29.12.2018 дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави 2019 барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди ш.Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар ин барномаи фарҳангӣ қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он фаро гирифта шуда, ба ҳар яки онҳо аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда мешаванд.
Инчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе 31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони «Дӯстӣ» Шоу-барномаи солинавӣ доир карда мешавад. Дар ин рӯз дар 4 ноҳияи пойтахт, аз ҷумла, дар «Майдони 800-солагии Москва», Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Боғи «Дӯстии халқҳо», хиёбони Сино, назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон, ки арчаҳои идона гузошта шудаанд, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи мамлакат баргузор мегарданд.
«Шаҳри орзуҳо»-базми солинавӣ барои беш аз 2000 кӯдак дар Душанбе
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар