ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 02 2019


То соли мелодии 2019 ва мурчали «Хубон» рӯзҳои ба шумор мондааст. Сокинон-аз хурд то бузурги шаҳри Бохтар дар ҳудуди бозорҳо барои таҷлили Соли нави мелодии 2019 дар ҳаракатанд! Дар нуқтаҳои савдо ҷои поймонӣ нест. Аксарияти савдогарони бозор нарху наворо 2 маротиба баланд бардошта, ҷайби худро пур кардан доранд. Дар бозорҳои ш.Бохтар ҳоло 1 кг афлесун 12 сомонӣ, себ 5-7 сомонӣ, анор 6-15 сомонӣ, биринҷ 8-18 сомонӣ, гӯшти гов 38-42 ва гушти гӯсфанд 39-41 сомонӣ, гушти мурғ 22-23 сомонист, ки 1 ҳафта қабл, аз 5 то 10% арзон буд.
Ҳамсӯҳбатони мо дар сӯҳбат бо СССР мегӯянд, ки новобаста аз ин ҳама мукшилот соли навро қайд мекунанд, чунки ин хурсандии на танҳо калонсолон, балки хушнудии кӯдакон низ ҳаст.
«Хурсандии фарзандон барои ману ҳамсарам арзиши баланд дорад. Гарчанде дар мактабҳои миёна гузоштани арчаи солинавиро манъ карда бошанд ҳам, ҳеҷ боке нест. Аммо ҷашни соли навро аз даврони шуравӣ бобову бибиҳои мо қайд мекарданд. Мамлакати мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд аст ва касе ҳуқуқ надорад, ки кадом иду ҷашнро аз пеши худ манъ кунад. Гоҳе дар кӯчаҳои шаҳр баъзе нафарони «ришдор»-ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, «амри маъруф» мекунанд, ки «бояд мо иди соли навро қайд накунем, чунки ин иди русу  англису олмониҳост», мегӯяд Дилафрӯз-сокини ш.Бохтар.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Дек 21 2018


 Дар маркази ш.Душанбе, дар шафати бинои собиқ Почтаи марказии кишвар ва дар ҷойи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон манораи 18-метраи соати асосии кишвар бунёд карда мешавад.
 Гуфта мешавад, ки соати асосии мамлакат дар Туркия омода шуда, манора ва соат дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар соли 2019 ба истифода дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ин макон аз соли 1949 то соли 2015 сутун ва нишони ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта, баъдан тахриб гардиданд.

Акс аз Ёкуб Халимов
 



Панҷшанбе, Дек 20 2018


«Хола дар доми Шумо ягон квартираи холӣ ҳаст?»-ин суолро занҳои дар зери биноҳои бисёрошёнаи ш.Бохтар нишаста борҳо шунидаанд. Воқеан ҳам бадтарин мушкил дар ҷомеаи имрӯз дастрасӣ ба манзили истиқоматист, ки донишҷӯён ҳам мубталои ин дарданд. Гузашта аз ин соҳибхонаҳои «ифротгаро» дар симои ҳар донишҷӯ афроди зинокорро дида, дарро ба рӯяшон мепӯшанд. Ҳамин гиру дор боис шуда, ки нархи иҷораи хона ба осмон мерасад. Дар самти ёфтани сарпаноҳ донишҷӯдухтарон бештар азоби алим доранд.
 Яке аз калонтарин муассисаҳои олии вил.Хатлон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав аст, ки ҳудуди 17.000 донишҷӯ дорад ва камтар аз 600 тани онҳо бо хобгоҳ таъминанд, боқӣ иҷоранишин ё дар хонаи холаву амма ва дигар ақрабо зиста, умре зери бори миннати онҳо қарор мегиранд. ДДБ солона миллионҳо сомонӣ аз ҳисоби донишҷӯён фоида ба даст меорад, лек барои бунёди 1 хобгоҳи замонавӣ ва муосир иқдом намекунад. Фақат бинои роҳбарнишин таъмири хуб мешаваду бас.
 
Буҷҷавӣ ва шартномавӣ
Тибқи шартнома таҳсил кардани донишҷӯён ба он маънӣ нест, ки мардум даромади хуб дорад. Волидон барои «нангу номуси дунёӣ» охирин луқмаи даҳонро ба кассаи донишгоҳ мерезанд. Илоҷи дигар ҳам нест. Замон ва низоми таҳсил ҳамин аст. Инро мо ва мардум ногузир қабул дорем. Пас ягон бадӣ надорад аз ин ҳисоб хобгоҳ созанд. Дар ин чанд сол агар хиште болои хишт гузошта мешуд, ҳоло чанд бинои хобгоҳ қомат меафрохт. Ин тадбирро бо роҳи ҳашари донишҷӯён ҳам метавон амалӣ кард. Чаро донишҷӯе, ки чанд сол пеш барои сарватманд шудани роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар даштҳои сӯзони Шаҳритус «гушнаву ташна» пахта чида тавонист, дар шаҳри обод чанд хиштро то пеши устои хиштчин оварда натавонад? Ҳоло амр шавад, ки «ҳама ба пахтачинӣ!» ончунон ташвиқот сар мешавад, ки ҳар пунба дар назарат чун ояҳои Қуръон муқаддас метобад. Моҳияти чунин амр ҳам агар ба муҳассилин фаҳмонда шавад, ҳатман онҳо нерӯи худро барои бунёди сарпаноҳашон сарф мекунанд. Зеро миллати мо табиатан накӯкор аст. Садҳо манзили истиқоматӣ дар Хуросону Кӯлобу Бадахшон бо роҳи ҳашар ва дастгирии молиявии мардум сохта шудааст. Дар ш.Бохтар ҳам ба ин роҳ метавон барои донишҷӯён хобгоҳи умумӣ сохт. Барои амалӣ шудани чунин амри хайр фақат дилсӯзии ректор намерасад. Дигар шарт нест, ки ректор худ манзили истиқоматӣ надошта бошад, азоби иҷоранишинӣ кашад ва баъд бо донишҷӯён ҳамдард шавад...

Деворҳои махуфи Универ…
Сарфу харҷи маблағҳо дар ДДБ на ҳама вақт мантиқӣ ва мақсаднок сурат мегирад. Чанд сол қабл ҳазорон сомонӣ сарф карда, бинои асосии ДДБро мисли 1 мағоза бо шишаҳои сиёҳ оро доданд ва баъд боз бо сарфи аз ин беши маблағҳо ба он тарҳу намои миллӣ бахшиданд. Дар бунёди иншооти таълимӣ низ меъёрҳои шаҳрсозӣ ба инобат гирифта намешавад. Биноҳои таълиме, ки дар маҳаллаи «НИХИ»-и ш.Бохтар сохтанд, гӯё хонаҳои боҳашамати кадом сарватманди мазҳабист, ки барои пинҳон кардани занҳои дар сад қабат сатр печондааш ҳавлии паҳлуи росташро, ки рӯи ба рӯи шоҳроҳ ва шаҳр аст, бо девори баланду касногузар маҳкам кардааст. Панҷараҳои оддиву хуштарҳ кофист, то раҳгузарон бубинанд, ки ин ҷо таълимгоҳ аст ва 1 насли хушбахт дар он таҳсил мекунад.

Саидҷаъфар Сафарзода
ш.Бохтар

Чоршанбе, Дек 19 2018


    Аксари тоҷирони н.Ҷайҳуни в.Хатлон аз баста шудани бозори марказии ноҳия  изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки дар ин сурат маҳсулоти ниёзи аввалия, хосса шириву гӯштӣ вайрон хоҳад шуд. Соҳибкорон талош доранд, ки бо вуҷуди баста шудани бозор ва манъи фаъолият молу маҳсулоти худро дар арафаи соли нави мелодӣ аз анборҳо ба фурӯш бароранд.
   Ниёзмаҳмад Наргис Хоҳаршо, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур дар сӯҳбат бо мухбири СССР хабари баста шудани бозори марказиро тасдиқ карда гуфт, ки рӯзи 15 декабр бо сабаби ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани бозори марказӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳия ин бозорро бастанд. Инчунин, бо ин сабаб фаъолияти 3 бозори дигари ноҳия низ қатъ карда шуд. Гуфта мешавад, ки чанд дукону нуқтаи фурӯши бозорҳои «Сиёвуш», «Рустам» ва бозори «Тоҷикматлубот» низ баста шудааст. Дар баробари ин, аз ҷониби прокуратура ошхонаҳое, ки дар дохил ва ҳудуди ин бозорҳо фаъолият мекарданд, низ мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо сабаби надоштани имконот ва шароити замонавии санитарию эпидемиологӣ дари онҳо низ баста шуд.


   Файзулло Бобоҷонов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии в.Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки баста шудани бозорҳои ноҳия аз ҷониби прокуратура, идораи экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ бинобар ба тоза набудани гирду атрофи бозорҳо, ошхонаю дӯконҳои фурӯш анҷом дода шуда, фаъолияти онҳоро аз рӯзи 15-уми декабр қатъ гардид.
   

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Ҷумъа, Дек 14 2018


   29.12.2018 дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави 2019 барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди ш.Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.
   Гуфта мешавад, ки дар ин барномаи фарҳангӣ қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он фаро гирифта шуда, ба ҳар яки онҳо аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд.
   Инчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе 31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ» Шоу-барномаи солинавӣ  доир карда мешавад. Дар ин рӯз  дар 4 ноҳияи  пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва»,   Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»,  Боғи «Дӯстии халқҳо»,  хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон, ки   арчаҳои идона гузошта шудаанд,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд.


Чоршанбе, Дек 12 2018


Дар натиҷаи 1 тадқиқоти расмии оҷонсии “Зеркало” дар моҳи феврали с.2017 дар Тоҷикистон муайян шуд, ки бинандагони ТВ (маҳаллӣ, минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) ҳудудан-80% (7 920 000), шунавандагони радио-44% (3 960 000), оҷонсиҳои иттилоотӣ 36% (3 240 000) ҳастанд, ки аз ин 5 500 000 тан кӯдакону наврасонанд...

Кӯдакони мо дар ИНТЕРНЕТ!!!
Тадқиқот нишон дод, ки аслан қисми зиёди корбарони интернет ҷавонон, хосса, кӯдаканд. Дар натиҷаи пажӯҳиш муайян карда шуд, ки 73,5% аз 10 то 16-сола, 29,4% аз 16 то 18-сола, 25% аз 18 то 24-сола, 25% аз 25 то 34-сола, 18,6% аз 35 то 44-сола, 27% аз 45 то 60-сола ва болотар аз онанд. Бояд ба назар гирем, ки ҳар 1 каси дуюм маълумотро аз интернет мегираду ҳар нафари сеюм умуман газета намехонад. Аз ин бармеояд, ки 1 қисми фаъоли корбарони иттилоот аз нобоварӣ ба ВАО-и муқаррарӣ рӯ ба маводи интернетӣ овардаанд. Агар айнан чунин назарсанҷӣ байни хонандагони нашрияхои ҳукуматӣ гузаронида шавад, манзара ниҳоят ранги дигар мегирад. Танҳо пурсиши холис вазъи воқеиро нисбатан саҳеҳ мегӯяд. Лек 1 далел бе баҳс аст, ки аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бештар истифода шудани технологияи электронии иртиботӣ-интернет сафи истифодабарандагони иттилооти фавриро бемайлон меафзояд.

Музофот рӯ ба хориҷа дорад!
Фазои хабарии ноҳияҳои Исфара, Зафаробод ва Конибодомро якбора якчанд шабакаҳои ТВ Ӯзбекистон, ба мисоли «Ӯзбекистон» (шабакаи 1-уми ТВ Ӯзбекистон), «Ёшлар», ТВ Андиҷон, Фарғона, Намангон, Марғилон ва ТВ “Қирғизистон” фаро мегирад. Дар ин баробар анқариб кулли аҳолии ҷамоатҳои калонтарини ин шаҳру ноҳияҳо ТВҳои тоҷикро қариб ки имкони тамошо кардан надоранд. Дар вил.Суғд умуман 15 шабакаи ТВ ва 6-7 радиостансияҳои хориҷӣ, асосан Ӯзбекистон, пахш мегардад. Ба матбуоти ҷумҳуриявӣ бошад ниҳоят дер дастрасӣ пайдо мекунанд. Хосса, деҳаҳои баландкӯҳ. Дар ҳоли ҳозир ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ва Шаҳринаву ш.Турсунзода низ ҳамчунинанд. Дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бошад шабакаҳои эронӣ зиёд машҳуранд ва қариб кулли ҷомеа рӯ овардаанд ба туркибиниву туркишунавӣ. Филмҳои туркие, ки аз ҷониби ТВҳои Эрон пахш карда мешаванд, фазои иттилоотии моро комилан ғасб кардаанд. Ҳатто ахборро низ дигар майли тамошо надорем. Сабаби асосии инро тамошобинон дар набуди барномаҳои тамошобоби ТВҳои тоҷикӣ ва зиёд будани реклама медонанд.

Рекламаи дору-дарди сари Давлат
Даромади асосии ТВро реклама ташкил мекунад, лек аён аст, ки ҳеҷ як тамошобин онро қабул надорад. Охир, реклама низ бояд меъёр дошта бошад, то дилбазан нашавем. Агар раванд ҳамин гуна идома ёбад, баъди чанд соли наздик ТВи тоҷик доираи тамошобинони худро куллан аз даст медиҳад. Ин масъала барои Кумитаи ТВ ва радио ва роҳбарияти ТВҳои кишвар бояд мушкили №1 бошад. Завқи аслии моро аслан тамошои кино ташкил медиҳад, лек чун дар ТВҳои худӣ филмҳои диданӣ намеёбем, рӯ овардаем ба ВАО-и хориҷӣ. Ҳатто Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни сафари расмии худ ба вилояти Суғд ва ифтитоҳи бинои иловагии Идораи ТВ ва радиои вилоят аз журналистон даъват намуд, ки барномаҳои табиии касбӣ омода кунанд, на қолабиву сохта. Тавре мебинем қисми зиёди барномаҳо сохтаву қолабианд ва таровате ҳам надоранду якранганд! Ин қадар журналистоне, ки хатми мактабҳои журналистӣ мекунанд, куҷо шуданд? Ақаллан матнҳои журналистӣ дар доираи талаботҳои имлои забон навишта шаванд. Мавзӯъҳои интиқодӣ-ку аслан дар телевизионҳои мо нестанд! Муҳтарам кормандони Кумитаи ТВ ва радио, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, кай ягон филми хуби тоҷикӣ тамошо мекунем? Чаро замони шӯравӣ мо беҳтарин филмҳоро сабт мекардему ҳозир не?

Рустами Абдулло
узви ИЖТ

саҳ 67 аз 156

Китобҳо

Flag Counter