Вазорати корҳои дохилии ҶТ эълон кардааст, ки сокинони мамлакат минбаъд метавонанд аз милисаҳое, ки аз мардуми корафтода пора талаб мекунанд, тавассути телефонҳои боварӣ шикоят намоянд
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми ба кирдорҳои коррупсионӣ ё дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани кормандони милитсия шаҳрвандон метавонанд ба воситаи «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва «Хабарнигори фаврӣ»-и ВКД бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 тариқи шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) занг зада, ҳолатҳои мазкурро пешгирӣ намоянд. Махфият кафолат дода мешавад.
СССР
Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 17-солаи н.Мастчоҳи вил.Суғдро барои ҳамроҳ шудан бо аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” 14 сол зиндонӣ кард. Ҳини дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доштанаш Ҳотамқулов Муаззам Исроил Уғли ба ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлатӣ исломӣ” майл пайдо карда, тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии “Телеграмм.ру”, гуруҳи «муҳоҷир.уз» худро бо номи мустаори “AL Fath Fath” ба қайд гирифта, наворҳои задухурдҳои мусаллаҳонаи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлатӣ исломӣ»-ро мунтазам тамошо ва ба худ қабул карда, дар хотираи телефони мобилиаш ҳифз намудааст. Бо мақсади шомил шудан ба сафи “Давлатӣ исломӣ” ва дар ҳайати аъзои ташкилоти мазкур “ҷиҳод” кардан бар зидди Қувваҳои мусаллаҳи қонунии ҶИА ва алянси шимолӣ (НАТО), нияти сафар намуданро ба кишвари мазкур мекунад. Баъди аз Русия ба ватан баргаштан тавассути сомонаи интернетии мазкур баҳри амалӣ кардани мақсадҳои ниҳоияш Ҳотамқулов харитаи Тоҷикистонро ёфта, минтақаи наздимарзии деҳаи Тешиктоши ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин»-и н.Қубодиёни вил.Хатлонро барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶИА интихоб намудааст. Рӯзи 18.09.2017 барои ҳамроҳ шудан ба аъзои ТЭТ “Давлатӣ исломӣ” бо таксӣ аз н.Мастчоҳ ба деҳаи Сайназар Худойқулови ҷамоати Тахти-сангин омада, шабро дар боғи ба номи “Туто” рӯз мекунад. Аммо санаи 19.09.2017, дар деҳаи Худойқулов аз ҷониби кормандони ШН Раёсати КДАМ ҶТ дар н.Қубодиён дастгир шуд. Додоматзода Фахриддин-судяи суди вил.Хатлон Ҳотамқуловро бо моддаҳои 32 қисми 3-401 прим 1-и КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол маҳкум кард.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон
Суди вилояти Хатлон омӯзгори 28-соларо барои ҳаракатҳои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ ба мӯҳлати 1,6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин қазияро муовини раиси суд-Бойзода Темур ба СССР чунин шарҳ дод: “Ҳотамов Қурбоналӣ, с.тав.1989, сокини ҷамоати деҳоти “Бустонқалъа”-и н.Бохтар, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Ӯ дар н.Ёвон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард. Қурбоналӣ рӯзи 16.10.2017 пеш аз оғози намози шом ба масҷиди маҳаллаи Хатлони ш.Қурғонтеппа рафта, ҳангоми ворид шудан ба бинои масҷид дидааст, ки духтарони маҳалла бо либосҳои аврупоӣ ва бе рӯймол ба рӯбучин ва тоза кардани масҷид машғуланд. Эмомхатиби масҷид Ибрагимов Абдусалим перомуни Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар оид ба тарбияи фарзанд” таъкид карда, аз дохили масҷид онҳоро ба хонаҳояшон фиристод. Дар ин вақт Қурбоналӣ бо истифода аз барангехтани кинаю адовати динию маҳалгароӣ талаботҳои қонуни мазкурро нодуруст ҳисобида, тарзи либоспушии духтаронро ғайришариат дониста, шаъну эътибори миллии онҳоро паст задааст.” Суди вилоят Ҳотамовро бо моддаи 189, қисми 1 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати 1,6 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси тозатаъини вилояти Суғд дар рӯзи нахустини кории хеш дар ин вазифа, ба бозори “Панҷшанбе” омада. Аз вазъи он ва нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум ошно гашт. Вай таъкид дошт, ки нархи 1 килои гӯшти гов минбаъд бояд на бештар аз 33 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда, гӯшти гӯсфанд бошад на зиёда аз 36 сомонӣ барои ҳар 1 кило ба савдо равад.
Раҷаббой Аҳмадзода, субҳи рӯзи 13.01.2018 бо фармони президенти кишвар иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин гашта, худи ҳамон рӯз бо ширкати Коҳир Расулзода, нахуствазири мамлакат ва Асадулло Раҳмон, мушовири президенти ҶТ оид ба масоили кадрӣ ба фаъолони вилоят муаррифӣ карда шуд. Дар пайи ин, фаъолони вилоят аз Абдураҳмон Қодирӣ, ки то ин дам раисии вилоятро бар дӯш дошт, барои гузоштани саҳми босазо арзи сипос намуда, эшонро ба нафақа гусел карданд.
Аз бойгонии СССР: Раҷаббой Аҳмадзода кист?
Раҷаббой Аҳмадзода 16.09.1971 дар ш. Хуҷанди в. Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «Муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Истаравшан 858 млн. 040,6 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳамаи нишондиҳандаҳои кишоварзӣ беҳбудиҳо дида мешаванд. Аз ҷумла, истеҳсоли ғалладонагиҳо 35598,7 тонна, картошка 35986 тонна, сабзавот 72282 тонна, мевагиҳо 9559 тонна, ангур 26059 тонна, полезиҳо 10344 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 3153 тонна, полезӣ 1129 тонна, мева 2440 тонна ва ангур 548 тонна зиёд мебошад. Ин нукта рӯзи 9.01.2018 дар маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву ичтимоии шаҳр дар соли 2017 қайд гардид.
Бино ба иттиллои Шералӣ Азимӣ, котиби матбуотии раиси ш.Истаравшан, дар соли сипаришуда буҷети давлатӣ ба андозаи 144 млн. 111 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, аз нақша 5 мил. 593,2 сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ низ барзиёд иҷро гардида, 95 млн. 235, 7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Саноатчиёни шаҳр дар соли 2017 иҷрои нақшаро ба маблағи 355 млн. 907, 7 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки он 116, 6 %-ро ташкил медиҳад. Соли гузашта дар шаҳр 9 корхонаҳои нави саноатӣ ташкил гашта, истифодаи иқтидорҳои бозистода яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шумор рафта, дар натиҷа зиёда аз 1920 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Ҳаҷми истеҳсоли мевагиҳо дар ин давра 9 ҳазору 559 тоннаро ташкил медиҳад, ки он 134,3 фоизро дарбар гирифт. Дар ин давра гӯшт – 4 ҳазору 872 тонна, тухм – 16 млн. 592 ҳазор дона истеҳсол гардидааст, ки он мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 113 тонна, тухм 2 млн. 508 ҳазор дона зиёд гаштааст. Кишоварзон дар мавсими имсола барои ҳосили соли оянда дар майдони зиёда аз 5 ҳазор га кишти тирамоҳӣ гузарониданд.
Ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан зиёда аз 30 иншоотҳои гуногун таҳти сохтмон қарор дошта, онҳо тибқи нақша-чорабинӣ мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд. Дар ин давра бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорон дар шаҳр сохтмони иншоотҳои азиму калонҳаҷм оғоз гардида, биноҳои 12 ва 16 ошиёнадор ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.
СССР
Дар соли 2017 бо вуҷуди фарогирии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, дар натиҷаи заҳмати созандагиву бунёдкоронаи мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суръати афзоиши нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоиву иқтисодӣ дар ин ноҳия таъмин гардиданд. Тамоюли рушд асосан аз ҳисоби афзоиши ҳачми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, зиёд намудани савдои дохилию хориҷӣ ва хизматрасониҳо таъмин карда шуданд. Дар ин бора дирӯз дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолони н. Бобоҷон Ғафуров оид ба рушди иқтисодиву ичтимоии ноҳия гуфта шуд.
Бино ба иттилои Мастура Комилӣ, муовини раиси ноҳияи мазкур, дар ноҳия нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,8 фоиз таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад 104,9 фоиз иҷро шудааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 394 млн. сомонӣ зиёд ва вусъати афзоиш 163,3 фоизро ташкил додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳия суръати афзоиш дар соҳаи кишоварзӣ низ таъмин гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба малбағи наз ба 940 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, мевагиҳо, ангур, полезӣ, гӯшт, шир ва тухм таъмин гардидааст.
Дар ин маҷлис, ки таҳти раёсати Раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода баргузор гардид, муовини Раиси вилоят Ориф Ашӯрӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар