Ширкати мобилии «Мегафон» дар вилояти Хатлон иқдоми некеро бар дӯши худ гирифтааст, бо шиори «Рӯзи худро бо мо сар бикун». Имрӯз 4 апрел 1 гурӯҳ журналистон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ёдгориҳои таърихии бародарон «Хоҷа Дурбод ва Хоҷа Машҳад» дидан карданд. Гуфта мешавад, ки аз маркази ноҳияи Шаҳритус 15 км дуртар дар деҳаи «Сайёд» ёдгории таърихии машҳури марбут ба замони қадим маҳфуз мондааст, ки солҳост таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз он муаррихону бостоншиносонро ба худ ҷалб кардааст. Дар мадрасаи Хоҷа-Машҳад Носири Хусрав - нависанда, файласуф, шоири адабиёти классикии форсу тоҷик таҳсил намудааст.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон