ХАБАРИ ДОҒ

Ҳоли табоҳи гузаргоҳи зеризаминӣ

  • Чоршанбе, Янв 16 2019

Дар мудати кӯтоҳ пас аз омадани шаҳрдори ҷавони Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе-пойтахти азизи кишварамонро шинохтан душвор шудааст. Боғу гулгаштҳои муосир, биноҳои замонавӣ, нақлиёти мусофиркаш, пулҳо азнавсозӣ шуда, кӯчаҳои васеъшудаву марказҳои нави тиҷоратӣ-ҳамагӣ шукуфтаву оро ёфта, ҳаваси ҳар 1 сокин ва меҳмони пойтахтро меоранд. Алалхусус, пулҳои роҳи оҳане, ки дар ш.Душанбе воқеъанд, азнавсозӣ гашта, на танҳо намуди зоҳирӣ, балки хатҳои муҳандисии зеризаминии хешро низ пурра нав кардаанд. Гузаргоҳҳои зери пулҳо низ таъмиру таҷдид гашт, вале бархе аз гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр то имрӯз ҳоли табоҳ ва ба таъмири оҷилӣ ниёз доранд. Яке аз чунин гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар хиёбони С.Шерозӣ, рӯбарӯи даромадгоҳи асосии Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик» қарор дорад. Он мисли дигар гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳр дар замони шӯравӣ сохта шуда, айни замон аҳволи бад дорад. Хосса, дар фасли сармо оби борону барф тариқи дару девораш шорида, фарши онро пур аз обу лой мекунанд. Зинаҳои гузаргоҳ аз ҳар 2 тараф кӯҳнаву шикаста, ниёз ба таъмиру таҷдид доранд. Дар дохили гузаргоҳ чанд дӯконе ҳаст, вале дари аксари онҳо баста буда, танҳо 1 дӯкони атриёт боз асту халос. Барои фурӯшандагони ин дӯкон низ нишастан дар ин фасл хатарнок аст, ҳам аз болои сар об мешораду ҳам обу ҳавои дохили гузаргоҳ наму заҳ аст. Дару девор ва фарши гузаргоҳ низ ба таъмири пурраи оҷилӣ ниёз доранд.
Чанде пеш аз тарафи маъмурияти Иттиҳодияи «Нассоҷи тоҷик» майдони рӯбарӯи идораи марказӣ таҷдид карда шуда, ба гулгашти зебо табдил ёфт. Гузаргоҳи зеризаминӣ аз ин гулгашти нави «Нассоҷи тоҷик» ҳамагӣ дар 5-8 метр фосила қарор дорад. Магар хуб намешуд дар баробари таҷдиди гулгашт маъмурияти ин корхонаи калонтарини кишвар таъмиру азнавсозии гузаргоҳи зеризаминии назди худро низ бар ӯҳда мегирифт? Охир, аз ин гузаргоҳ бештар аз ҳама коргарони «Нассоҷи тоҷик» мегузаранд-ку! На танҳо ин гузаргоҳ, балки 2 гузаргоҳи зеризаминии назди Сирки давлатии пойтахт низ ҳоло ҳоли табоҳ дошта, ниёз ба таъмиру таҷдиди оҷилӣ доранд.

Ҷамили Амин, СССР   

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter