ХАБАРИ ДОҒ


Аз ТВ ҳар кадоми мо чандин бор намоишномаҳоеро дидаем, ки Марям Исоева (модар), Ғолиб Исломов, Раҷабгул Қосимова нақш меофаранд. Келину писар мехоҳанд, хонаи аз падар меросмондаро соҳиб шаванд ва бо фиребу найранг кампирро дар хонаи пиронсолон ҷой мекунанд. Модари бечора ба умеди он рӯз аст, ки келину писар ӯро аз он ҷо мегиранд. Вале ҳайҳот, модар гирякунон, афтону хезон аз қафои мошин медавад.
Дар намоишномаи дигар Аъзами Розиқ, занаш ва Амон Қодиров нақш бозӣ мекунанд. Ин ҷо ҳам мақсад соҳиб шудани хонаи падар аст. Падарро бо фиребу тақал дар хонаи пиронсолон ҷой мекунанд ва мӯйсафеди падар (ҳоҷӣ Амонулло Қодиров) дар он ҷо аз ғами бесоҳибӣ мефавтад. Домоду духтар, ки соҳиби хона шуда буданд, маросими гӯру чӯби мӯсафедро ба зиммаи хонаи пиронсолон гузоштанд.
Дар намошномаи сеюм М.Саидова, З.Иброҳимова дар касалхонае табобат мегиранд. Яъне писари ғамхор доранд ва ҳар рӯз аз ҳоли модар хабар мегирад. Дигаре бошад писари занкалон дорад ва ӯ аз тарси зан модарашро хабаргирӣ намеояд.
Дар ин 3 намоишнома дарду алами падарону модарони зор аз дасти фарзандон аст, ки дар хонаи пиронсолон ва касалхонаҳо азоби рӯҳию виҷдонӣ мекашанд. Бо овардани ин мисолҳо гуфтанием, ки дар ҳаёти имрӯзаамон бо чунин ҳодисаҳо борҳо рӯ ба рӯ омадаем ва аз сар гузаронидаем. Ин мисолҳо аз ҳаёт гирифта шудаанд, вале ба ҳаёти мӯйсафедону занони “бесарпаноҳ”, ки онҳо фарзандони соҳибвазифа, соҳибдавлат доранд ва бо дасти худ волидайнро ба хонаҳои пиронсолон месупоранд. Дар ноҳияҳои Ёвон, Шаҳринав, шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор чунин хонаҳо барои пиронсолон, маъюбон, кӯдакони маълул ҳастанд. Сарпарастони хонаҳои пиронсолон муносибати неки инсондӯстона ба пиронсолон доранд. Кормандони ин муассисаҳо бо касалмандон хуб муомила карда, аз фарзандони аслияшон бештар меҳрубонӣ мекунанд, ба баъзе нотавононаш хӯрок мехӯронанд, сару танашонро мешӯянд. Ин 3 намоишномаи телевизионӣ ба тамошобин талқин менамояд, ки аз тақдири хешу табор, падару модар, атфоли маълул ноогоҳ набошем. Ҳар 1 намоиш дар дили тамошобин ҳисси раҳму шафқат ва ҳатто ба гиристан ба ҳоли чунин пиронсолонро бедор месозад. Бояд ба тақдири пиронсолон бетараф набошем. Барои ин таклиф менамоям, ки агар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ қабул дошта бошад, амалиёти евтаназияро нисбати пиронсолоне, ки аз меҳрубонии фарзандон, зану духтарон маҳруманд, ба ҳукми қонун қабул намоянд. Шумо, хонандагони муҳтарам ва вакилони халқ, чӣ мегӯед ба ин пешниҳод?

З.Ҳусейнзода,
н.Ёвон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter