ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар соли 2018 ба 1,340,692 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,6% ё 20,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар соли 2018 – 2523,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 20172,0%ё 50,0 тн. зиёдтар аст. Миқдори рейсҳои доимӣ, ки ба онҳо хизмат расонида шудааст (мунтазам) – 5777 адад (дар соли 2017 – 5549 адад), яъне назар ба соли 20174,1 % ё 228 рейс зиёдтар.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, дар давраи ҳисоботӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1337 эрод ворид шудааст, аз онҳо 1300 эрод қонеъ гардонида шуд ва 37 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Қайд кардан лозим аст, ки аз 1337 эроди воридгардида 1282 эрод дар бораи дер омадани бағоҷи мусофирон аз фурудгоҳи парвози ҳавопаймоҳо, 29 эрод дар бораи дуздӣ ва норасоӣ дар бағоҷҳои мусофирон ва 26 эрод дар бораи осебёбии бағоҷи мософирон мебошанд.
Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар соли ҷорӣ 1228 ададро ташкил дод (дар соли 2017 – 1296 адад), яъне назар ба соли 2017 – 5,3% ё 68 парвоз камтар.
Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд:
- дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 925 ҳодиса.
- дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 117 ҳодиса.
- гуногун- 94 ҳодиса.
- номусоидии обу ҳаво – 49 ҳодиса.
- ҷорӣ будани реҷа – 18 ҳодиса.
- дахолати хадамоти гумрук – 13 ҳодиса.
- дахолати хадамоти сарҳад –8 ҳодиса.
- таъминот бо сӯзишворӣ – 4 ҳодиса.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 4 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Turkish Airlines», “Kam air», “Хатҳои ҷанубии Хитой”, FlyDubai ), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил («Сибир”, “Ют Эйр”, “Урал” - Россия, “Авиатрафик” - Қирғизистон, “Эйр Астана”, СКАТ – Қазоқистон, “Ӯзбекистон ҳаво Йуллари”-Ӯзбекистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.
Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори умумии рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар 1 рӯз 15 ададро ташкил медиҳад.
17.01.2019 соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ дар километри 32-юми мавзеи Баржири ҷамоати деҳоти Аскар Замирови н.Ишкошим зимни тоза кардани роҳ аз кӯҳ тарма фаромада, 3 нафар корманди Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди н.Ишкошим зери тарма мемонанд. Дар натиҷа 2 нафари он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 1 нафар наҷот дода мешавад.
Бино ба иттилои дарёфта, нафарони фавтида-нигоҳдорони қисмати ин роҳ-падару писар Ақризобек Уталбекови 64- сола ва Мастулбек Уталбекови 41-сола, сокинони деҳаи Андароби н.Ишкошим буда, ба тоза кардани қисмати роҳи мошингарди «Хоруғ-Ишкошим» машғул буданд. Ронандаи техникаи роҳтозакунии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия Амирбек Шодмонбеков, соли таваллудаш 1967 аз зери тарма наҷот дода шуда, сари вақт ба беморхона интиқол гардид.
Дар мудати кӯтоҳ пас аз омадани шаҳрдори ҷавони Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе-пойтахти азизи кишварамонро шинохтан душвор шудааст. Боғу гулгаштҳои муосир, биноҳои замонавӣ, нақлиёти мусофиркаш, пулҳо азнавсозӣ шуда, кӯчаҳои васеъшудаву марказҳои нави тиҷоратӣ-ҳамагӣ шукуфтаву оро ёфта, ҳаваси ҳар 1 сокин ва меҳмони пойтахтро меоранд. Алалхусус, пулҳои роҳи оҳане, ки дар ш.Душанбе воқеъанд, азнавсозӣ гашта, на танҳо намуди зоҳирӣ, балки хатҳои муҳандисии зеризаминии хешро низ пурра нав кардаанд. Гузаргоҳҳои зери пулҳо низ таъмиру таҷдид гашт, вале бархе аз гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр то имрӯз ҳоли табоҳ ва ба таъмири оҷилӣ ниёз доранд. Яке аз чунин гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар хиёбони С.Шерозӣ, рӯбарӯи даромадгоҳи асосии Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик» қарор дорад. Он мисли дигар гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр дар замони шӯравӣ сохта шуда, айни замон аҳволи бад дорад. Хосса, дар фасли сармо оби борону барф тариқи дару девораш шорида, фарши онро пур аз обу лой мекунанд. Зинаҳои гузаргоҳ аз ҳар 2 тараф кӯҳнаву шикаста, ниёз ба таъмиру таҷдид доранд. Дар дохили гузаргоҳ чанд дӯконе ҳаст, вале дари аксари онҳо баста буда, танҳо 1 дӯкони атриёт боз асту халос. Барои фурӯшандагони ин дӯкон низ нишастан дар ин фасл хатарнок аст, ҳам аз болои сар об мешораду ҳам обу ҳавои дохили гузаргоҳ наму заҳ аст. Дару девор ва фарши гузаргоҳ низ ба таъмири пурраи оҷилӣ ниёз доранд.
Чанде пеш аз тарафи маъмурияти Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик» майдони рӯбарӯи идораи марказӣ таҷдид карда шуда, ба гулгашти зебо табдил ёфт. Гузаргоҳи зеризаминӣ аз ин гулгашти нави «Нассоҷи тоҷик» ҳамагӣ дар 5-8 метр фосила қарор дорад. Магар хуб намешуд дар баробари таҷдиди гулгашт маъмурияти ин корхонаи калонтарини кишвар таъмиру азнавсозии гузаргоҳи зеризаминии назди худро низ бар ӯҳда мегирифт? Охир, аз ин гузаргоҳ бештар аз ҳама коргарони «Нассоҷи тоҷик» мегузаранд-ку! На танҳо ин гузаргоҳ, балки 2 гузаргоҳи зеризаминии назди Сирки давлатии пойтахт низ ҳоло ҳоли табоҳ дошта, ниёз ба таъмиру таҷдиди оҷилӣ доранд.
Ҷамили Амин, СССР
Ман бо ҳамкорон моҳе 1 бор ҳатман ба тарабхонаи «Роҳат» (рӯбарӯи Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик») меравем. Тарабхона ҳам ба идора наздик асту ҳам дар инҷо намудҳои гуногуни кабобҳоро омода мекунанд, ки таъми ба худ хос доранд. Дар бораи камбудиҳои тарабхона, хосса, бахши хизматрасонӣ ва ороиши миз низ дарҳол ба маъмурият мегӯему хабар медиҳем, то ин ки камбуд ҳарчӣ зудтар ислоҳ гардад. 1 камбудии тарабхона он аст, ки ҳамеша рӯи миз дар назди мизоҷ ҳатман табақча ё пиёлаи шикаста мебинед ва бо садҳо маротиба гуфтанҳои мо-мизоҷон ин камбудиро маъмурияти «Роҳат» ислоҳ накарданд, ки накарданд!
Зарфи шикаста ва дастархони сӯхта
4.01.2019, соати 12:00 бо вақти Душанбе ба хотири хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ дастаҷамъона бо ҳамкорон боз ба «Роҳат» рафтем. Дар тарабхона одам кам буду мо дар шафати он мизеро интихоб карда нишастем. Чанд ҷои хони рӯи миз сӯхта сиёҳ шуда буд. Маълум аст, ки сари ин миз қаблан мизоҷони сигоркаш нишаста будаанд, вале маъмурият ҳатман бояд дастархони сӯхтаро пас аз рафтани меҳмонон иваз менамуд. Пешхизматро даъват намуда, хӯрок фармудему дар интизори 1 чойник чойи кабуд сӯҳбатамон гарм шуд. Ҳамзамон рӯи миз нигариста, дидам, ки ҳар зарфе рӯи мизамон буд, лабу гӯши паридаву шикаста дошт-лаби пиёла паридаву гӯшаи табақчаҳо шикаста, бар замми ин табақчаи назди маро тоза нашустаанд, ки 1 паҳлӯяш равғанин ва ранги сурх монда буд. Табақчаро ба пешхизмат додам, то иваз намояд. Зарфи дигарро овард, ки он ҳам лабпаридаву равғанин буд. Хулоса, аз дидани чунин зарфҳо ва «тозагии» рӯи миз иштиҳо гашт.
Барои ивази зарф сӯхтор лозим?
Агар гӯем, ки солҳои охир сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳатто таъми хӯрок дар «Роҳат» ба таври манфӣ дигаргун шудаву бо ҳарду по мелангад, хато намешавад. Зарфҳои ба пуррагӣ шикаставу лабпарида ва хонҳои сӯхта танҳо 1 камбудии ин тарабхона аст, ки ҳамеша бо он рӯбарӯ мешавему мегӯем, лек маъмурияти тарабхона гуфтаҳои мизоҷонро ҷиддӣ қабул намекунанд ё намехоҳанд қабул созанд. Магар онҳо эҳсос намекунанд, ки ба ҷуз «Роҳат» теъдоди тарабхонаҳо дар атроф зиёд шудаву сатҳи хизматрасониро бояд беҳтару хубтар кард, то мизоҷ аз «Роҳат» рӯ нагардонад. Ё барои мудирияти «Роҳат» дигар омадани мизоҷ муҳим нест? Охир, бе ин ҳам шумораи меҳмонҳоятон рӯз аз рӯз камтар шуда истодааст-ку! Ё шояд шумо мисли дар гузашта бо сар андохтани сӯхтор ин мушкилоти худро ҳал мекунед? Барои иваз кардани зарфҳои шикаставу дастархони сӯхта оташбозӣ лозим нест, барои ин танҳо хоҳиш даркор асту халос, мӯҳтарам маъмурияти тарабхонаи «Роҳат»!
Ҷ.Мақсуд, СССР
Аз редаксия: Аҳволи бадтар аз «Роҳат»-ро дар тарабхонаи рӯбарӯи он-«Лола» низ дидан мумкин!!! Пеши «клиент»-и «Лола» на танҳо зарфу косаву пиёлаҳои шикаставу лабпарида гузоштаанд, ҳатто рӯи миз дандонковак (зубочистка) ва «салфетка» намеёбед!!!
Сар аз 16.01.2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33, ки аз маҳаллаи Фучик то Терминали мусофирбари дарвозаи ҷанубӣ рафтуомад мекунанд, тавассути к.Н.Қаробоев манъ карда мешавад.
Чуноне ки дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе омадааст, ин иқдом бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар ин ҳолат шумораи автобусҳои №2 (Терминали мусофирбарии Шарқ-транс — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ), автобусҳои №18 (кӯчаи Гагарин — маҳаллаи Пахтакор), троллейбусҳои №4 (маҳаллаи Гулбутта — Фурудгоҳ), №12 (Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта) зиёд ва фосилаи ҳаракати онҳо кам карда мешавад.
Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт озмуни худро дар мавзӯи «Тарабхонаи шаҳрӣ ва қаҳвахона бо терраса» ҷамъбаст намуда, тибқи натиҷаҳои озмун 3 ширкат барранда эълон гардиданд. Гуфта мешавад, ки ба озмун беш аз 50 лоиҳа пешниҳод гардида, Шӯрои шаҳрсозии Сарраёсати мазкур танҳо 3 лоиҳаро қабул ва ғолиб донистааст.
Ҳамин тавр, ҷойи якум ба лоиҳаи тарабхонаи бразилиягӣ бо номи «Латино», ки аз тарафи ширкати Cool design тарҳрезӣ шуда буд, насиб гашт. Ин тарабхона барои 150 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт.
Ҷойи дуюм насиби лоиҳаи тарабхонаи туркии "OZYURT" гардид, ки он аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» омода шуда, тарабхона бо назардошти 120 ҷойи нишаст сохта мешавад.
Ҷойи сеюм ба лоиҳаи тарабхонаи миллӣ барои гузаронидани чорабиниҳои бошукӯҳ, ки аз тарафи Институти «Душанбешаҳрсоз» лоиҳакашӣ карда шудааст, дода шуд. Ин тарабхонаи миллӣ барои 160 нафар пешбинӣ шудааст.
Бунёди ин тарабхонаҳо дар ояндаи наздик оғоз гашта, тӯҳфаест ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар