ХАБАРИ ДОҒ

Раҷаббой Аҳмадзода бо танзими нархи бозор ба кор шурӯъ кард

  • Душанбе, Янв 15 2018


Раҷаббой Аҳмадзода, раиси тозатаъини вилояти Суғд дар рӯзи нахустини кории хеш дар ин вазифа, ба бозори “Панҷшанбе” омада. Аз вазъи он ва нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум ошно гашт.  Вай таъкид дошт, ки нархи 1 килои гӯшти гов минбаъд бояд на бештар аз 33 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда, гӯшти гӯсфанд бошад на зиёда аз 36 сомонӣ барои ҳар 1 кило ба савдо равад.
Раҷаббой Аҳмадзода, субҳи рӯзи 13.01.2018 бо фармони президенти кишвар иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин гашта, худи ҳамон рӯз бо ширкати Коҳир Расулзода, нахуствазири мамлакат ва Асадулло Раҳмон, мушовири президенти ҶТ оид ба масоили кадрӣ ба фаъолони вилоят муаррифӣ карда шуд. Дар пайи ин, фаъолони вилоят аз Абдураҳмон Қодирӣ, ки то ин дам раисии вилоятро бар дӯш дошт, барои гузоштани саҳми босазо арзи сипос намуда, эшонро ба нафақа гусел карданд.
Аз бойгонии СССР: Раҷаббой Аҳмадзода кист?
Раҷаббой Аҳмадзода 16.09.1971 дар ш. Хуҷанди в. Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «Муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter