Вақтҳои ахир сокинони пойтахт дар мавриди эҳёи ҳавзҳои шиноварӣ микрорайону маҳаллаҳои шаҳр хеле зиёд сӯҳбат мекунанд. Чанд нафар аз хонандагони газетаи мардумии СССР низ ба идора занг зада, дар бораи эҳёи дубораи ҳавзҳои шиноварии дар замони шӯравӣ бунёдшуда ба мо гуфтанду хостанд, ки мо ин масъаларо бо масъулини шаҳри Душанбе дар миён гузорем.
Воқеан ҳам насли калонсоли мо хуб ёд доранд, ки дар замони шӯравӣ қариб дар назди ҳар 1 бинои истиқоматӣ ва ё маркази маҳаллаҳо ҳатман ҳавзи шиноварӣ вуҷуд дошту кӯдакони маҳал дар он оббозӣ карда, аз хурдӣ шиновариро меомӯхтанд. Бассейнҳои бо номи «Гитара» ва «Орленок», ки аз лиҳози дарозӣ ва паҳноӣ калонтарин дар пойтахт буданд, ҳавзҳои машҳур ҳисобида мешуданд ва барои мо-насли навраси 25 сол пеш оббозӣ кардан дар ин ҳавзҳо боиси фахр буд. Бо мурури замон ин ҳавзҳо беоб шуданду бекор ва ба ёди хомӯшӣ рафтанд. Бо мақсади бунёди майдончаҳои варзишӣ аксарияти ҳавзҳои пойтахт таҷдиду азнавсозӣ гашта, ба ҷояшон майдончаҳои футболу волейбол ва макони бозӣ пайдо шуданд. Агар дар ягон гӯшаи пойтахт ҳавзе монда бошад ҳам, дар ояндаи наздик он ҳатман тахриб ва ба ҷояш иншооти наве сохта хоҳад шуд.
Зувайдзода: «Дар микрорайонҳо ҳавзҳои шиноварӣ месозем!»
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба суоли хабарнигори мо дар мавриди бунёди ҳавзҳои шиноварӣ иброз дошт, ки шаҳрдорӣ сари ин масъала тадбирҳои мушаххас андешида истодааст ва аз оғози с.2020 ба сохтани ҳавзҳои шиноварӣ ва оббозии истифодаи умум дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт оғоз хоҳад кард.
-2 соли охир мо бештар таваҷҷӯҳро ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона равона намудем ва то охири соли ҷорӣ боз 58 майдончаи нави варзишӣ дар микрорайону маҳаллаҳои Душанбе ба истифода хоҳанд дода шуд. Айни замон дар ҳудуди пойтахт 60 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, ки аз он 12 бассейн дар таъмиранд. Аён аст, ки ин ҳавзҳо аз лиҳози иқтисодӣ на ба ҳама дастрасанд. Қарор аст дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ Қасри бузургтарин ва муосиртарини варзишӣ дар маҳаллаи гардиши Лучоб ба истифода дода шавад ва дар ин маҷмаа 6 ҳавзи нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Аммо медонем, сокинони шаҳр мехоҳанд, ки бассейнҳои хурду миёна маҳз дар микрорайонҳо сохта шаванд ва аз оғози с.2020 мо аз ҳамаи онҳое, ки дар ҳудуди ш.Душанбе майдончаи варзишӣ ва бозӣ месозанд, ба нақшаи сохтмони он бунёди ҳавзи оббозиро низ илова намуда, сохтмонашро талаб хоҳем кард,-таъкид дошт Зувайдзода.
Ҷ.Ҳусейнова, СССР