Суди вилояти Хатлон омӯзгори 28-соларо барои ҳаракатҳои барангехтани кинаю адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ ба мӯҳлати 1,6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин қазияро муовини раиси суд-Бойзода Темур ба СССР чунин шарҳ дод: “Ҳотамов Қурбоналӣ, с.тав.1989, сокини ҷамоати деҳоти “Бустонқалъа”-и н.Бохтар, оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Ӯ дар н.Ёвон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард. Қурбоналӣ рӯзи 16.10.2017 пеш аз оғози намози шом ба масҷиди маҳаллаи Хатлони ш.Қурғонтеппа рафта, ҳангоми ворид шудан ба бинои масҷид дидааст, ки духтарони маҳалла бо либосҳои аврупоӣ ва бе рӯймол ба рӯбучин ва тоза кардани масҷид машғуланд. Эмомхатиби масҷид Ибрагимов Абдусалим перомуни Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар оид ба тарбияи фарзанд” таъкид карда, аз дохили масҷид онҳоро ба хонаҳояшон фиристод. Дар ин вақт Қурбоналӣ бо истифода аз барангехтани кинаю адовати динию маҳалгароӣ талаботҳои қонуни мазкурро нодуруст ҳисобида, тарзи либоспушии духтаронро ғайришариат дониста, шаъну эътибори миллии онҳоро паст задааст.” Суди вилоят Ҳотамовро бо моддаи 189, қисми 1 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати 1,6 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон