Моҳҳои ахир дар бораи вазъи бади нигаҳдории ҳайвонот дар боғи ҳайвоноти пойтахт хеле зиёд мегӯянду менависанд. Алалхусус, ҳомиёни ҳайвонот бонги хатар мезананд, ки дар Боғи Ҳайвоноти ш.Душанбе барои нигаҳдории вуҳуш шароити лозима нест ва ҷонварон аз гуруснагӣ мемиранд. Дар ҳавои гарми рузҳои ахир бошад вазъи ҳайвонот боз ҳам батар шудааст. Барои рушанӣ андохтан ба ин мавзуъ бо супориши редаксия мо роҳ гирифтем сӯи Зоопарки пойтахт.
Ҳамкорӣ бо 92 кишвари олам
23.06.2023. Соат бо вақти Душанбе 08:14 дақиқа. Аз суҳбат бо директори Боғи ҳайвонот Маъруф Маҳмадизода маълум шуд, ки аз таъсиси ин боғ 60 сол сипарӣ гардидааст. 3 сол қабл аз ин, нақшаи ба дигар ҷой кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба тасвиб расид. Вале Маъруф Маҳмадизода зикр кард, ки «ҷойи нав ҳоло аниқ нест. Ба ҳар ҳол то он лаҳза ба мардум хидмат мерасонем!».
Бино ба итиллои Маъруф Маҳмадизода, алҳол боғи ҳайвоноти ш.Душанбе бо 92 давлати дунё, аз он ҷумла, бо боғҳои вуҳуши Олмон, Полша, Чехия, Словакия, Булғория ҳамкориҳои мустақим дорад. Ҳамзамон аз соли 2007 узви Ассотсиатсияи байниминтақавии боғҳои ҳайвонот ва аквариуми Осиёву Аврупо мебошад:
- 28.05.2023 аз Олмон 2 сар кенгуруи сафеди австралиягӣ ва 2 кенгуруи валабӣ оварда шуд. Алҳол дар боғ, дар якҷоягӣ бо ҳайвоноти ватанӣ - гургу рӯбоҳ, хирс, паланг ва ғайра ҳайвоноти нодири бурунмарзӣ, ҷайраи ҳиндустонӣ, гӯсфандони олтоӣ, намуди гуногуни мурғҳои даштӣ парвариш мешаванд.
Ҷонварон гурусна нестанд!
Тибқи маълумот саршумори ҳайвонот ба 1049 сар мерасад, ки мансуб ба 139 номгӯянд. Аз маъмурияти боғ иттиллоъ дода шуд, ки хӯроки ҳайвонот аз рӯйи менюи махсуси меъёри хӯрокӣ таҳия гардида, бо маслиҳати мутахассисони соҳа амалӣ мегардад ва аз рӯйи нақшаи солона (коҳ, юнучқа, ҷав, наску гӯшту равған, донагиҳо ва сабзавот) роҳандозӣ мешавад.
Акватерариум
Акватерариум яке аз қисмати асосии ин боғ буда, он 9 намуди мор, 3 намуди питон (мори калон),1 варан (сусмор) ва 97 сар моҳӣ (21 навъ) мавҷуданд.
- Мо ҳар рӯз аз соати 7-и субҳ то омадани меҳмонон хонаву каттакҳои ҳайвонотро тоза мекунем. Дар 1 моҳ 1 маротиба рӯзи санитарӣ доир гашта, ба ҳайвонот он рӯз истироҳат дода мешавад, - зикр намуд Шарофиддин Саидов.
Зимнан, баъди дидани боғ боварӣ ҳосил намудем, ки қариб аксари ҳайвонот дар хонаҳояшонанд. Хонаҳо панҷарапӯш ва дар торикӣ ба назари мардум ноаёнанд
Кор душвор аст!
- 1 иштибоҳ метавонад хатари бузурге оварад. Аллакай 14 нафар аз кор рафтанд. Итминон мебандем, ки дар оянда ҳамааш хуб мешавад, - афзуд директори Боғи ҳайвонот Маъруф Маҳмадизода.
Бояд гуфт, боғи ҳайвоноти ш.Душанбе аллакай куҳна шудааст, зеро аксари иншоотҳо дар давраи шуравӣ бунёд гашта, муҳлати истифодаашон кайҳо гузаштааст. Инро маъмурияти боғ низ тасдиқ менамоянд:
- Аз сабабе, ки ҳайвонот дар ин ҷо дар хоначаҳои нисбатан хурд ҷойгиранд ва майдонашон он қадар кушод нест, бӯйи бад атрофро фаро мегирад. Ҳайвонот ба ҷойи озод ва фазои кушод эҳтиёҷ дорад.
Хӯрокхӯрӣ бо хирс ва нархи гарон
Ҳангоми воридшавӣ ба боғ, нахуст бо атраксионҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем, ки аксараш дуртар аз макони ҳайвонот ҷойгир мебошанд. Аммо ҳолати ташвишовар ин аст, ки ҷойҳои хӯрокхӯрӣ ва фурушӣ анвои хӯрока ба ҳайвонот хеле наздиканд. Бештари дукондорҳо дар ҷойи дилхоҳ ба фаъолият пардохтаанд. Масалан, назди ҳайвонот хӯрок хӯрдан ғайриимкон аст. Нарх ҳам дар ин ҷо нисбат ба дигар ҷойҳо хело гарон мебошад.
Сафари – боғи нави Душанбе
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси ш.Душанбе хабар доданд, сохтмони Боғи нави ҳайвоноти пойтахт дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии н.Исмоили Сомонӣ аз соли 2021 шуруъ гардидааст. Боғ дар масоҳати 13 га бунёд хоҳад гашт ва барои беш аз 1500 сар ҷонвар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин ҷо бунёди 2 қаҳвахона, мағозаи фурӯши ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва 2 таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст. Мунтазирем. Мо Метавонем!
Беҳрӯзи Сайфулло,
коромӯзи СССР