ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Дек 10 2020

   Сар аз имрӯз 10.12.2020, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид. Тавре ширкати «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Дар баробари ин ширкати «Барқи тоҷик» бо пахши 1 муроҷиатнома аз сокинони кишвар хост, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Дар муроҷиатномаи ширкат аз ҷумла омадааст:

   «Ҳамватанони азиз! Ба иттилои шумо мерасонем, ки имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт, ки барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии бевоситаи Президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии ш.Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шуданд. Ҳоло дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст.

   Ҳамаи ин имконият фароҳам овард, ки дар кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ пурра бардошта шавад. Бояд гуфт, ки мо эҳтиёҷоти кишварро то ба имрӯз танҳо бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин карда истодаем, ки ин, албатта, самараи татбиқи сиёсати энергетикии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

   Ҳамзамон бо ин, ширкати “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш менамояд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

   Обанбори нерӯгоҳи “Норак” ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале бо сабаби дар моҳҳои охир кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз 2 метр кам гардидани захираи оби обанбори нерӯгоҳ, инчунин, аз рӯи пешгӯиҳои обу ҳавошиносон хунук омадани зимистони дарпешистода ҳар 1 сокини кишвар бояд ба масъалаи истифода бурдани нерӯи барқ боинсофона, сарфакорона ва бо масъулияти баланд муносибат намояд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳад.

   Соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад.

   Бори дигар хотиррасон месозем, ки тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

   Ба таваҷҷуҳи мардуми кишвар мерасонем, ки ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест. Роҳбарияти олии мамлакат низ доимо дар талоши таъминоти пурраи мардум бо барқ мебошад. Доир ба ин масъала дар Паёми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид шудааст: – «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар солҳои наздик ба истиқлоли энергетикӣ ноил гардем».

Бинобар ин, бори дигар хотиррасон месозем, ки фақат истифодаи сарфакоронаву оқилонаи нерӯи барқ аз ҷониби ҳар як оила ва тамоми ташкилоту муассисаҳо кафолат медиҳад, ки мо зимистони имсоларо бе ягон маҳдудият пушти сар намоем».

Чоршанбе, Дек 09 2020

(интермедия)

Имрӯз мардум дар шабакаҳои иҷтимоию телевизион ва тариқи ВАО шикоят аз болоравии нархҳои маҳсулоти хӯрока доранд. Дар бастагӣ ба мавзӯъ мо сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо мардуми оддӣ оростем. Мо метавонем!

24.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 16:46 дақиқа. Хостам сайру гашти шаҳр бароям ва ба автобуси №1 савор шудам. Мо ният доштем то истгоҳи Сирк биравем. Дар дохили автобус, чизи аввале, ки диққати маро ҷалб кард, шикваи зани кӯҳансоле буд, ки бо овози баланд аз болоравии нархи бозор дарду ҳасрат дошт: 

-Э вой, Худоё, товба ҳамин фурушандагон бо баҳонаи короновирус имсол нархи маҳсулотро ин қадар боло бурдаанд! Соли оянда метарсам, ки имонашонро нафурӯшанд. Ман дилам аз ин фрӯшандагон тамоман монд!

Тоҷир не-дузд. Бозор не-Ғори Сим-сим

Кунҷковии журналистиам боло гирифт ва бо табассум ба пиразан нигариста гуфтам: -Чӣ шуд бибиҷон, ки дилатон аз савдогарон сард шуд? 

Пиразан ба ман нигариста гуфт: “Духтарҷон магар гӯшҳоят намешунаванд ё ин ки чашмонат нобиност? Охир духтарҷон ба ин нархгузории фурӯшандагони беинсоф нигар дар бозор ҳама чи гарон шудааст Инҳо на виждон доранд, на имон. Ғоратгаранд. Мисли дуздони Алибобо ва 40 роҳзанаш... 

Дар ҳамин вақт, зани дигар, ки Маҳбуба ном доштава сокини ш. Душанбест, ба сӯҳбати мо ҳамроҳ шуда, иброз дошт:

-Ғамгин нашавед мардум. Ман ба шумо 1 пешниҳоди хубе дорам, то нархҳо боло нашаванд! 

Пиразан ба апаи Маҳбуба нигариста гуфт : “Дар пичачаҳот садқа духтарам. Пешниҳод кун, фақат бо 1 шарт, ки пешниҳодат боиси коҳиши нарх дар бозорҳо гардад”. 

Ба алафчарӣ гузаред(м)

Маҳбуба-хола, ки шӯх будааст, бо ханда гуфт: 

“Ман пешниҳод мекунам , ки аз ин рӯз ба баъд, мо низ мисли гову гусфанд ба хурдани ҷуворимакаву алаф рӯ орем. Харҷамон камтар мешаваду нарх арзон”. Ҳамаи нишастагон, ҳато ронандаи автобус, хандид. Дар ҳамин росто муйсафеде ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, бо овози баланд гуфт: 

-Э мардум, айб аст охир. Ҷабр ҳам сабри худро дорад. Агар вазъият чунин идома ёбад, метарсам, ин беинсофони бозоршин, нархи ему алафро низ мебардоранд!

Дар ин асно, мусофири дигари автобус, сокини Кӯлобшаҳр, Сабзаева Мунира ба сӯҳбати мо ҳамроҳ гашта гуфт:

“Ман бори охир барои харидани гулкарам ба бозор рафтам. Гулкараме, ки ҳоло дар бозорҳо ҳаст бештар ба тарбузи калон шабоҳат дорад, то ба гулкарам. Калони бе мазза. Онро харида ба хона меорӣ ва гумон мекунӣ, ки баъди пухтан ҳатто ба ҳамсояҳо ҳам мерасад. Аммо вақте мепазад, онро хурда намешавад, мисли санг сахт аст. Агар зиёд ҷӯшонем реза мешавад. Агар ва дар равған пазедаш, обдор мешавад. Яъне дохили он пури химикат аст. Ман гоҳе бо худам фикр мекунам, ки ин савдогарони оммафиреби бозор, дар он дунё чигуна ҳақи мардумро боз пас медиҳанд?... 

Сӯҳбати сарироҳии Омиронаи Сайёф, 

СССР

 

Чоршанбе, Дек 02 2020

 Шералии Ибодулло, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии “СССР” аз н.Темурмалик занг зада (тел: 915 94 51 71) гуфт, ки зиёда аз 1 ҳафта мешавад, ки дар маркази ноҳия мардум на барқ доранду на оби ошомиданӣ.

   - Моҳе нест, ки дар маркази н.Темурмалик-ш.Совет мардум аз оби ошомиданӣ танқисӣ накашанд. Ҳар моҳ 1 ҳафта бо сабабҳои таъмир, кафидани қубурҳо ва ё аз кор мондани генератори обтаъминкунанда, мо аз дастрасӣ ба оби тоза маҳрум гашта, бо хару ароба ва ё мошин обкашонӣ мекунем. Медонам, масъулин ҳам пеш омадани чунин вазъро намехоҳанд, лекин бояд корхонаи обу коррези ноҳияро таъмиру таҷдид намоянд. Ростӣ, ҳоли мардумро дидаву дардам кард, ки бар зами бебарқӣ ба сокинон боз беобӣ зам шуд...

 

Чоршанбе, Нояб 25 2020

Хонандагони газетаи мардумии «СССР» дар бораи чойхонаҳои тоҷикӣ, ки ҷойи дӯстдоштании пирони барнодил буду онҷо мӯйсафедон бо ҳам ҷамъ омада, сари 1 пиёла чой сӯҳбатҳои қаймоқӣ доштанд, хеле зиёд менависанд. Воқеан ҳам чойхонаҳо дар кӯчаву маҳалла ва деҳоти шаҳру навоҳии Тоҷикистон агар аз 1 тараф маркази дилхушиву хизматрасонӣ ба шумор раванд, аз тарафи дигар маркази хабару маълумоти итиллооту баҳсу талош ҳам буданд. Ин аст, ки шодравон очакалони 103 солаам гоҳо нақли худро ин тавр шуруъ мекарданд: «бобокалонат аз чойхона гап ёфта омад, ки…»

Чаро дигар дар маҳалҳо чойхонаҳои мардумӣ фаъол нестанд? Чаро чойхонаҳои шаҳрӣ тарабхона шуданд? Чаро соҳибкорон дигар чойхона бунёд намекунанд? Ин буд мавзуе, ки мо ин шумора пайгирӣ намудем. Мо Метавонем!

Чойро арақ иваз кард… 

Тоҳирҷон Сафолов, яке аз ошпазҳои собиқадори пойтахт, ки ҳоло ба ҳайси сарошпаз дар яке аз тарабхонаҳои номдори ш.Душанбе кору фаъолият дорад, мегӯяд, ки чойхонаҳо имрӯз барои соҳибонашон фоида надоранд. 

   - Дар чойхонаи сирф шарқӣ фақат чою нону қанди печаку наботу парварда ва нишолло бояд пешкаш шавад. Вале шумо медонед, ки ба чойхона танҳо пиронсолон меоянду қанду наботашонро бо худ дар остин печонида меоранд ва фақат чой фармоиш медиҳанд. Бо танҳо 1 чойник чой чойхонаро гардондану нигоҳ доштан мушкил аст ва шояд ҳамин сабаб аст, ки аксарияти чойхонаҳо баста шуданд ё фаъолияти кори хешро иваз намуда, ба тарабхона табдили ном карданд. Акнун ҷои чойи гарми кабуд дар ин чойхонаҳо арақи сард мерезанд, - мегӯяд мавсуф.

Чаро «Роҳат» тарабхона шуд?

Имрӯз фаъолони фейсбукӣ дар бораи ҳифзи чойхонаи «Роҳат», ки қарор аст тахриб шавад, зиёд мегӯянду менависанд. Вале мебахшед кадом чойхона??? Роҳат оё чойхона аст? Кай охирон бор дар Роҳат чой хӯрдаед?

 Оре, дар оғоз чойхонаи «Роҳат» ба маънои томаш чойхона буд ва он ҷо мардуми аз деҳот ба пойтахт омада, 1 пиёла чой нӯшида, дам мегирифтанд. Пасон самбӯсаю сихкабобу оши палаву лағмон пайдо шуду чойхона оҳиста-оҳиста бо пешкаш намудани нӯшокиҳои спиртӣ, ки аз чой дида фоидаи бештаре доранд, ба тарабхона мубаддал гашт. Ва тарабхонаи хелееее гаронарзиш!

   - Чойхонаи «Роҳат», алалхусус бинои он ҳеҷ арзишӣ таърихӣ надорад, танҳо тарҳи бинои он моро ба ёди замони шӯравӣ мебарад ва шояд ҳамин аст, ки мардум барои ҳифзи он садо баланд мекунанд. Вагарна «Роҳат»-и имрӯза бо «Роҳат»-и 30 сол пеш ягон тафовут надорад ва соҳибаш ба хотири тиҷорати даромадноки худ чойхонаро тарабхона кардааст, таъкид медорад Тоҳирҷон Сафолов.

Новобаста аз он, ки бархе аз чойхонаҳо дар феҳристи мақомотҳои маҳаллӣ ва нозироти андоз ҳамчун чойхона мондаанд, лек дар асл тарабхонаву қаҳвахона шуда, бо пешкаши анвои гуногуни хӯрок ва хизматрасонӣ-баргузории ҷашну тӯй ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ аз чойхонаи оддӣ будан рӯй гардонидаанд.

Чойхонаҳои маъруфи «Фароғат»-у «Саодат» низ ё аз байн рафтанд ё фаъолияти хешро қатъ карданд ва ё ба ресторану тӯйхона мубаддал шуданд...

Дар пойтахт 1 чойхона намондааст!!!

Пирони барнодилу рӯзгордида имрӯз ниёз ба чойхона доранд. Чойхонаи сирф тоҷикӣ, ки ҷойи онҳоро ягон ҷойи ҷамъиятӣ ё гапхона гирифта наметавонад. Дар пойтахт ҳамин ҳоло қариб, ки ягон чойхона намондааст. 

Чанд чойхонаи миллӣ дар шаҳрҳои Исфараву Истаравшан, Хуҷанду Бохтар ва Кӯлоб мондаанд, ки онҳо ҳам дар ҳоли аз байн рафтананд, зеро соҳибонашон ин маконҳоро табдил ба тарабхона мекунанд. 

Ба пиндори ман, айни замон, ки корҳои бунёдкорӣ ва созанда дар сартосари мамлакат бахшида ба ҷашни тақдирсози миллӣ-30 солагии Истиқлолияти ҶТ идома доранд, раисон бояд дар фикри бунёд ва ташкили чойхонаҳо бошанд. Чаро не? 

Мо пайгири мавзӯ ҳастем. Шумо низ фикру андешаи худро дар ин маврид метавонед ба газетаи мардумӣ ирсол намоед, хонандагони гиромӣ. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

 

М.Аминзода, СССР

 

Панҷшанбе, Нояб 19 2020

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар ҶТ вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шавад.

   Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

 

Чоршанбе, Нояб 18 2020

Мақолаи «Чӣ гуна ман COVID шудам»-и Сайёфи Мизробро, ки дар шумораҳои №40-41 «СССР» 1(5-22 октябри соли 2020) ба табъ расид, пурра хондам. Шукр, ки дӯст ва ҳамкасби мо аз ин беморӣ шифо ёфтааст. Худованд умри дарозаш бидиҳад! Муаллиф дар баробари миннатдорӣ ба табибон рӯйхати дорувориҳоро овардааст, ки гаронарзиш ва истеҳсоли хориҷианд.

Аммо ман чанд нафар дӯстонамро медонам, ки бо истифода аз доруҳои ватании арзон ба фазли Худованд шифо ёфтаанд. Яке аз онҳо сокини маҳаллаи Хоҷа Мӯсои шаҳри Ҳисор Алимардон Ҳусейнов мебошад. Номбурда дар моҳи шарифи Рамазон гирифтори беморӣ шуда, изҳор намуд, ки таъми ғизо ва бӯйро ҳис намекунад, иштиҳоро гум карда, беҳол гаштааст. Яке аз дӯстонаш  7 адад нӯшдоруи аз сиёҳдона тайёркардаи «Антиковид-19»-ро, ки ҳар кадом 100 милилитрӣ мебошанд, барояш дастрас кард. Рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ аз ин давои табиӣ истеъмол намуда, дар 2 ҳафта ба по хеста, фаъолияти соҳибкориашро идома дод.

Сиёҳдона ва асал-аҷали вирус

Сокини маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Абдулазиз  Ҳикматов  бошад, илова ба нӯшдоруи сиёҳдона аз маҳлули пошанда (спрей)-и «Антиковид-19» низ истифода бурда, шифои комил ёфт. Ӯ ба хотири гирифтор нашудан (профилактика) ба бемории COVID-19 ба тамоми аҳли хонаводааш истеъмоли давоҳои мазкурро  тавсия дод.

Сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Полвонов Сифатулло, ки дар миёни 2 ҳафта 4 нафар шахсони барояш азизро аз бемории мазкур аз даст дод, дар хона 1 моҳ бистарӣ шуда, аз равғани сиёҳдона, асал ва нӯшдоруи сиёҳдона  истифода бурда, шукри Худо шифо ёфт. 

Ман низ бо аҳли хонавода аз равғани сиёҳдона, асал, нӯшдоруи сиёҳдона, нӯшдоруи «Авитсенна» (иборат аз 26 гиёҳ), маҳлули пошандаи «Антиковид-19» истифода бурда, бо фазли Худои Меҳрубон аз ин беморӣ эмин мондем. Равғану давоҳои зикршуда истеҳсоли ширкати ватании «Авитсенна» аст, ки сарварии онро Сайидвалӣ Ҳикматов бар дӯш  дорад. Давоҳои истеҳсоли ин ширкати ватанӣ ҳама табиӣ буда, аз доруҳои хориҷӣ арзонтаранд. Барои 1 давраи пешгирӣ (курс профилактика) ва муолиҷа дар маҷмӯъ аз 200 то 500 сомонӣ (максимум) кифоя аст. 

Ба доруи ватанӣ арҷ гузорем

Мутаассифона, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба давоҳои ватанӣ кам эътибор медиҳанд. Аз рӯи тафаккури даврони шӯравӣ амал карда, хаёл мекунанд, ки танҳо моли хориҷӣ босифат аст. Хуб мешуд, ки табибони мамлакат давоҳои ватаниро таҷриба намуда, ба беморон тавсия диҳанд. Зеро солҳои чилум-панҷоҳуми асри гузашта, олмониҳою  япониҳои иқтисодиёташон  баъди ҷанг  харобшуда ҳангоми интихоби мол  ба маҳсулоти ватанӣ (бо вуҷуди  қимат буданаш) арҷ гузошта, истеҳсолоташонро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа корхонаҳои ватаниашон «ҷон гирифта», яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё кишварҳои аз ҳама пешрафта шуданд. Агар мо ҳам маҳсулоти ватаниамонро мисли олмониҳову япониҳо дастгирӣ кунем, корхонаҳои мамлакат, ки тифли навзодро мемонанд, зуд ба по рост хоҳанд шуд. Мо метавонем!.

С. Суннатӣ,  рӯзноманигор 

махсус барои СССР

 

саҳ 27 аз 156

Китобҳо

Flag Counter