Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали боркашонӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ботантанаи кушодашавии он Коҳир Расулзода, сарвазири ҶТ, директории Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон «JIKA» Шиничи Китаока ва меҳмонони дигари баландпоя иштирок намуданд.
Бояд қайд намоем, ки дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз 29.09.2014 созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд. 914 млн. иенаи японӣ, тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА, грант ҷудо намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи тендери байналмилалӣ таҷҳизотҳои дар боло зикршуда харидорӣ гардида, ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд.
Вобаста ба сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе гуфтан ба маврид аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» якҷоя бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» қарор карданд, ки сохтмони терминал ба ду қисм ҷудо карда шавад. Қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он.
Татбиқи мархилаи аввали сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардид. 31 майи соли 2017 созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон JICA ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард. 19 июли соли 2017 миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ- барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе дар моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфта буд. Ин терминал калонтарин терминали боркашонӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, иқтидори нигоҳдошти то 20 ҳазор тонна маҳсулот ва бору молро дорад.