ХАБАРИ ДОҒ

Зарфҳои шикастаи «Роҳат»-ро иваз кунед!

  • Чоршанбе, Янв 16 2019


Ман бо ҳамкорон моҳе 1 бор ҳатман ба тарабхонаи «Роҳат» (рӯбарӯи Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик») меравем. Тарабхона ҳам ба идора наздик асту ҳам дар инҷо намудҳои гуногуни кабобҳоро омода мекунанд, ки таъми ба худ хос доранд. Дар бораи камбудиҳои тарабхона, хосса, бахши хизматрасонӣ ва ороиши миз низ дарҳол ба маъмурият мегӯему хабар медиҳем, то ин ки камбуд ҳарчӣ зудтар ислоҳ гардад. 1 камбудии тарабхона он аст, ки ҳамеша рӯи миз дар назди мизоҷ ҳатман табақча ё пиёлаи шикаста мебинед ва бо садҳо маротиба гуфтанҳои мо-мизоҷон ин камбудиро маъмурияти «Роҳат» ислоҳ накарданд, ки накарданд!

Зарфи шикаста ва дастархони сӯхта


4.01.2019, соати 12:00 бо вақти Душанбе ба хотири хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ дастаҷамъона бо ҳамкорон боз ба «Роҳат» рафтем. Дар тарабхона одам кам буду мо дар шафати он мизеро интихоб карда нишастем. Чанд ҷои хони рӯи миз сӯхта сиёҳ шуда буд. Маълум аст, ки сари ин миз қаблан мизоҷони сигоркаш нишаста будаанд, вале маъмурият ҳатман бояд дастархони сӯхтаро пас аз рафтани меҳмонон иваз менамуд. Пешхизматро даъват намуда, хӯрок фармудему дар интизори 1 чойник чойи кабуд сӯҳбатамон гарм шуд. Ҳамзамон рӯи миз нигариста, дидам, ки ҳар зарфе рӯи мизамон буд, лабу гӯши паридаву шикаста дошт-лаби пиёла паридаву гӯшаи табақчаҳо шикаста, бар замми ин табақчаи назди маро тоза нашустаанд, ки 1 паҳлӯяш равғанин ва ранги сурх монда буд. Табақчаро ба пешхизмат додам, то иваз намояд. Зарфи дигарро овард, ки он ҳам лабпаридаву равғанин буд. Хулоса, аз дидани чунин зарфҳо ва «тозагии» рӯи миз иштиҳо гашт.

Барои ивази зарф сӯхтор лозим?


Агар гӯем, ки солҳои охир сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳатто таъми хӯрок дар «Роҳат» ба таври манфӣ дигаргун шудаву бо ҳарду по мелангад, хато намешавад. Зарфҳои ба пуррагӣ шикаставу лабпарида ва хонҳои сӯхта танҳо 1 камбудии ин тарабхона аст, ки ҳамеша бо он рӯбарӯ мешавему мегӯем, лек маъмурияти тарабхона гуфтаҳои мизоҷонро ҷиддӣ қабул намекунанд ё намехоҳанд қабул созанд. Магар онҳо эҳсос намекунанд, ки ба ҷуз «Роҳат» теъдоди тарабхонаҳо дар атроф зиёд шудаву сатҳи хизматрасониро бояд беҳтару хубтар кард, то мизоҷ аз «Роҳат» рӯ нагардонад. Ё барои мудирияти «Роҳат» дигар омадани мизоҷ муҳим нест? Охир, бе ин ҳам шумораи меҳмонҳоятон рӯз аз рӯз камтар шуда истодааст-ку! Ё шояд шумо мисли дар гузашта бо сар андохтани сӯхтор ин мушкилоти худро ҳал мекунед? Барои иваз кардани зарфҳои шикаставу дастархони сӯхта оташбозӣ лозим нест, барои ин танҳо хоҳиш даркор асту халос, мӯҳтарам маъмурияти тарабхонаи «Роҳат»!

Ҷ.Мақсуд, СССР 


Аз редаксия: Аҳволи бадтар аз «Роҳат»-ро дар тарабхонаи рӯбарӯи он-«Лола» низ дидан мумкин!!! Пеши «клиент»-и «Лола» на танҳо зарфу косаву пиёлаҳои шикаставу лабпарида гузоштаанд, ҳатто рӯи миз дандонковак (зубочистка) ва «салфетка» намеёбед!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter