Терминали байнишаҳрии н.Ёвон дар ояндаи наздик ба дигар макон кӯч баста, аз сари нав таҷдид хоҳад гашт. Бо назардошти талаботи мардум МИҲД н.Ёвон ният дорад боз 1 терминали нақлиётии дигарро бо шароити муосир иловатан бунёд намояд.
- Пас аз нашри чанд матлаби интиқодӣ дар рӯзномаҳои кишвар, аз он ҷумла газетаи СССР мо ба ширкати «33 33» иҷозат додем, ки фаъолияти хешро дар ҳудуди н.Ёвон оғоз намояд. Илова бар ин масъалаи кӯчонидани терминали нақлиётӣ ба мавзеи дигар имрӯз баррасӣ шуда истодааст. Инчунин, мо талаботи сокинони ноҳияро дар робита ба бунёди боз 1 терминали нав мавриди омӯзиш қарор додаем ва дар сурати зиёд шудани талабот ҳатман боз 1 терминали наву замонавиро месозем, - таъкид дошт Ҷамшед Саидзода, раиси н.Ёвон зимни нишасти матбуотӣ.
Баҳодур Уроқов, СССР
Корхонаи бузурги коркарди орди н. Хуросон, ки 10-солаҳо аз фаъолият монда буд, дар ояндаи наздик дубора эҳё хоҳад гашт. Ин нуктаро раиси тозатаини ноҳияи Хуросон Илҳом Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
- Ҳамин ҳоло дар бораи эҳё намудани ин корхонаи саноатӣ-истеҳсолӣ бо соҳибкорони ватанӣ суҳбат намуда, ба мувофиқа омадаем. Соҳибкорон омодаанд, ки корхонаро бо таъҷизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намуда, онро дубора эҳё намояд, - афзуд Илҳом Аҳмадзода.
Баҳодур Уроқов
Бино ба иттилои Амирхон Қурбонзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе 7659 га ҳудуди заминҳое, ки аз тобеияти н.Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди маъмуриву марзии пойтахт ҳамроҳ карда шудаанд, дар ояндаи наздик ба 3 ноҳияи ш.Душанбе-Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур тобеъ карда мешаванд.
- Тибқи Нақшаи генералии ш.Душанбе ҳудуди пойтахт бояд васеъ гардида, дар ҳудуди аз ҳисоби н.Рӯдакӣ ба пойтахт гузаронидашуда инфрасохтори нав амсоли мактабу муассисаҳои томактабӣ, марказҳои нави саломативу хизматрасонӣ, хатҳои нави муҳандисӣ, хатҳои обу барқу системаи обу коррез бояд бунёд ёбанд. Бо назардошти ин аҳолии пойтахт то ба 1,5-2 миллион хоҳад расид ва барои ин теъдоди сокинон шароити лозимаи кору зиндагӣ бояд фароҳам оварем, - афзуд Амирхон Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 18.02.2021.
Чуноне ки муовини аввали раиси ш.Душанбе зикр намуд, масъалаи ба таври расмӣ вогузор шудани ин ҳудуди заминҳо дар сессияи наздиктарини Маҷлиси намояндагони халқӣ ш.Душанбе баррасӣ гашта, аз ҷониби комиссия босалоҳият алакай ҳисобу китоби инфрасохтори мавҷуда, бекорхобида ва тахрибшудаву эҳтиёҷоти аҳолӣ нисбати муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ дар ин 7659 га ҳудуд арзи вуҷуд дошта, мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
PS. Бояд гуфт, ки нишасти навбатии матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ин маротиб дар Қасри нави теннис ва ҳавзи шиноварие, ки ба тозагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст, баргузор гашт. Воқеан ҳам ин комплекс Маҷмааи муосир ва беҳамто дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, вижагиҳои хоси худро дорост.
Боз ҳам ин, ки нишасти мазкур дар муқоиса бо нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва сохторҳои дигари давлатӣ ба маротиб фарқ карда, дар сатҳи олӣ баргузор гашт. Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар муддати расо 1 соат тавонистанд ба тамоми суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, пас аз нишаст аз Маҷмааи нав боздид намоянд.
Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ гуфт, ки бо мақсади ба роҳ мондани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аз моҳи марти соли 2020 бар асари авҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан баста шуданд, корбарӣ рафта истодааст.
- Алалхусус, барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия, ки ҳудуди 70 фоизи парвозҳоро дар бар мегирад, вазифаи аввалиндараҷаи мост ва мо рӯи он корбарӣ карда истодаем. Россия парвозҳои мунтазами ҳавоиро бо Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқарор намудааст. Мо омодагии худро ҳанӯз тобистони соли гузашта эълон намуда будем, интизори тасмими ҷониби рус ҳастем, - афзуд Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 15.02.2021.
Бояд гуфт, ки айни замон байни Тоҷикистон ва Россия танҳо парвозҳои таҳлиявӣ-чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Россия амалӣ ёфта, онҳо танҳо ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Россия ва Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар назар аст, ки ҳамон комиссияи вежае, ки бояд аз ҷониби «Роспотребнадзор»-и ФР ба ҶТ биёяд, дар масоили боз шудани марзи ҳавоии байни 2 кишвар тасмими охиринро бигирад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» бошад бо сабаби дар таъмир будани ҳавопаймоҳо дар ин муддат парвозе анҷом надод.
СССР
Нисбати кор накардани ноқилҳои интенетии ширкати “Tcell” дар боғи “Куруши Кабир”-и пойтах, дар бораи ҳадя намудани 50 мегабайт бар ивази маблағи муштариён аз ширкати “Babilon” ва дар бораи якчанд мушкилиҳои ширкати “Мегафон”-у “Билайн” борҳо гуфта будем. Аммо ва мутаассифона, қисмати зиёди ин мушкилиҳо ҳалли худро пайдо накарда, бар замъи ин, ҳама мутасаддиён ҳатто вокунише наменависанд...
Чатҳои онлайнии дурӯғин
Ширкатҳои мобилӣ ба ҳама ҷо даст дароз карда, фаъолияти худро таблиғ мекунанд ва мардум гумон мекунад, ки инҳо пештарин ва беҳтаринанд. Аммо ба оддитарин мушкилӣ посухи расмӣ гуфта наметавонанд. Бубинед, барои пешрафти кори муштарӣ ва дастрасӣ бо оператор, ширкатҳои мобилӣ чатҳои интернетиро ба роҳ андохтаанд, ки тавассути онҳо муштариён метавонанд ба ҳамаи саволҳояшон ҷавоб пайдо кунанд. Дар аввал ин барои мо беҳтарин хабар буд. Лекин вақте, ки ба чати онлайнии ширкати “Babilon” ворид шуда, 1 саволи оддиро пурсидем, дар ҷавоб чунин гуфтанд: “муштарии муҳтарам мо наметавонем ба ин саволи шумо посух гардонем ва шумо метавонед бо операторони мо тариқи телефони 616161 ҳамсуҳбат шуда, саволатонро пешниҳод кунед”. Акнун бинед, ки ба саволҳо посух гуфта натавонад, пас барои чи ба муштариён ваъдаи дуруғин медиҳанд, ки ба чатҳои онлайнӣ пайваст шуда, ба саволҳояшон посух гиранд? Ин оё роҳи навбатии пулкоркунӣ нест? Ҳаст!
Кадом чат, вақте интернет нест!?
Агар бо рақами болозикр занг занем, якчанд дақиқа интизор шуда, танҳо реклама гӯш мекунем ва дар охир гӯширо бардошта посух медиҳанд. Дар ин маврид чандин хонандаи ҳафтанома, ки аз ширкати “Мегафон” истифода мекунанд, занг зада гуфтанд, ки мо телефонҳои оддӣ истифода мекунем ва бо интернет пайваст нестем. Аммо ҳангоми занг задан ба операторони ширкат мешунавем, ки “Муштарии муҳтарам, ба чати онлайнии мо нависед”. Қисми зиёди мардум танҳо барои сӯҳбати оддии телефонӣ, аз симкортҳо истифода мебаранду ба интернет паваст нестанд, инро низ бояд ба назар гирифт.
Аз оғоз то инҷониб дар фазои кишвари мо танҳо мавҷи 4 ширкат ҳуқуқи фаъолият доранд. Паҳлӯи дигари масъала дар он аст, ки чаро ғайр аз ин 4 ширкат дигарон фаъолият намекунанд? Шояд ин ҷо раванди монополия рафта истодаасту роҳи ин бозор ба дигарон баста аст?
Шералӣ Давлатов, СССР
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ гуфт, ки аввалин бастаҳои ваксинаи «Астрозенека» ба кишвари мо дар охири моҳи феврал-аввали моҳи март ворид хоҳад шуд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи COVAX ройгон оварда шуда, барои ваксинатсияи 20% аҳолӣ пешбинӣ мегардад.
- 6 миллиону 740 ҳазор нафар аҳолии кишварро бояд ваксинатсия кунем. Ин эмкунӣ бояд 2 маротиба бо гузашти 21 рӯз пас аз ваксинатсияи якум анҷом дода шавад. Инчунин, бо ҳамтоёни рус дар бораи хариди ваксинаи русӣ низ гуфтушунид дорем ва дар сурати бомуваффақият гузаштани он аз тадқиқот, ҳатман дар мавриди харидаш тасмими ниҳоӣ хоҳем гирифт. 80% аҳолии ҷумҳурӣ тавассути ваксинаҳои харидаи худи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ эм гашта, пеш аз ҳама муаллимон, табибон, онҳое, ки бо мардуми зиёд сарукор доранд, дар тӯли ҳамин сол ваксинатсия мешаванд, - таъкид дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Бояд гуфт, ки сар аз 31.12.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаст. Аз оғози пандемия 13 ҳазору 308 бемори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 93,3% солим ва 90 нафар фавтиданд.
Ҷ.Мақсуд, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар