ХАБАРИ ДОҒ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ!

  • Чоршанбе, Май 31 2023

 

(андешаи сайёҳи хориҷӣ)

 

Чанд муддат аст, ки аз рӯи зарурат боз дар оғӯши кишвари бароям ниҳоят азиз - Тоҷикистон, ба хусус, шаҳри Душанбе қарор дорам. Бо шарофати ширкат дар озмуну чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, дидорбиниву сӯҳбатҳои ҷонбахш бо ашхоси гуногун, ошноӣ бо бойгониҳои китобхонаи миллӣ, матбуоти даврӣ, васоити ахбор, билохира сайри кӯчаву хиёбон ва боғҳо, хусусан Боғҳои Куруши Кабир ва Рӯдакию Садриддин Айнӣ, Истиқлолу Ирам (ботаникӣ), қабристони Лучоб аз дигаргуниҳо ва муваффақиятҳои ба дастовардаи ин кишвар, ки натоиҷи сулҳу осоишанд, огоҳ мегардам ва чашми сару дилам ба рақс меояд. Чӣ хуш ва таҳсинкунанда, ки ин ҳама мафтункорӣ барои сокинони кишвару меҳмонони он дуруст карда шудааст.

Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ, ки замину само ба ҷилва омадааст, аз баҳрабардории дарахтони ғарқи гулу сабзаҳо, қадамзанӣ дар кӯчаву гулгаштҳои шаҳр, соатҳо нишаста лаззатбардорӣ аз мунаққашии манзараҳои он,  мебинам, ки чӣ андоза ҳусни Душанбешаҳр афзуда, дилрабо гаштааст ва беихтиёр мисраъҳои Лоиқи зиндаёд ёди кас мерасад:

Эй баҳори сабзу тар , хуш омадӣ,

Эй ҷамоли баҳру бар, хуш омадӣ.

Дар раги ҳар майсаат маҷрои ризқ

Баҳри абнои башар, хуш омадӣ!

 

Душанбе гулзор аст, на шаҳр!!!

Аз лаззати тамошои лолаҳои ғайриоддии сурху зарду сафед, гулобу қирмизии сернавъу бешумори шаҳр, ки имсол дар маҷмӯъ 24 навъ ва 6 млн. ададро ташкил кардаанд, сер намешавӣ. Ин зебоиро на бо қалам тасвир ва на бо сухан метавон баён кард ва беихтиёр “Қанд занед ва аҳсант ба офарандагони ин мӯъҷиза, дастатон дардро набинад” гуфтанат меояд.

Гулкорӣ ва лолаҳои рангоранги шаҳрро дида, дил аз қафасаш мехоҳад берун ҷаҳад ва беихтиёр суруди Мағфират Ҳамроқулова ба гӯш мерасад:

Гулҳои Душанбе ороиши ҷон аст,

Гулҳои Душанбе осоиши ҷон аст,

ва ё шеъри:

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе

 

Рӯзе сахт...

Ёдам мерасад, ки ҳамагӣ 2 моҳ пеш дар ин шаҳри ҳамешаҷавон қарор доштам ва он рӯзҳо қиёсан бо имрӯз мушавваш будаму парешон, вуҷудамро як навъ воҳимае ва яъсу навмедӣ фаро гирифта: ғарқи хаёлҳо савори мошин аз шаҳраки Ваҳдат сӯи бемористони Қарияи боло мерафтам. Бояд соати ёздаҳи субҳ ба ҷои муқарраргашта бирасам. Гузаштам аз дарёи Кофарниҳоне, ки хеле саргузашту сарнавиштҳо бо он вобастаанд. Қади роҳ рафтуои мошину мардумони пуртакопӯ, мағозаю корхонаҳои зиёд, шиору овезаҳо (“Шодии ин рӯзгор аз ваҳдат аст”, “Забон нишонаи ҳастии миллат ва давлат аст”, “Сулҳу оромӣ...”)-ро назора мекардам. Зиндагӣ дар ҷӯш аст. Вале туро коре нест бо ин ҳама. Ба назарат чизе наменамояду ба гӯшат ҳарфе намедарояд:

Имрӯз бояд ҷарроҳӣ кунандам!!!

Дирӯз таҳлукаи зинда монданро доштаму чизе ба назарам наметофт, имрӯз бошад дунё ба назар зеботар аз ҳама ҷилвагар аст ва дил бо шукргузорӣ мехоҳад ҳарчи бештар зияд! Ҳар 2 эҳсос ҳам дар ҳамин шаҳри дилоро - Душанбе! Бале шукргузору сар бар таъзимам, ки бори саввум пизишкони ин шаҳр саломатиямро бароям бармегардонанд.

 

Риштапайванди Тоҷикистонам

Мусаллам аст, ки сарвари ҳукумат мардест хушзеҳну зебопараст, эҳёгару зиндадори таъриху фаҳанги миллат ва суннатҳои аҷдодӣ, ки қобили эҳтиром гардида. Бахусус, бо ташаббусу маблағгузории вай нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва дастрасии ройгони он ба оммаи васеи хонандагон, ҷаҳонигардонии Наврӯз (2008), ҳамасола ҷашнгирии “Шашмақом” (2003), Сада (2018), Гули лола (2003) қобили фараҳ ва шоистаи таҳсин аст.

Ин ҷо фазо ва имконияти рушду камоли милливу маънавӣ васеътар аст, ки бешубҳа ҳар тоҷики дунё ҳавас мекунад. Ёру дӯстони зиёди некандешу кушодарӯ ва хайрхоҳат ин ҷоянд, ки ҳар лаҳза эҳтиромат мегузоранду дастат мегиранд. Бори дигар эҳсос кардам, ки ҳаёт пеш меравад, зиндагӣ тағйир меёбад ва баробари ин комёбиҳо тафаккур ва шуури аҳли ҷомеа низ тараққӣ мекунад.

Аз ин рӯ, тоҷикистониёни азизро, ки ба назарам, ҳама ҷонпайвандони мананд, дар роҳи тараққиёт, эҳё ва худсозӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ, ки нерӯи бузурги эҷодкор ва пирӯзгар аст, сиҳатмандӣ, ҷаҳонбинии фарох ва рӯҳу илҳоми тоза хоҳонам.

 

Амина ШАРОФИДДИНОВА,

забоншинос, публитсист,

Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

фаъоли маданӣ аз шаҳри Самарқанд.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter