Рӯзноманигори муваффақ, публитсисти барҷаста, нависандаи боистеъдоду хушбаён ва ноширест Ато Ҳамдам, ки замони роҳбарияш ба “Адиб” давраи аз ҳама шукуфои чопи китобҳо ва рушди ҷадиди адабиёти тоҷик ба шумор меравад.
Ӯро адиби таърихнигор низ мегӯянд. Дар ҳамкорӣ бо нависандаи русзабони тоҷик Л.Чигрин 15 китобро аз силсилаасарҳои “Асрори таърихи куҳан” ба нашр расонидааст.
Ҳамчун ташкилотчию ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ низ эътироф шудааст. Дар мушкилтарин рӯзҳои ҷомеа ӯ вакили мардумӣ ва муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии мамлакат оид ба фарҳанг ва муносибатҳои байналмиллалӣ буда, баъд Вазири фарҳанги кишвар таъин гардид, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ӯ сарчашмаи ҳама бадбахтиҳоро аз пастии маънавиёт дида, аз иҷрои 1 вазифа - ҳифз ва нигоҳ доштани фарҳанг дар кишвардории навин бо сарбаландӣ баромад. Вай чун сарвари соҳа ҳаққи қалами асари драмавиашро дарзамон ба Хазинаи рушди фарҳанг бахшид, ки ин иқдоми неки вай дигаронро водор намуд пайраваш бошанд.
Ато Ҳамдам 9 сол (1995-2004) дар идораи Президенти мамлакат ба ҳайси мушови-ри калон ифои вазифа намуда, узви Иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон (1997) ва “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1999) аст. Ҳоло мудири бахши драматургияи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, ҳамраиси Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои ИДМ ва Балтик, узви Иттиҳоди адибони Беларус, Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.
Журналист ва Инсон
11 соли роҳбарии ӯро ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (с. 1977 – 1988) дар таърихи матбуоти тоҷик замони эҳёи нуфуз ва эътибори рӯзномаи ҷавонон мешиносанд.
Вай дар газета на фақат сарвар, ҳамчунин мураббии қаламкашони ҷавон буду ин вазифаи пурмасъулиятро бошарафона анҷом дод. Садоқат ва муҳаббати бепоёни ӯ нисбат ба касбу ҳамкасбонро дар “Комсомоли Тоҷикистон” - и он солҳо ҳар корманд медонад. Рӯзнома замони ӯ тавлидгоҳи мақолаҳо, силсилаҳо, идеяҳо ва анъанаҳои беҳтарин гардида, ба газетаи №1 дар РСС Тоҷикистон табдил ёфт. Бори аввал “Мулоқотҳои ғоибона” - ву “Рӯ ба рӯ” – и хонандагон бо пешравон ва ҳунармандон, адибон ва олимон, вазирон ва сойири соҳибмансабон ва симоҳои дастнорас маҳз дар майдони ҳамин рӯзнома арзи ҳастӣ намуда, на танҳо дар вазоратҳо, балки дар меҳмонхонаи рӯзнома ҳам баргузор мешуду проблемаҳои ҷойдошта ҳал мегардиданд.
“Комсомоли Тоҷикистон” аввалин бор аз навоқиси хавфноку даҳшатангези ҷомеа ва то ба он айём нуҳуфтаи сохторҳои ҳизби коммунист, Кумитаи бехатарии давлатӣ, милиса, прокуратура, ҳамчунин мавҷудияти мафия, терроризм, маҳалгароӣ, фоҳишагӣ, худсӯзӣ, майзадагӣ ва дигар фисқу фасод, роҷеъ ба мӯди ҷавонон, тарафҳои ғайримаъмули варзиш, санъат ва ғайра бо мардум ошкоро сухан гуфта, аз мақомоти марбута ислоҳу чораҷӯӣ талаб менамуд ва ба ин васила аз аҳамияту афзалияти озодии матбуот дарак медод.
Инчунин ӯро аз он афроде медонанд, ки барои бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин хиштҳои худшиносиро гузоштааст ва яке аз нахустин инқилобчиёни замони бозсозии горбачёвист. “Растохез” ва бедории миллат аз "Комсомоли Тоҷикистон" - и айёми роҳбарии ӯ оғоз ёфта, ба клуби сиёсии донишҷӯён ва ҷавонони бедордил бадал гашту дар мавзӯъҳое мақола чоп мекард, ки тамоман мамнӯъ буданд. Он айём ҷарида чун минбари ҷавонони мамлакат, минбари озодандешон, минбари худшиносии миллати тоҷик ва машҳуртарин рӯзномаи давр дар ҷумҳурӣ шинохта шуда, адади нашраш ба 200000 расид. Аҳли эҷоди рӯзнома сидқан барои ошкор сохтани навоқиси сангин ва нангини ҷомеа камар баста, камбудию иллатҳои ҷомеаро ошкор менамуданд, аз боби бузургдошти забон ва урфу одатҳои миллӣ ва зарурияти ваҳдату бедории тоҷикон мегуфтанд. Ҳамин тавр рӯзнома яхи карахтиро шикаста, киштии бозсозиро ба маҷрои орзуву омоли чандинсолаи халқамон равона сохт, оиди проблемаҳои ҳалталаби ҷомеа мақолаҳое нашр менамуд, ки дар олами сукути сангини рӯзгори мардумамон таркиш ба вуҷуд меоварданд.
Зери фишори ҳоким - коммунистон
Ва ин амали нек ба соҳибмансабон, зимомдорони вақт намефорид. Сардабир, ки кормандони рӯзномаро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекард ва бо бисёр соҳибмансабон пасту баланд меомад, баъди чопи ҳар шумора ӯро ба мақомот даъват мекарданд, фишор меоварданд, таҳдид мекарданд. Аммо ӯ чун пештара бо раъйи худ бо ҳайати кормандон рафтор менамуд.Рӯзнома боз ҳам нигоришотеро чоп мекард, ки чашми хонандагонро рӯёрӯи воқеияти зиндагиашон фаррохтар боз менамуд.
Ба фишорҳо тоб оварда, дар мавқеи худ устувор будани роҳбар аҳли қалами рӯзномаро ба корномаҳои нав рӯҳбаланд мекард. Чунин дилгармӣ буд, ки бисёр кормандони рӯзнома то охирин рӯзи сарвариии Ато Ҳамдам дар бари ӯ истода, пурмаҳсул кор карданд ва рӯзи зарурат ба дифои ӯ бархостанд. Ин хеле аҷиб ва ба бисёр мансабдорон ибратомӯз буд. Эътироз ва коршикании журналистонҳамон лаҳзае сурат гирифт, ки оқибат моҳи марти соли 1988 сардабирашонро даъват намуда, бо қарори бюрои КМ комсомоли Тоҷикистон бар иллати айбҳои набуда аз вазифа барканор карданд. Кормандон бе тарсу ҳарос аз мақомот ба дари СеКа ҳозир шуданд.
Қаҳҳор Маҳкамов - котиби якуми Кумитаи Марказӣ, роҳбари давлат маҷбур мешавад, ки чанд нафарро пазируфта бигӯяд:
“- Ато Ҳамдамро мо аз кор нагирифтаем. То анҷоми тафтишот барканор кардем, отстранили. Исбот шавад, ки гуноҳ надорад, ба вазифааш барқарор мекунем!”
Комиссияи ҳукуматӣ ба кор сар мекунад ва холисона тафтишот анҷом дода, дар ҳисоботашон аз Ато Ҳамдам ва журналистони эътирозгар дифоъ менамояд. Ин ҳисобот бояд дар бюрои КМ муҳокима мешуд ва ҳама бар он буданд, ки сардабир ба вазифааш барқарор мегардад. Вале бюрои СеКа бо қарори худ Ато Ҳамдамро, ки бо ҳампешагонаш дар бораи забону фарҳанги халқамон, гузаштаву ояндаи тоҷикон дилсӯзона ҳарф мезад, ба миллатчигӣ айбдор кардаву ҷазои ҳизбӣ дода, аз вазифа сабукдӯш ва нашри эҷодиёташро манъ ва ҳатто намоиши асари ба саҳна гузошташудаи “Хезед суд меояд”-и ӯро дар театри мардумии ноҳияи Кофарниҳон низ бозмедоранд.
Ҳамкорон хабари аз кор холӣ шудани сардабирашонро шунида, хостанд гуруснанишинӣ эълон кунанд. Аммо Ато Ҳамдам ба ин роҳ надод...
Комсомоли Ато то абад...
Баъди ба дасти роҳбарияти нав гузаштан “Комсомоли Тоҷикистон” мавқеи худро аз даст дода, ба яке аз рӯзномаҳои қаторӣ табдил ёфт. Аммо шуҳрат ва анъанаҳои деринаи ин рӯзнома асло аз ёдҳо зудуда намешавад. Бо аз мансабу маснад рафтани сармуҳаррири шуҷоъ мактаби эҷодии таъсису ташкилдодаи вай барҳам нахӯрд, балки сабақи бузурге шуд ба шогирдони эшон ва ҷасурона он анъанаҳоро давом доданд. Имрӯз ҳам бисёриҳо “Замони Ато Ҳамдам” гуфта, солҳои пешрафти савияи касбии рӯзномаро ёд меоранд. Аз кормандони собиқи рӯзнома, ки мақомот онҳоро “Шайкаи Ато Ҳамдам” меномид, ҳоло бархе дар вазифаҳои роҳбари нашрияҳо ва идораҳои бонуфуз ифои вазифа менамоянд, бархе нашрияҳои шахсӣ кушодаанд, ки хеле маъруфияту арҷмандӣ доранд ва бархе дар расонаҳои хабарии машҳури олам ва рӯзномаҳои Маскав кор мекунанд.
Ин самари ҳамон хидмати 75-солаи шоистаи ӯ бар миллат аст, ки ба ҳайати эҷодии рӯзнома журналистони ҷавону шуҷоъро ба кор ҷалб карда буд, ки он дам ва имрӯз ҳам бе Ато Ҳамдам журналист набуданд...
Мирзо Абдуллоҳ, журналист ва муҳаққиқ