ХАБАРИ ДОҒ

Тоқии тоҷикӣ – зеби сар!!!

  • Чоршанбе, Июн 07 2023

 

Салом СССР-и азиз! Мавлудахола худ зодаи Исфараи бостонӣ буда, ба синни мубораки 70 қадам ниҳодаанд. Мавсуф дар шаҳри Исфара ва дар умум дар вилояти Суғд дар тоқидӯзӣ ҳамчун ҳунарманди асил ном баровардаанд.

Мавлуда Муҳиддинова аз синни мактабхонӣ ба тоқидӯзӣ машғул аст, модари мавсуф, ки бонуи рус Галина Александрова буданд, аз ин шуғли духтараш меболид. Модару духтар якҷоя тоқии ироқӣ медӯхтанд.

Ҳоло бошад Мавлудахон тоқиҳои «чуре»-и мардона, барои духтарон – тоқиҳои қаламфургул, қӯқандӣ ва ғайраҳоро медӯзад. Ба ҳар дӯхтани тоқӣ Мавлудахон аҳамияти хосае медиҳад. Тоқиҳои дӯхтаи Мавлудахон ҳамеша дастраси мардум мегарданд. Дар ҳамаи ҷашну чорабиниҳои миллиамон тоқиҳои дӯхтаи ин бону дар сари ҷавонписарону духтарон, бонувон ва пирони барнодил дида мешавад.

Мавлудахон ҳамроҳи шогирдонаш Шоира ва Фотимахон имрӯзҳо низ хеле сертараддуд буда, тоқиҳои зебои духтаашро дар бозори марказии шаҳр мебароранд. Тоқии тоҷикӣ – зеби сари ҳар яки мост!

Муқсидҷон Сатторов,

ш.Исфара

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter