Салом, СССР! Мо-мусофирони хатсайри №55, ки ҳар саҳар аз истгоҳи бозори «Балх» ба тарафи маҳаллаи 46 (чорроҳаи бозори Саховат-Маркази савдои Содот) ба кор меравем, бо назардошти адолат ба СССР муроҷиат мекунем. Гап сари он аст, ки ронандаҳои ин хатсайр низомномаи ташкилоташон ва қонунҳои таъйинкардаи Ҳокимияти ш.Душанберо пушти по зада, аз пеши худ қонуни нав эҷод мекунанд. Аниқтараш, масофаи аз рӯи қонун таъйиншудаи хатсайр (яъне то маҳаллаи 46)-ро худсарона кӯтоҳ карда, мусофиронро дар истгоҳи ГАИ пурра мефароранд. Баъди ин 100-200 метр поёнтар рафта, аз нав мусофир мегиранд ва роҳро давом медиҳанд. Ба ин восита онҳо пули бисёртар даромад мекунанд, лек дар натиҷа садҳо коргар ва донишҷӯ ба замми 2 сомонии изофагӣ вақти қимати худро бой дода, ба кор ва дарс дер мемонанд. Боиси таассуф аст, ки нозирони сершумори ин хатсайр ин қонуншиканиро дида, қасдан чашм мепӯшанд. Инчунин ба назар гирифтан даркор, ки 2 сомонӣ барои донишҷӯён аҳамияти калон дорад. Чунин қонунвайронкунии рӯиростро дар аксарияти хатсайрҳо дидан мумкин. Мо аз аввал хостем рост ба Ҳукумати ш.Душанбе муроҷиат кунем. Вале бо маслиҳати якчанд нафари босавод редаксияи шуморо интихоб намудем. Зеро бовар дорем, ки шумо ба мушкилиҳои ба сари халқи оддӣ омада бетараф нестед ва барои ҳалли пурраи онҳо кӯшиш менамоед. Аниқтараш Мо Метавонем!
Ахмедов С., Зоиров Ш., Баҳодурзода Ю.Ҷ. ш.Душанбе,
тел: 93 593 23 28, 92 878 29 90