ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 31 2021

Сарвиноз Раҳматуллоева, аз шаҳри Ваҳдат ба телефони редаксия (2385556) занг зада гуфт: 

   - Ман медонам, ки дар шаҳри Душанбе мушкили шустушӯи қолинҳо дар назди биноҳои бисёрошёна вуҷуд дорад. Мутаассифона, шаҳри Ваҳдат низ аз ин мушкил истисно нест. Хусусан бо фарорасии фасли гармо сокинони шаҳр қолину палосҳои худро барои шустушӯ ба ҳавличаи назди дом мебароранд. Ин кор симои зоҳирии ҳам пойтахт ва ҳам шаҳри Ваҳдати моро хатчадор мегардонад. Албатта, бо ибтикори роҳбарияти шаҳри Душанбе дар пойтахт нуқтаҳои махсуси шустушӯи гилему қолинҳо роҳандозӣ гардидаанд ва дар пойтахт, ин мушкил то ҳадде ҳалли худро ёфтааст. Оё намешавад, дар шаҳри Ваҳдат низ теъдоди ин нуқтаҳои махсусгардонидашударо афзоиш дод, то мардум битавонанд бо нархи нисбатан арзон, гилему қолинҳои худро дар онҳо шӯянд.

 

Чоршанбе, Март 24 2021

(Луқма)

Барои таъмири роҳҳои мошингарди шаҳру деҳоти Исфара кормандони ДЭУ-50 арвоҳи гузаштагонро шод карда, аз усули асрҳои гузашта истифода мебаранд. Инак, чандин сол аст, ки ин усул барои эшон нисбатан осонтар ба таъмири асосӣ ба шумор рафта, ҳатто муҳандисони ин корхона чӣ будани таъмири саросариро тамоман фаромӯш кардаанд. Роҳҳои таъмирталаб ва тамоман корношоямшудаи самти Исфара-Ворухро бо шод кардани арвоҳи бобоëнашон, таъмири асосӣ (капиталӣ) нею, таъмири «бобоӣ» карда, хок ба чашми ронандагон ва мусофирон пошида, пеш бурда истодаанд, ки ба ягон чорчӯба намеғунҷад! 

Ин дар ҳоле, ки танҳо дар ин самти роҳ бештари мошинҳои шаҳру ноҳия гузар мекунанд ва бечунучаро ҳар яке аз санҷиши техникӣ мегузаранду андози роҳро месупоранд! Худ аз худ суол бармехезад, ки ин ҳама маблағе, ки супорида мешавад, ба куҷо меравад? Ва чаро бо ин ҳама маблағгузорӣ роҳҳои шаҳру ноҳия таъмири асосӣ нею, таъмири «бобоӣ» мешаванд? Наврӯзи бобоӣ, муборак!

Ҳакимбой Исмоилзода, ш.Исфара

 

Чоршанбе, Март 17 2021

Чаро ҳукумат биноҳо ва иншооти бузурги нотамомро, ки аз даврони СССР мерос монда, моли давлат ба шумор мераванд,  аз соҳибмулкони бепарво бозпас намегирад?

   Воқеан биноҳои хуруду бузурги бекорхобида аз даврони СССР нотамом монда дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ зиёданд. Замони ҷангӣ шаҳрвандӣ командиру рекетҳое, ки дар даст яроқ доштанд, биноҳои давлатӣ-корхонаҳои калони фарҳангӣ ва саноативу истеҳсолиро ба мисли клубҳо, фермаҳо, хирманҳо, заводу фабрика, гаражҳоро шахсӣ карда буданд. Вале аксарияти онҳо аз фаолият монд.

Яке аз чунин иншоотҳо дар ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант ҷойгир аст. Масоҳати он тақрибан 2 га- ро дар бар мегирад. Абдусамад, сокини ин ҷамоат дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт,  “сохтмони ин бино, солҳои 1985 аз ҷониби колхози «Карл Маркс» оғоз гардида, то ҷангӣ шаҳрвандӣ деворҳояшро бардоштанд. Аммо ҷанг сар шуд ва сохтмон мутавақиф гардид. Баъди ҷанг, яке аз сокинони ҳамин деҳа, бо номи Илҳом Ҳотамов, ки бо тахаллуси “командири Ботурободӣ” маъруф буд, ин биноро аз худ кард. 

Бинои боғчаи кӯдакон, ки сохтмонашро солҳои 80-уми асри гузашта, оғоз намуда буданд, низ имрӯз дар ҳолати ногувор қарор дорад. Бинои мазкур ҳам, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хусусӣ гардонида шуда буд. 

Клуби ҳамин деҳаро ҳам “қумондони Ботурободӣ” шахсӣ кардаву ба иҷора додааст. Он ҳам дар ҳолати ҳузнангез қарор дорад...

Имрӯз вақте Ҳукумату давлати кишвар дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ қарор дошта, барои таҷлили сазовори он даст ба ободкориву амалҳои созанда задааст, чунин соҳибмулкон, ки лофи патриотизму саховатмандӣ мезананд, барои дубора эҳё намудани молу мулки худ коре анҷом намедиҳанд. Агар шумо воқеан ин Ватану ин Миллатро дӯст медоред, пас обод кунед! Иншоотҳои худро обод кунед бас аст! Ё обод кунед ё дубора онро ба давлат супоред, то давлат ободаш кунад!

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

 

 

Ҷумъа, Март 05 2021

  5.03.2021. Соат бо вақти ш.Бохтар 10:00 дақиқа. Дар арафаи Рӯзи Модарон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба оилаи ниёзманд Ҳалима Дурманова, ки то имрӯз бо 2 фарзанд ва 2 набераи маъюбаш дар хонаи иҷора мезист, калиди манзили нави истиқоматиро дар ш.Бохтар тақдим намуд.

   Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба мухбири СССР хабар доданд, хонаи нав аз 2 ҳуҷра иборат буда, бо шароити муносиби зист таъмин аст. Ҳалима Дурманова ягона таъминкунандаи аҳли оила буда, шуғлаш тамизкорӣ мебошад.

   Қурбон Ҳакимзода аз номи Президенти ҶТ ин модарро ба муносибати Рӯзи Модарон ва соҳиби манзили зист шуданаш шодбош гуфта, барои аҳли оилаи ӯ тансиҳативу шодмонӣ таманно кард. Инчунин, ба эшон аз номи МИҲД вилояти Хатлон ва МИҲД ш.Бохтар кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.

 

 

Чоршанбе, Март 03 2021

 

Салом СССР-и азиз! Имрӯзҳо масъалаи барқ яке аз мушкилоти доғи кишвар мебошад. Барои сарфаҷӯии бештари нерӯи барқ, истифода аз нерӯдиҳандаҳои алтернативӣ айни муддаъо мебуд. Яке аз чунин нерӯдиҳандаҳо гази табиӣ мебошад. 

Солҳои қабл ҷумҳурии мо ин нерӯро аз ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон дарёфт мекард, аммо намедонам бо кадом сабаб интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба кишварамон қатъ гардид. Албатта ин масъала ба сиёсат сахт омехта, мардуми мо қурбонии бозиҳои сиёсии президенти қаблии ин кишвар гардиданд. Аммо бо омадани роҳбарияти нав дар Ӯзбекистон фазо боз ба ҳамон минволи собиқ баргашт ва мо дубора бо ҳам дӯсту бародар шудем. Фикр мекунам, ҳоло фурсати он расидааст, ки ниҳодҳои зидахли кишварамон бо ҳамсоякишвар гуфтугӯ карда, интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дубора ба роҳ монда шавад. Ин кор боиси сарфаи нерӯи барқ мегардад, ки ҳам ба манфиати ҳукумат ва ҳам ба манфиати халқ аст.

Содиқ Буриев, ш. Душанбе, 

тел: 908987521

 

Панҷшанбе, Фев 25 2021

 Баъди ба се шоха тақсим шудани ширкати “Барқи тоҷик”, шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакентро тобеъи филиали шаҳри Истаравшан кардани он, нигаронии даҳҳо нафар кормандони ин ниҳодро ба бор овардааст. 

   Гурӯҳи норозиёни кормандони “Шабакаҳои барқи Панҷакент” мегӯянд, ки онҳо ба 3 шаҳру ноҳияҳоии водии Зарафшон: Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент дар маҷмӯъ ба беш аз 500 000 нафар аҳоливу корхонаву идора ва ташкилотҳо хизмат мерасониданд, ки ягон мушкилот набуд. Акнун онҳоро гӯё дастнигар кардаанд ё карданианд...

Аз ин амал кӣ манфиатдор аст?

   Ба ақидаи барқчиёни Панҷакент, водии Зарафшонро тобеъи Истаравшан кардан аз чанд ҷиҳат ҳам хатову ҳам нодуруст будааст.

1. Ба андешаи кормандони “Шабакаҳои барқи Панҷакент” дар ин миён масъалаи ихтисори чандин коргар пеш омадааст, ки ин амал хилофи дастуру супоришҳои президент, дар масъалаи бо кор таъмир намудани сокинон мебошад. Барои мисол, агар 5 ё 10 нафар корманд ихтисор шаванду ин коргарон  боз 3-4 нафар дар хона нонхур дошта бошанд, муаллифони  ин “тарҳи одилона” ба ризқи 20-30 нафар зомин мешаванд. 

2. Бо тобеъ намудани “Шабакаҳои барқи Панҷакент” ба Истаравшан, мушкили чандин нафареро, ки бояд ҳар моҳ ҳисобот супоранд, счёт ё барои ин ё он кори худ хулосаву мӯҳру имзо гиранд мушкилтар намудаанд. 

3. Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро зарур меояд, ки барои омода намудани ҳуҷҷатҳои техникӣ аз қабили бастани шартномаҳо, гирифтани шартҳои техникӣ ва пайваст намудани иншоотҳои нави бунёдшаванда ба Шабакаҳои барқӣ роҳҳои тӯлониро тай намуда, то ба шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд раванд, ки ин хароҷоти зиёдатӣ ва  сарсониҳоро ба миён меорад.   

4. Барои хариди ин ё он таҷҳизот ва ё ягон лавозимоте, ки оҷилан лозим мешаваду қаблан бе мушкилӣ иҷро мегардид, акнун иҷозати роҳбарияти “болоӣ” дар Истаравшан лозим...

5. Дурии масофаи ҷойгиршавии маркази идораҳои маъмурӣ: аз Панҷакент то  Истаравшан-205 км аст, сифати назорат дар корҳо заъф хоҳад дид.

Барқчиёни Зарафшон низ метавонанд!

   Таврт маълум бинобар мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ дар водии Зарафшон (яъне аз қаламрави водӣ гузаштани хати интиқоли барқии 500кВ Ҷануб-Шимол, мавҷуд будани нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, хатҳои интиқоли барқии 220кВ, 110кВ,35кВ,20кВ,10кВ,6кВ ва миқдори зиёди зеристгоҳҳои барқии шидаташон 220/110/35/20 кВ) имконият буд, ки ташкили чунин департаментҳо бевосита дар қаламрави худи водӣ (ноҳияҳои Айниву Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳру деҳоти Панҷакент) амалӣ гардад.

   Бигзор “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”, чун пештара боқӣ монад ва ё ҳадди ақалл онро ҳамчун 1 сохтори алоҳида ба водии Зарафшон табдил диҳанд. Зар ин ҷо низ мутахасисон ҳастанд ва тӯли ин қадар сол тавонистанд корро пеш баранд ва минбаъд низ метавонанд!

 

Хуршед Фозилов, 

Панҷакент, махсус барои СССР

саҳ 22 аз 156

Китобҳо

Flag Counter