ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 10 2018


 Дар гулгашти «70 солагии водии Вахш»-дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик- иди Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар таҷлили ҷашни Меҳргон раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ, меҳмонон ва сокинони шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Раиси вилояти Хатлон ва дигар намояндагон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи деҳқонону боғдорони шаҳру навоҳии вилоят дидан карданд. Сипас, раиси вилоят ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилоятро бо ин ҷашни пуршукуҳ, ки воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ дигарбора эҳё ва умумихалқӣ шудааст, табрик намуд ва гуфт, ки кишоварзони вилоят пурмаҳсул меҳнат карда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида бозорҳои ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро ба маҳсулоти тару тоза ва босифат таъмин мекунанд. Ҷашни Меҳргон як навъ ҷамъбасти меҳнату заҳмати марди деҳқон аст. Бояд гуфт, озмуни вилоятии «Иди асал», «Иди харбуза» ва «Оши палав» хеле шавқовару пурмазмун гузашт. Ҳайати ҳакамон ба асалпарварони н.Данғара ҷои аввалро муносиб донистанд. Асалпарварони ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинг мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд. Кишоварзони вилоят ба озмуни «Иди харбуза» беҳтарин навъҳои харбузаҳои маҳаллиро пешкаш намуданд. Баъди таҳлилу баррасиҳо маълум шуд, ки полезкорони н.Ҷайҳун ба ҷашни Меҳргон бо тайёрии пухта омада, сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Намояндаҳои ноҳияҳои Вахшу Панҷ ҷойҳои дуюму сеюмро бо ҳам диданд. Дар озмуни «Оши палов» ошпази н.Ёвон ҷои аввалро гирифт. Ҷойҳои дуюму сеюмро ошпазҳои ноҳияҳои Кӯшониёну Ҳамадонӣ ишғол карданд. Ба ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ мукофотпулиҳои таъсиснамудаи ҳукумати вилоят супурда шуд. Ҳамчунин барои ширкати фаъолона дар ҷашнвора мақомотҳои ҳокимияти маҳаллии давлатии 14 шаҳру ноҳия бо сипосномаи раиси вилоят қадр карда шуданд. Хотири ҷамъомадагонро санъаткорони шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят бо рақсу сурудҳои дилошӯб шод гардонданд.

СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Окт 10 2018


Тавре маълум, сокинони ш.Бохтар ва меҳмонони берун аз шаҳр, аз бӯи ҳоҷатхонае, ки дар марказ ҷойгир буд, норозигӣ мекарданд. Ин нигаронии сокинонро газетаи мурдумии СССР чоп карда буд. Хотиррасон мекунем, ки дар маркази ш.Бохтар ҳоҷатхонае аз даврони шӯравӣ боқӣ монда буд ва аз назди он мардум бо мушкилӣ мегузаштанд. Ва сокинон маҷбур мегузаштанд, зеро дигар роҳ надоштанд. Баъди нашри матлаб ҳоҷатхонаро ба хок яксон карданд. Масъулини ҳукумати шаҳр мегуянд, дар ҳақиқат чанд маротиба мо дари ин ҳоҷатхонаро баста будем, то истифода накунанд, аммо наврасон дар фасли гармое, ки дар рӯд шиноварӣ мекунанд, пинҳонӣ дарашро мекушоданд...

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Окт 10 2018


Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рӯзи «Фалак» сокинони вилоятро муборакбод намуда, гуфт, ки «Фалак» барои миллати тоҷик хушбахтист, ки бо адабиёт, фарҳанг ва таъриху тамаддуни худ ба оламиён муаррифӣ шудааст. Фалак, ки суруду оҳанги машҳури мардуми тоҷик мебошад, дар асрҳои 9-10 пайдо шуда, хушбахтона то ба мо омада расидааст. Бо Фармони Президенти ҶТ с.2007 бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10 октябр «Рӯзи Фалак» эълон шуд, ки ҳамасола дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар давраи мавҷудияташ ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷро гардидааст. Он бештар дар ноҳияҳои кӯҳистон маъмул буда, дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, гирудори нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд зада, ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо мекард.
Аввалин нишонаҳои суруди фалак бо адабиёти сӯфия ҳамоҳанг буда, дар эҷодиёти Абусаиди Абдулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён… ба мушоҳида мерасад, ки онҳо дар гуфтугӯ бо худо ва дар намозгоҳҳои худ бо овози баланд ояту ҳадисҳои Қуръонро мехонданд. Донишманди асри 10 Фахриддини Марвӣ овардааст, ки «Мардуми атрофи Хуросон бештар вақтҳо аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд ва гоҳо аз шунидани бархе аз ин гуна сурудҳо нанг карда, рӯ ба сурудҳои кӯҳистон овардаанд». Ин кор то ҷое расид, ки суруди фалаки Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш мехонд.

СССР

Чоршанбе, Окт 10 2018


Бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳоиобтозакунии «Кофарниҳон» интиқоли оби нӯшокӣ дар  маҳаллаҳои Гулбутта,Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби н.Шоҳмансур аз соати 23:00 рӯзи 10 октябри соли 2018 то соати 24:00 рӯзи 11 октябри  соли 2018 қатъ мегардад.
 Ин амал бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати омодагӣ  ба  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  роҳандозӣ мегардад. Тибқи  ин нақшаи тасдиқшуда,  дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии мазкур интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Чоршанбе, Окт 03 2018


Шурӯъ аз субҳи имрӯз хизматрасонӣ дар хатсайри автобуси №22-и пойтахт  (маҳаллаи Испечак-кӯчаи Гагарин) пурра тавассути  корти электронӣ  ба роҳ монда мешавад. Дар робита ба ин,  МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» аз шаҳрвандон хоҳиш  менамояд, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо  ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳои ин макон  дастрас намоянд.
    Низоми мазкур бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ гардида, амалӣ намудани он як қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзим ва назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад.
    Хотиррасон карда мешавад, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани  корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус   барои донишҷӯён 30 фоиз,  барои дигарон 15 фоиз  тахфиф  пешниҳод мешавад. Ҳамчунин  меҳмонону  сайёҳони хориҷӣ метавонанд аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд  ва дигар нуқтаҳои фурӯши шаҳрӣ   кортҳои кӯтоҳмуддати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар  мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ дастрас намоянд.




Панҷшанбе, Сен 27 2018


-Салом ба аҳли қалами газетаи дӯстдоштаи мо СССР! Ман Ясриб Каримов, сокини ш.Бохтар, рӯзи 16 сентябр барои ширкат дар тӯйи домодии дӯстам ба ш.Кӯлоб рафтам. Даъвати самимии дӯстамро барои шабгузаронӣ дар хонаи ӯ рад карда, хостам ба Бохтар баргардам, вале мошин пайдо нашуд. Шабро хостам дар меҳмонхонаи «Чанор» рӯз кунам, ҷои холӣ набуд ва омадам ба меҳмонхонаи «Хатлон». Зани хоболуде маро бо 1 бародари дигар дар 1 хона ҷой дод. Хонаи 4, табақаи 3. Нархаш гарон не, вале шароиташ хеле бад. Аввал хостам пойафзоли сабук пӯшам, набуд. Пои луч ба ҳаммом рафтам, об сард, собун ва коғази ташноб нест. Гулбаҳор-пешхизматро садо карда гуфтам, ки ин ҷо на сачоқ асту на собун ва тирезаҳо хуб маҳкам намешавад. Кош сачоқ намеовард, чунки хеле ифлос буд. «Постельный бельё»-и катҳо чунон чиркину рангпарида буданд, ки субҳ бархеста боз бо оби сард шустушӯ намудам, зеро бояд баданамро профилактика мекардам. Собунро аз поён, аз мағоза харида, сипас хуб баданамро шустам. Аҷобати дигар ин, ки дар меҳмонхона аз ман ҳуҷҷат напурсиданд ва нагуфтанд, ки кӣ ҳастиву аз куҷоӣ!
Ман аз мақомоти ш.Кӯлоб, ки сокинонаш аз қадим меҳмондӯстанд, пурсиданиам, ки меҳмондории меҳмонхонаҳои шумо магар ин аст!?  Наход омода кардани оддитарин шароит барои меҳмонон мушкил дорад? Алалхусус, имсол, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар кишвар эълон шудаву ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд. Ман аз масъулини ҳукумати кишвар, ки барои омодагии ш.Кӯлоб ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ муваззафанд, хоҳиш дорам, нисбат ба масъалаи таҷдид ва азнавсозии меҳмонхонаи «Хатлон» дар маркази ш.Кӯлоб тасмими ҷиддӣ бигиранд, зеро бинои меҳмонхона, симои зоҳирии он ва аз ҳама муҳим сатҳи хизматрасонӣ дар «Хатлон» бо ҳарду 2 по мелангад!

Нигоштаи Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 73 аз 156

Китобҳо

Flag Counter