ХАБАРИ ДОҒ

Фаъолияти 3 бозори ноҳияи Ҷайҳун қатъ карда шуд

  • Чоршанбе, Дек 19 2018


    Аксари тоҷирони н.Ҷайҳуни в.Хатлон аз баста шудани бозори марказии ноҳия  изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки дар ин сурат маҳсулоти ниёзи аввалия, хосса шириву гӯштӣ вайрон хоҳад шуд. Соҳибкорон талош доранд, ки бо вуҷуди баста шудани бозор ва манъи фаъолият молу маҳсулоти худро дар арафаи соли нави мелодӣ аз анборҳо ба фурӯш бароранд.
   Ниёзмаҳмад Наргис Хоҳаршо, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур дар сӯҳбат бо мухбири СССР хабари баста шудани бозори марказиро тасдиқ карда гуфт, ки рӯзи 15 декабр бо сабаби ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани бозори марказӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳия ин бозорро бастанд. Инчунин, бо ин сабаб фаъолияти 3 бозори дигари ноҳия низ қатъ карда шуд. Гуфта мешавад, ки чанд дукону нуқтаи фурӯши бозорҳои «Сиёвуш», «Рустам» ва бозори «Тоҷикматлубот» низ баста шудааст. Дар баробари ин, аз ҷониби прокуратура ошхонаҳое, ки дар дохил ва ҳудуди ин бозорҳо фаъолият мекарданд, низ мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо сабаби надоштани имконот ва шароити замонавии санитарию эпидемиологӣ дари онҳо низ баста шуд.


   Файзулло Бобоҷонов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии в.Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки баста шудани бозорҳои ноҳия аз ҷониби прокуратура, идораи экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ бинобар ба тоза набудани гирду атрофи бозорҳо, ошхонаю дӯконҳои фурӯш анҷом дода шуда, фаъолияти онҳоро аз рӯзи 15-уми декабр қатъ гардид.
   

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter