ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 02 2018


 Шаби гузашта ҳавопаймои ширкати «Тоҷик эйр», ки дар самти Маскав-Хуҷанд аз фурудгоҳи «Домодедово» парвоз анҷом мекард, бо сабаби коҳиши фишор дар дохили салони ҳавопаймо дубора ба фурудгоҳи «Домодедово» баргашт.
Бино ба итиллои Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати номбурда, сарнишинони ҳавопаймои Боинг 737-300 пас аз чанд дақиқаи парвоз бо сабаби  пеш омадани мушкилоти техникӣ дар дохили тайёра азм менамоянд, дубора ба фурудгоҳи парвоз баргарданд.
- Ҳавопаймо бо 141 мусофир бидуни ҳеҷ осеб дар фурудгоҳи «Домодедово» фуруд омад, вале пеш аз фурудоӣ ба он лозим шуд чанд маротиба болои фурудгоҳ давр зада маводи сӯхти худро ба итмом расонад. Айни замон тамоми мусофирон бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин буда, барои таъмири ҳавопаймо ширкати мазкур аз Душанбе ба Маскав мутахассисони хешро фиристодааст,- афзуд Азиз Хайруллоев.
 Пас аз муоинаи коршиносон ба ҳавопаймо иҷозат дода мешавад, ки парвози худро дар хатсайри Маскав-Хуҷанд амалӣ намояд.




Панҷшанбе, Июн 28 2018


   Ҳукумати ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмиру азнавсозии роҳи х.Рӯдакӣ, ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт дар х.Рудакӣ аз буриши к.Карамов то буриши к.Саид Носир – аз назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) аз соати 21:00 санаи 27 июни соли 2018 қатъ карда мешавад.
    Ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат – х.Рудакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ,М.Турсунзода,Карамов ва У.Хайём бо х.Рӯдакӣ боқимонда бетағйир ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ мегардад.


Душанбе, Июн 25 2018


   Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали боркашонӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ботантанаи кушодашавии он Коҳир Расулзода, сарвазири ҶТ, директории Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон «JIKA» Шиничи Китаока ва меҳмонони дигари баландпоя иштирок намуданд.
   Бояд қайд намоем, ки дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз 29.09.2014 созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд. 914 млн. иенаи японӣ, тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА, грант ҷудо намуд.
    Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи тендери байналмилалӣ таҷҳизотҳои дар боло зикршуда харидорӣ гардида, ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд.


Вобаста ба сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе гуфтан ба маврид аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» якҷоя бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» қарор карданд, ки сохтмони терминал ба ду қисм ҷудо карда шавад. Қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он.
   Татбиқи мархилаи аввали сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардид. 31 майи соли 2017 созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон JICA ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард. 19 июли соли 2017 миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ- барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе дар моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфта буд. Ин терминал калонтарин терминали боркашонӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, иқтидори нигоҳдошти то 20 ҳазор тонна маҳсулот ва бору молро дорад.

Панҷшанбе, Июн 21 2018


Аз ТВ ҳар кадоми мо чандин бор намоишномаҳоеро дидаем, ки Марям Исоева (модар), Ғолиб Исломов, Раҷабгул Қосимова нақш меофаранд. Келину писар мехоҳанд, хонаи аз падар меросмондаро соҳиб шаванд ва бо фиребу найранг кампирро дар хонаи пиронсолон ҷой мекунанд. Модари бечора ба умеди он рӯз аст, ки келину писар ӯро аз он ҷо мегиранд. Вале ҳайҳот, модар гирякунон, афтону хезон аз қафои мошин медавад.
Дар намоишномаи дигар Аъзами Розиқ, занаш ва Амон Қодиров нақш бозӣ мекунанд. Ин ҷо ҳам мақсад соҳиб шудани хонаи падар аст. Падарро бо фиребу тақал дар хонаи пиронсолон ҷой мекунанд ва мӯйсафеди падар (ҳоҷӣ Амонулло Қодиров) дар он ҷо аз ғами бесоҳибӣ мефавтад. Домоду духтар, ки соҳиби хона шуда буданд, маросими гӯру чӯби мӯсафедро ба зиммаи хонаи пиронсолон гузоштанд.
Дар намошномаи сеюм М.Саидова, З.Иброҳимова дар касалхонае табобат мегиранд. Яъне писари ғамхор доранд ва ҳар рӯз аз ҳоли модар хабар мегирад. Дигаре бошад писари занкалон дорад ва ӯ аз тарси зан модарашро хабаргирӣ намеояд.
Дар ин 3 намоишнома дарду алами падарону модарони зор аз дасти фарзандон аст, ки дар хонаи пиронсолон ва касалхонаҳо азоби рӯҳию виҷдонӣ мекашанд. Бо овардани ин мисолҳо гуфтанием, ки дар ҳаёти имрӯзаамон бо чунин ҳодисаҳо борҳо рӯ ба рӯ омадаем ва аз сар гузаронидаем. Ин мисолҳо аз ҳаёт гирифта шудаанд, вале ба ҳаёти мӯйсафедону занони “бесарпаноҳ”, ки онҳо фарзандони соҳибвазифа, соҳибдавлат доранд ва бо дасти худ волидайнро ба хонаҳои пиронсолон месупоранд. Дар ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор чунин хонаҳо барои пиронсолон, маъюбон, кӯдакони маълул ҳастанд. Сарпарастони хонаҳои пиронсолон муносибати неки инсондӯстона ба пиронсолон доранд. Кормандони ин муассисаҳо бо касалмандон хуб муомила карда, аз фарзандони аслияшон бештар меҳрубонӣ мекунанд, ба баъзе нотавононаш хӯрок мехӯронанд, сару танашонро мешӯянд. Ин 3 намоишномаи телевизионӣ ба тамошобин талқин менамояд, ки аз тақдири хешу табор, падару модар, атфоли маълул ноогоҳ набошем. Ҳар 1 намоиш дар дили тамошобин ҳисси раҳму шафқат ва ҳатто ба гиристан ба ҳоли чунин пиронсолонро бедор месозад. Бояд ба тақдири пиронсолон бетараф набошем. Барои ин таклиф менамоям, ки агар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ қабул дошта бошад, амалиёти евтаназияро нисбати пиронсолоне, ки аз меҳрубонии фарзандон, зану духтарон маҳруманд, ба ҳукми қонун қабул намоянд. Шумо, хонандагони муҳтарам ва вакилони халқ, чӣ мегӯед ба ин пешниҳод?

З.Ҳусейнзода,
н.Ёвон

Чоршанбе, Июн 20 2018


Имрӯз дар ш.Истаравшан корхонаи коркарди маҳсулотҳои ширии “Асил” ифтитоҳ гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки корхонаи мазкур намояндагии «Комбинати Шири Душанбе» буда, бо коркард кардани шири маҳаллӣ 8 номгӯи маҳсулотро истеҳсол хоҳад кард. 
 Бино ба итиллои Шералӣ Азимӣ, сухангӯи раиси ш.Истаравшан, корхонаи коркарди маҳсулоти ширии “Асил” дорои озмоишгоҳҳи муосир буда, ҳама маҳсулотҳои истеҳсолшаванда аз санҷиш гузаронида мешаванд. Айни замон дар корхонаи мазкур 20 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб ва бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.



Сешанбе, Июн 19 2018


Газетаи мардумии СССР чандин маротиба аз ошхона ва тарабхонаи «Эҳсон ва «Нилуфар»-и ш.Бохтар дидан карда, нисбати камбудиҳои онҳо эрод гирифта буд. Алалахусус, муносибати дағалонаи пешхизматҳо, зарфҳои шикаста ва саҳлангории масъулони ин муассисаҳои хӯроки умум борҳо мавриди интиқод қарор гирифта буданд.
Инак, баъди гузоришҳои мухбирони газетаи СССР Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии ш.Бохтар барои пешхизматҳои ошхона ва тарабхонаҳои шаҳр курс-семинари махсус ташкил намудааст, ки мақсади он боло бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад. Назиров Аюб, сардор Агентии ҳифзи ичтимоӣ ва шуғли аҳолии ш.Бохтар дар сӯҳбати СССР афзуд, ки барои пешхиматҳои тарабхонаю ошхона курси семинари таъсис дода, гурӯҳи аввалин иборат аз 25 нафар алакай ба такмили ихтисос шурӯъ намуда, бо стипендия таъминанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 81 аз 156

Китобҳо

Flag Counter