Калимаи «иҷборӣ» дар ҳама давру замон, дар ҳама кору фаъолияти инсонҳо ягон хосияти хуб надошт, надорад ва нахоҳад дошт! «Иҷборӣ» танҳо ба шахсони тундрав ва тундгарое дахл дорад, ки қонуншиканӣ намуда, ба қонунҳои давлат итоат намекунанд. Дар асл «иҷборӣ» ин поймол намудани ҳуқуқи инсон аст, ки дар шаклҳои зерин ба назар мерасанд:
-Роҳбарони ҲНИТ с.1992 аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ истифода карда, хостанд «иҷборӣ» Тоҷикистонро давлати исломӣ кунанд, вале зуд шикаст хӯрданд.
-ҲНИ с.2015 хост, мусалмонҳои суннимазҳабро бо роҳбарии хоҷагони хориҷиашон «иҷборан» ба шиамазҳабӣ табдил диҳанд, аммо тирашон хок хӯрд.
-Мусалмонҳои дунё «мӯъмин-бародари мӯъмин» гуфта, бо нидоҳои «Оллоҳу Акбар!» «иҷборан» ҳамдигарро сар мезананд.
-Китобҳои навқаламони худрӯро «иҷборан» ба мардум бо нархи гарон фурӯхтем,у касе ҳатто онҳоро варақ ҳам намезанад.
-«Гӯшаеро обод мекунем» гуфта, аз мардум «иҷборан» пул ғундоштем, аммо баръакс гулистонро ба чӯлистон табдил додем.
-Соли 2015-ро «Соли оила» эълон кардем. Аз сабаби он ки нақша-чорабиниҳо «иҷборӣ» буд, ба тақаллубу риёкориҳо роҳ додем. Дар натиҷа тибқи нишондоди омор с.2016 дар ҷумҳурӣ 8861 оила пош хӯрда бошад, ин нишондод дар с.2017 ба 10.100 расид, ки нисбати соли қаблӣ 1239 нафар зиёд шуд.
-Ҷавононро «иҷборан» ба хизмати ҳарбӣ бурдем!
-Ба хотири «иҷборан» тарғиб кардани манъи тамошои филмҳои туркӣ мардум туркгаро шуда истодаанд.
-Мардумро «иҷборан» ба рӯзномаву маҷаллаҳо обуна кунонидем, аммо хонданро фаромӯш кардем (бо истиснои рӯзномаҳои озод, чунки иҷборӣ нестанд).
-Бо супориш чиптаҳоро ба идораву муассисаҳо «иҷборан» мефурӯшанд. Вале аксари кормандон ба тамошои намоишномаҳо намеоянд, ё кӯдакро равон мекунанд, ки ин боиси халалрасонӣ ба рафти намоишномаҳо мегардад.
-Роҳбарону масъулон барои пур кардани толорҳо, гузаронидани маҷлису ҷамъомад ва дигар чорабиниҳо таваҷҷуҳи мардумро на бо роҳи табиӣ, балки сунъӣ-«иҷборан» ҷалб менамоянд…
Хуллас, на ба таври маҷбуриву таҳдид ва зӯру фишор, балки танҳо бо фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиб ва ҳавасмандкунӣ завқи мардумро бедор кардан мумкин асту халос!
Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор