Авиаторони Тоҷику рус, ки рӯзи гузашта дар Маскав музокирот доштанд, билохира ба тавофуқ расида, маҳдудиятҳои дуҷонибаро, ки пештар барои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Россия ҷорӣ карда буд, бекор карданд.
Чуноне ки хабаргузории ТАСС итиллоъ медиҳад, мақомоти нақлиёт ва авиатсионии 2 кишвар тавонистанд масъалаҳои ба миён омадаро ҳаллу фасл намуда, парвози тарафайни ширкатҳои ҳавопаймоиро дар доираи ҷадвали зимистонаву тобистона тасдиқ намоянд. Инчунин, дар натиҷаи музокирот ҳамаи маҳдудиятҳои пештар ҷоришуда бекор карда шуданд.
Илова бар ин, аз 5.04.2018 сар карда, Россия барои амалӣ ёфтани боз 4 хатсайри дигар- Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, «Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд иҷозатнома дарёфт намуда, ин хатсайрҳо аз мавсими нави тобистона анҷом карда мешаванд.
Парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» мисли қабл сурат хоҳанд гирифт.
СССР