Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафари кории худ ба н.Зафарободи вилояти Суғд дар деҳоти Равшани ин ноҳия бо фаъолияти фермаи инноватсионии парвариши чорвои шохдор-бузҳои зотии аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуд. Бояд гуфт, ки фермаи мазкур соли 2015 дар худуди фермаи хусусигардонидашудаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров ва шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар оғоз танҳо 10 бузи ширдеҳ парвариш меёфту халос.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, чунин фермаи махсуси инновасионии бузпарварӣ дар минтақа нахустин буда, дар муддати 4 сол саршумори бузҳо аз 10 то ба 240 сар расонида шуд. Аз ин теъдод 100 сар бузҳо ширдеҳ буда, ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна дар 1 шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил менамояд. Фермаи мазкур бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҷеври Диллон ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон худ фаъолияти фермаро муаррифӣ намуда, барои эшон аз имкониятҳои имрӯзаи фермаи беҳамто нақл кард.
Субҳи имрӯз бо ҳавопаймои ширкати «Сомон эйр» 170 нафар мусофирон-нахустин зоирини имсолаи ҳаҷ аз ш.Мадина ба Душанбе баргаштанд.
1 рӯз пеш бошад тавассути ҳавопаймои ширкати «Тоҷик эйр» гурӯҳи нахустини зоирин аз ш.Мадина ба ш.Хуҷанд баргашта, қарор аст то 10 рӯзи оянда тамоми зоирини тоҷик ба Ватан баргарданд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати ба қайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15-уми феврали соли оянда тамдид карда шуд. Пештар ин муҳлат то 15-уми августи имсол муқаррар шуда буд. Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба қарори ҳукумат тағйирот ворид шуда, муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи нав то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда шуд. Ин қарор рӯзи 15-уми август аз сӯи раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст. Дар ин қарор, ки дар "Ҷумҳурият" -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба нашр расид, омадааст, ки дар қарори қаблӣ, "рақам ва калимаи "6 моҳ" ба калимаҳои "як сол" иваз карда шаванд".
Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Вақтҳои ахир сокинони пойтахт дар мавриди эҳёи ҳавзҳои шиноварӣ микрорайону маҳаллаҳои шаҳр хеле зиёд сӯҳбат мекунанд. Чанд нафар аз хонандагони газетаи мардумии СССР низ ба идора занг зада, дар бораи эҳёи дубораи ҳавзҳои шиноварии дар замони шӯравӣ бунёдшуда ба мо гуфтанду хостанд, ки мо ин масъаларо бо масъулини шаҳри Душанбе дар миён гузорем.
Воқеан ҳам насли калонсоли мо хуб ёд доранд, ки дар замони шӯравӣ қариб дар назди ҳар 1 бинои истиқоматӣ ва ё маркази маҳаллаҳо ҳатман ҳавзи шиноварӣ вуҷуд дошту кӯдакони маҳал дар он оббозӣ карда, аз хурдӣ шиновариро меомӯхтанд. Бассейнҳои бо номи «Гитара» ва «Орленок», ки аз лиҳози дарозӣ ва паҳноӣ калонтарин дар пойтахт буданд, ҳавзҳои машҳур ҳисобида мешуданд ва барои мо-насли навраси 25 сол пеш оббозӣ кардан дар ин ҳавзҳо боиси фахр буд. Бо мурури замон ин ҳавзҳо беоб шуданду бекор ва ба ёди хомӯшӣ рафтанд. Бо мақсади бунёди майдончаҳои варзишӣ аксарияти ҳавзҳои пойтахт таҷдиду азнавсозӣ гашта, ба ҷояшон майдончаҳои футболу волейбол ва макони бозӣ пайдо шуданд. Агар дар ягон гӯшаи пойтахт ҳавзе монда бошад ҳам, дар ояндаи наздик он ҳатман тахриб ва ба ҷояш иншооти наве сохта хоҳад шуд.
Зувайдзода: «Дар микрорайонҳо ҳавзҳои шиноварӣ месозем!»
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба суоли хабарнигори мо дар мавриди бунёди ҳавзҳои шиноварӣ иброз дошт, ки шаҳрдорӣ сари ин масъала тадбирҳои мушаххас андешида истодааст ва аз оғози с.2020 ба сохтани ҳавзҳои шиноварӣ ва оббозии истифодаи умум дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт оғоз хоҳад кард.
-2 соли охир мо бештар таваҷҷӯҳро ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона равона намудем ва то охири соли ҷорӣ боз 58 майдончаи нави варзишӣ дар микрорайону маҳаллаҳои Душанбе ба истифода хоҳанд дода шуд. Айни замон дар ҳудуди пойтахт 60 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, ки аз он 12 бассейн дар таъмиранд. Аён аст, ки ин ҳавзҳо аз лиҳози иқтисодӣ на ба ҳама дастрасанд. Қарор аст дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ Қасри бузургтарин ва муосиртарини варзишӣ дар маҳаллаи гардиши Лучоб ба истифода дода шавад ва дар ин маҷмаа 6 ҳавзи нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Аммо медонем, сокинони шаҳр мехоҳанд, ки бассейнҳои хурду миёна маҳз дар микрорайонҳо сохта шаванд ва аз оғози с.2020 мо аз ҳамаи онҳое, ки дар ҳудуди ш.Душанбе майдончаи варзишӣ ва бозӣ месозанд, ба нақшаи сохтмони он бунёди ҳавзи оббозиро низ илова намуда, сохтмонашро талаб хоҳем кард,-таъкид дошт Зувайдзода.
Ҷ.Ҳусейнова, СССР
Калимаи «иҷборӣ» дар ҳама давру замон, дар ҳама кору фаъолияти инсонҳо ягон хосияти хуб надошт, надорад ва нахоҳад дошт! «Иҷборӣ» танҳо ба шахсони тундрав ва тундгарое дахл дорад, ки қонуншиканӣ намуда, ба қонунҳои давлат итоат намекунанд. Дар асл «иҷборӣ» ин поймол намудани ҳуқуқи инсон аст, ки дар шаклҳои зерин ба назар мерасанд:
-Роҳбарони ҲНИТ с.1992 аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ истифода карда, хостанд «иҷборӣ» Тоҷикистонро давлати исломӣ кунанд, вале зуд шикаст хӯрданд.
-ҲНИ с.2015 хост, мусалмонҳои суннимазҳабро бо роҳбарии хоҷагони хориҷиашон «иҷборан» ба шиамазҳабӣ табдил диҳанд, аммо тирашон хок хӯрд.
-Мусалмонҳои дунё «мӯъмин-бародари мӯъмин» гуфта, бо нидоҳои «Оллоҳу Акбар!» «иҷборан» ҳамдигарро сар мезананд.
-Китобҳои навқаламони худрӯро «иҷборан» ба мардум бо нархи гарон фурӯхтем,у касе ҳатто онҳоро варақ ҳам намезанад.
-«Гӯшаеро обод мекунем» гуфта, аз мардум «иҷборан» пул ғундоштем, аммо баръакс гулистонро ба чӯлистон табдил додем.
-Соли 2015-ро «Соли оила» эълон кардем. Аз сабаби он ки нақша-чорабиниҳо «иҷборӣ» буд, ба тақаллубу риёкориҳо роҳ додем. Дар натиҷа тибқи нишондоди омор с.2016 дар ҷумҳурӣ 8861 оила пош хӯрда бошад, ин нишондод дар с.2017 ба 10.100 расид, ки нисбати соли қаблӣ 1239 нафар зиёд шуд.
-Ҷавононро «иҷборан» ба хизмати ҳарбӣ бурдем!
-Ба хотири «иҷборан» тарғиб кардани манъи тамошои филмҳои туркӣ мардум туркгаро шуда истодаанд.
-Мардумро «иҷборан» ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна кунонидем, аммо хонданро фаромӯш кардем (бо истиснои рӯзномаҳои озод, чунки иҷборӣ нестанд).
-Бо супориш чиптаҳоро ба идораву муассисаҳо «иҷборан» мефурӯшанд. Вале аксари кормандон ба тамошои намоишномаҳо намеоянд, ё кӯдакро равон мекунанд, ки ин боиси халалрасонӣ ба рафти намоишномаҳо мегардад.
-Роҳбарону масъулон барои пур кардани толорҳо, гузаронидани маҷлису ҷамъомад ва дигар чорабиниҳо таваҷҷуҳи мардумро на бо роҳи табиӣ, балки сунъӣ-«иҷборан» ҷалб менамоянд…
Хуллас, на ба таври маҷбуриву таҳдид ва зӯру фишор, балки танҳо бо фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиб ва ҳавасмандкунӣ завқи мардумро бедор кардан мумкин асту халос!
Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар