужик, мо савдогарем, дуконҳоро баста омадем, ки «Катан»-ро тамошо кунем»
Хулоса, гап бисёру кор бисёр. Чанд маротибе, ки намоишнома дар театри ба номи Вализодаи шаҳри Кӯлоб рафт, толор пур буд. 3 маротиба инро худам бо чашми сар дидам. Касеро маҷбур накарданд.
Дар оғоз дастандаркорон тасмим гирифта буданд, тавре намоишро ба саҳна гузоранд, ки тамошобин худ ба тамошо биёяд. Гумонам, ба мақсад расиданд! Бачаҳо тавонистанд.
Падидае, ки ҷуз ҳакамон ҳама диданд!!!
Ба ақидаи мо намоишро ба ҷуз ҳакамон, ки шояд хеле барвақттар аз оғоз шудани озмун ҷоизаҳоро тақсим карда буданд, дигар ҳама тамошо карда бо ҳузур, зангҳои телефонӣ ва паёмакҳои худ қадр карданд. Он ҳам шояд ба хотири бедор сохтани ҳисси ватандӯстии он дар ниҳоди мардум.
Албатта, ҳакамон назари мардумро ба инобат нагирифта наметавонистанд. Ва шояд хеле майна об карда, роҳашро ёфтанд - ба театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи Кӯлоб дар озмуни «Парасту» беҳтарин мақом дода шавад!
-«Беҳтарин асари таърихӣ!!!»
Дигар ёбу гир. Танҳо ба саволе посух бояд биҷӯянд: модоме, ки беҳтарин асари таърихӣ бошад чаро дар чаҳорчӯби ҷоизаҳои расмӣ нагунҷид?
Ин ҷо мехоҳам эроди 1 тамошобини донишмандро бикорам, ки дар ФБ навишт:
- «Беҳтарин асари таърихӣ!!!»... Ин унвони ба театри Кулоб дода, тарошае аз бом аст. Пурсида мешавад, чанд асари таърихӣ буд дар ин Парасту? Ҳамагӣ 1-то ва он ҳам Катан. Зимнан 1 асари таърихӣ наметавонад бадтарину беҳтарин буда бошад! Дигар асарҳо таърихӣ на, ки адабӣ буданд!!!
Биёед аз халқ пурсем
Пешниҳод, биоед намоишномаҳои ҷоизагирифтаро якҷо бо «Катан» дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш диҳем ва мардум тавассути паёмакҳои худ онҳоро баҳогузорӣ кунанд, бубинем, ки кадом намоиш арзанда аст. Инҷо ҳақ ба ҷониби журналисти шинохтаи ҷумҳурӣ Сайёфи Мизроб аст, ки баъди тамошои намоиш ҳанӯз дар қайди таассурот мегуфт:
-Баъди ин намоиш, агар Вазорати фарҳанг ба Худойназар Тилавов унвони «Ҳунарманди халқӣ» ва ба Сафархон Бадалов- иҷрокунандаи нақши Катан, унвони «Ҳунарманди шоиста» надиҳад, пас месазад, ки вазоратро вазорати фарҳанги шаҳри Душанбе эълон кард, на аз сартосари ҷумҳурӣ, чун музофотро дидан намехоҳад.
04.05.2023. Бо ин ҳама, ҳамин шаб, баъди ҷамъбасти озмун, камаш 30 нафар занг зада, моро табрик карданд, ки шоҳҷоизаи аслӣ- муҳаббати тамошобин буд, ки шумо сазовори он гаштед.
Қиёмате, ки тамошобин баъди намоиши «Катан» дар театри Ҷавонон барпо кард, шоҳиди ин гуфтаҳоянд. Мо Метавонем!
Аҳмади Иброҳим,
муаллифи романи таърихии «Катан»