ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Нояб 01 2019

    Рӯзи 2.11.2019 аз соати 10:00 то соати 15:00 дар вил.Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. 

    Бино ба иттиллои Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» ба мухбири СССР, қарор аст, пагоҳ дар доираи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар Хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Регар 500»-«Душанбе-500», «Ҷануб-Шимол» ва Зеристгоҳи «Душанбе-500» корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда шуда, бинобар ин интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Бояд гуфт, ки иншооти ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда бо барқ таъмин мегарданд. 

 

 

 

Ҷумъа, Нояб 01 2019

    Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ки вазъи ҳавои номусоид дар ҷумҳурӣ то 4.11.2019 боқӣ монда, сокинони мамлакат аз 1 то 4 ноябри соли ҷорӣ бояд ба сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст камтар баромада, хеле эҳтиёткор бошанд, зеро фаромадани туман дар ағбаҳо аз назар дур нест.

    Чуноне ки маркази матбуоти ин ниҳоди номбурда хабар медиҳад, 1 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вил.Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ борон шиддат гирифта, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. 4-5 ноябр бошад  истиснои ВМКБ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ борону барф борида, дар  минтақаҳои  кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони бошиддат пешбинӣ карда мешавад. 

 

Ҷумъа, Нояб 01 2019

    Ширкати ҳавопаймоии миллии «Сомон эйр» парки ҳавопаймоии хешро бо 1 адад чархболи нави H125 ғанӣ гардонид. H125 дар Қазоқистон аз ҷониби ширкати муштараки Eurocopter Kazakhstan Engineering васлу насб гардида, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

    Тавре ба мухбири мо котиби матбуотии ширкати номбурда Тимур Бандишоев хабар дод, роҳандозии лоиҳаи мазкур дар ҳамдастӣ ва маблағгузории ҶС “Ширкати суғуртаи содиротии Казахэкспорт” ва ҶСК “Ориёнбонк”, инчунин иштироки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон имконпазир гардидааст.

   Чархболи H125 дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофиронро дорад. Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.

 

Чоршанбе, Окт 30 2019

Салом, СССР! Мо-мусофирони хатсайри №55, ки ҳар саҳар аз истгоҳи бозори «Балх» ба тарафи маҳаллаи 46 (чорроҳаи бозори Саховат-Маркази савдои Содот) ба кор меравем, бо назардошти адолат ба СССР муроҷиат мекунем. Гап сари он аст, ки ронандаҳои ин хатсайр низомномаи ташкилоташон ва қонунҳои таъйинкардаи Ҳокимияти ш.Душанберо пушти по зада, аз пеши худ қонуни нав эҷод мекунанд. Аниқтараш, масофаи аз рӯи қонун таъйиншудаи хатсайр (яъне то маҳаллаи 46)-ро худсарона кӯтоҳ карда, мусофиронро дар истгоҳи ГАИ пурра мефароранд. Баъди ин 100-200 метр поёнтар рафта, аз нав мусофир мегиранд ва роҳро давом медиҳанд. Ба ин восита онҳо пули бисёртар даромад мекунанд, лек дар натиҷа садҳо коргар ва донишҷӯ ба замми 2 сомонии изофагӣ вақти қимати худро бой дода, ба кор ва дарс дер мемонанд. Боиси таассуф аст, ки нозирони сершумори ин хатсайр ин қонуншиканиро дида, қасдан чашм мепӯшанд. Инчунин ба назар гирифтан даркор, ки 2 сомонӣ барои донишҷӯён аҳамияти калон дорад. Чунин қонунвайронкунии рӯиростро дар аксарияти хатсайрҳо дидан мумкин. Мо аз аввал хостем рост ба Ҳукумати ш.Душанбе муроҷиат кунем. Вале бо маслиҳати якчанд нафари босавод редаксияи шуморо интихоб намудем. Зеро бовар дорем, ки шумо ба мушкилиҳои ба сари халқи оддӣ омада бетараф нестед ва барои ҳалли пурраи онҳо кӯшиш менамоед. Аниқтараш Мо Метавонем!

Ахмедов С., Зоиров Ш., Баҳодурзода Ю.Ҷ. ш.Душанбе,

 тел: 93 593 23 28, 92 878 29 90

 

Ҷумъа, Окт 25 2019

   Пагоҳ, 26.10.2019 дар назди Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор хоҳад шуд. Он бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ва Вазорати кишоварзии ҶТ сурат гирифта, қарор аст дар он хоҷагиҳои шоликори кишвар маҳсули дастранҷи хешро ба сокинони пойтахт пешниҳод намоянд.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, ҳамчунин дар фестивал таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ густурда ва барномаи фарҳангӣ доир хоҳад гашт.

 

 

 

Чоршанбе, Окт 23 2019

(«Ликбез» барои масъулини эродгир)

Вазорати фарҳанги ҶТ бо ирсоли 1 номаи эътирозӣ ба унвони идораи Газетаи мардумии СССР-аз 20.09.2019, таҳти №1-04/2597, ки бо имзои шахсии Шамсиддин Орумбекзода расидааст, ҳайати эҷодии ҳафтаномаро ба вайрон намудани муқаррароти моддаҳои 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 4 ва 6-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» айбдор сохт. Дар номаи Орумбекзода аз ҷумла омадааст: «Дар мақолаҳо овардани мафҳумҳои «оппонентҳои мо», «муфаххирам», «ҷалабизм», «фархак-памперс», «тряпка-латтамард» ва бисёр дигар мафҳумҳо ба муқаррароти қонунҳои мазкур ҷавобгӯ набуда, маълумот ва ҷавобгарии муаллиф ва нашрияро талаб менамояд». Инчунин, дар идомаи нома гуфта мешавад, ки ҳангоми навишти ин калимаҳо имлои забони тоҷикӣ риоя нагаштааст.

Хуб, ҷаноби вазир! Дар масъалаи калимаҳои дигар чизе намегӯям, зеро агар хуб кобему ҷӯему омӯзем, ҳатман онҳо решаи тоҷикӣ хоҳанд пайдо кард, аммо ҳоло ман мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба 1 калима-«фархак» ҷалб намоям. Бояд бигӯям, ки фархак калимаи шевагӣ буда, мардуми кӯҳистони тоҷик аз қадимулайём 1 латтаеро печонида байни пои кӯдаки навзоду ширхор мегузоштанд, то ин ки либосҳои дигарашро тар накунад, фархак мегуфтанду ҳоло ҳам мегӯянд. Бовар дорам, ҳатман рӯи сибаи гоҳвораи шумо ва дигар нуктагирони газетаи мардумӣ, модаронатон ҳатман фархак мегузоштанд! Истифодаи ин калимаи зебои лаҳҷавӣ ба ҷои «ӯребча», ки аз памперси имрӯз қабулшуда садҳо км дур аст, чӣ бадӣ дорад!? Охир, ба истифода баровардани калимаҳои зебои лаҳҷавию шевагии забони тоҷикиро, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, чанде пеш дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон низ ба Шумо ва дигар масъулони ин соҳа таъкид ҳам карда буд:

«Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб мераванд, бояд таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад. Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд.»

Эмомалӣ Раҳмон, 4.10.2019, ш.Душанбе

   Уребча-рӯмоли секунҷа ё памперс?

Калимаи уребча дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ маънои рӯмоли сегӯша ва ё секунҷаи занонаро дорад. Ҳатто тарҷумаи он бо забони русӣ низ «косынка» буда, дар саҳфаи интернетии «Вожаҷӯ» низ уребча ба маънои сарбандаки сегӯшаи занона омадааст. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андешад, ки чӣ гуна сарбандаки сегӯшаи занона имрӯз памперс шудаву кушоду равшан бо ин ном таблиғ мешавад.

Воқеан, ҳам калимаи уребча дар шеваи мардуми Суғд, хоса, Истаравшану Зафарободу Деваштичу Исфараву Конибодом ва Ашту Мастчоҳ хеле зиёд истифода шуда, чуноне ки модари ҳамкасби мо-Пӯлод Нуров иброз дошт, он ба маънии рӯмоли секунҷаест, ки занҳо дар иду тӯйу сур яктарафа карда мебастанду ба ҷашн мерафтанд. Арӯсони нав низ рӯмоли сегӯшаро гирди тоқӣ баста, ба сар мекарданд. Дар ин бора ба мо ҳатто холаи кӯлобӣ-момаи Бибихоли 82 сола аз н.Ҳамадонӣ, ки меҳмони духтараш буд, иттилоъ дод. Холаи Бибихол низ афзуд, ки арӯсони суғдӣ рӯмоли сегӯшаро ба сар қаҷ баста, онро уребча мегӯянд. Дар Кӯлоб ин тарзи рӯмолбандиро «чунг ё чунгак» мегӯянд. Ин маъниро боз 10 нафар занони рӯзгордида низ тасдиқ намуданд ва ҳоло боз ҳам суол ба Гавҳарбону Шарофзода ва Шамсиддин Орумбекзода дорем, ки чаро ва чигуна уребчаро аз тоқи сари арӯсон то таки кӯдак фаровардаву памперс кардаанд? Оё ҷои таҳқири уребчаи бонувони шимол, «памперсу подгузник»-ро фархак гӯем, беҳтар нест!? Ба пиндори мо фархак 100% метавонад номи русии «памперс» ё «подгузник»-ро иваз намояд ва ин дурусттарин намунаи тарҷумаи ин калимаҳост, на уребчае, ки ҳоло ба пуррагӣ истифода мебаред! Мо Метавонем!

Мину Аминзода, СССР

 

саҳ 45 аз 156

Китобҳо

Flag Counter