ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 12 2018


Дар 3 рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар н.Носири Хусрави вилояти Хатлон бисёр ноҳияҳоро ба андеша андохт, ки даъвати баҳорӣ ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки баъзе навоҳии дигар аз аввал то охири мавсим бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд ин нақшаро амалӣ кунанд. Муовини раиси ноҳия Саидзода Бозоргул дар сӯҳбат бо СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки «аз рӯзи аввал ҷавонони ноҳия ихтиёран омада аз муоинаи тиббӣ гузаштанд ва ҳоло бошад 115% нақшаро иҷро кардаем. Мо кӯшиш мекунем, ки эстафетаро ба дигар ноҳияҳо надиҳем.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои пур кардани нақшаи сафарбаркунӣ ба артиш раисони ҳукуматҳо ба ҷавонони синни сарбозӣ ваъдаҳои “тилоӣ” медиҳанд ва мегӯянд, агар онҳо ихтиёран барои сарбоз шудан ариза нависанд, соҳиби қитъаи замин барои манзили зист мешаванд ва харҷи маъракаи арӯсияшонро мақомот бар зимма мегиранд. Ҳатто духтарон омода буданд, ки ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шаванд, ки  то ҷавонон  номус кунанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Апр 12 2018


Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи байналмилалии ш.Бохтар пас аз танаффуси 10 моҳа аз сари нав шурӯъ гардид.
Масъулони фурудгоҳи мазкур ба мо иттилоъ доданд, ки аллакай 1 ва 3 апрел парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковскийи ш.Маскав ба фурудгоҳи Бохтар ва ҳамин гуна аз маркази в.Хатлон ба самти Россия амалӣ  карда шуд. Парвозҳо байни пойтахти Россия ва шаҳри Бохтар аз тарафи ширкати «Икар»-и Федератсияи Россия дар 1 ҳафта 4 маротиба ба назар гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулони фурудгоҳ, беш аз 100 корманд, ки ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, аввали моҳи март дубора ба кор даъват гардиданд. Фурудгоҳи ш.Бохтар наздик ба 200 корманд дорад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Апр 12 2018


Вазорати нақлиёти Федератсия Россия ва хадамоти Росавиаи ин кишвар масири парвозҳоро барои ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» дар самти шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, ки моҳе қабл иваз карда шуда буд, тағийр дод.
Бино ба итиллои аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба мухбири СССР расида, сар аз 5.04.2018 тамоми маҳдудиятҳо вобаста ба парвозҳо дар байни Тоҷикистону Россия барҳам хӯрданд, аз он ҷумла иваз кардани масири ҳавоӣ, ки вақти парвозро 1 соат бештар менамуд.
Айни замон, ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз рӯи масири ҳавоиӣ пештара хатсайрҳои хешро анҷом дода, вақти парвоз аз Душанбе ба Маскав 4 соатро дар бар мегирад.

СССР

Чоршанбе, Апр 11 2018


Тамоми тоҷирон ва соҳибкорони маркази савдои «Садбарг» бо дастури Хадамоти сӯхторхомӯшкунии ВКД ҶТ ба азнавсозии дӯконҳои худ шурӯъ кардаанд. Ин амал дар пайи дастури махсуси вазири корҳои дохилии мамлакат Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади андешидани тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар тамоми марказҳои савдо ва дилхушии кишвар сурат гирифтааст.
Бино ба итиллои фурӯшандагони ин маркази савдои пойтахт, ҳамаи дӯконҳо азнавсозӣ гашта, деворҳои сунъие, ки бо истифода аз масолеҳи сохтмонии зуд оташ мегирифта сохта шуда буданд, барканор карда шуда, ба ҷойи онҳо деворҳои бетонӣ бунёд шуда истодаанд.
Ин дастури Раҳимзода Рамазон Ҳамро пас аз сӯхтори фоҷиабор дар маркази савдо ва дилхушии «Олучаи зимистона» дар ш.Кемеровои Россия, ки 25.03.2018 ба амал омада буд, ба тасвиб расидааст.

СССР

Панҷшанбе, Апр 05 2018


Авиаторони Тоҷику рус, ки рӯзи гузашта дар Маскав музокирот доштанд, билохира ба тавофуқ расида, маҳдудиятҳои дуҷонибаро, ки пештар барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Россия ҷорӣ карда буд, бекор карданд.
Чуноне ки хабаргузории ТАСС итиллоъ медиҳад, мақомоти нақлиёт ва авиатсионии 2 кишвар тавонистанд масъалаҳои ба миён омадаро ҳаллу фасл намуда, парвози тарафайни ширкатҳои ҳавопаймоиро дар доираи ҷадвали зимистонаву тобистона тасдиқ намоянд. Инчунин, дар натиҷаи музокирот ҳамаи маҳдудиятҳои пештар ҷоришуда бекор карда шуданд.
Илова бар ин, аз 5.04.2018 сар карда, Россия барои амалӣ ёфтани боз 4 хатсайри дигар- Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, «Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд иҷозатнома дарёфт намуда, ин хатсайрҳо аз мавсими нави тобистона анҷом карда мешаванд.
Парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» мисли қабл сурат хоҳанд гирифт.

СССР

Панҷшанбе, Апр 05 2018


Ширкати мобилии «Мегафон» дар вилояти Хатлон иқдоми некеро бар дӯши худ гирифтааст, бо шиори «Рӯзи худро бо мо сар бикун». Имрӯз 4 апрел 1 гурӯҳ журналистон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ёдгориҳои таърихии бародарон «Хоҷа Дурбод ва Хоҷа Машҳад» дидан карданд. Гуфта мешавад, ки аз маркази ноҳияи Шаҳритус 15 км дуртар дар деҳаи «Сайёд» ёдгории таърихии машҳури марбут ба замони қадим маҳфуз мондааст, ки солҳост таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз он муаррихону бостоншиносонро ба худ ҷалб кардааст. Дар мадрасаи Хоҷа-Машҳад Носири Хусрав - нависанда, файласуф, шоири адабиёти классикии форсу тоҷик  таҳсил намудааст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

саҳ 87 аз 156

Китобҳо

Flag Counter