Дар соли 2017 аз ҳисоби истеҳсоли маҷмӯи умумии маҳсулот дар вилояти Хатлон, ба буҷа11 миллиарду 829 ҳазору 493 сомонӣ ворид гаштааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 778 млн 922 сомонӣ зиёд мебошад. Қаҳҳор Усмонов, сардори Раёсати чорводорӣ ва растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки соли 2017 барои кишоварзони хатлонӣ соли хуб ва бобарор буд.
Бино ба иттиллои Қаҳҳор Усмонов, соли гузашта кишоварзони хатлонӣ 476 ҳазору 501 тонна ғалладонагӣ, 16 ҳазору 23 тонна ҷуворимакка, 247 ҳазору 211 тонна пиёз, 42 ҳазору 308 тонна сабзӣ, 3 ҳазору 533 тонна бодиринг, 555 ҳазору 344 тонна помидор, 70 ҳазору 441 тонна картошка, 292 ҳазору 721 тонна полезиҳо ва 68 ҳазору 58 тонна мевагӣ истеҳсол намуданд..
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Корбарони шабакаҳои ичтимоӣ, аз он ҷумла Фейсбук аз номгузорӣ шудани истгоҳи метрои шаҳри Тошканд ба номи шоир ва қаҳрамони миллати Тоҷик Мирзо Турсунзода ситоиш мекунанд.
Дар арафаи соли нави мелодӣ роҳбарияти метрополитени шаҳри Тошканд 1 хати нави метроро дар масири ноҳияи Сергилийи Тошканд пас аз таъмиру таҷдид ба истифода дода, бо пешниҳоди президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба он номи Мирзо Турсунзодаро гузоштанд. Чуноне ки матбуоти кишвари ҳамсоя навиштааст, ин амал ба хотири эҳтиром ба миллати Тоҷик ва густариш додани робитаҳои дӯстии 2 кишвари ҳамсоя сурат гирифтааст.
СССР
Кормандони ҳифи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд қазия марги 4 нафар сокини маҳаллаи 19-уми шаҳр ва заҳролуд гаштани боз чанд каси дигарро пас аз хӯрдани оши палав дар рӯзи 30.12.2017 мавриди тафтиш қарор дода, айни замон муайан карда истодаанд, ки чӣ гуна моддаи нитрати натрий ба оши палав роҳ ёфтааст.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти дастгоҳи раиси ш.Хуҷанд, дар асл, тибқи маълумоти мақомот, шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, маҳаллаи19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соати 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол менамоянд. Ҳамзамон аз оши палави номбаршуда ба ҳамсари Абуҷаббор Норматов-Муборакхон Норматова низ равон менамоянд, ки ӯ ҳам аз он таъом истеъмол менамояд. Баъди шаш соати истеъмоли ош шаҳрвандон Абуҷаббор Норматов ва Муборакхон Норматова дар вуҷудашон бемориро ҳис менамоянд ва ба худмуолиҷа машғул шуда, то соати 22:00 дар хонаи худ меистанд. Баъдан мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват менамоянд. Онҳоро дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳр Хуҷанд фавран бистарӣ мекунанд ва аз тарафи духтурон меъдаи беморонро мешӯянд.
Тақрибан соатҳои 23:55 тариқи «Ёрии таъҷилӣ» боз 1 бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст будани фишори хун, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба беморхонаи мазкур оварда шуд, ки аз вай Бахтиёр Муртазоев сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 ном бурда мешавад. Ӯ низ аз оши ҳарифона истеъмол намудааст.
Тибқи иттилоъи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар 3 бемор кабудшавии нохунҳо ва гирди лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, тасфи бадан, қайкунии зиёд, ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шуд. Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шуд, ки дар оши ҳарифона 8 нафар иштирок дошта, фавран боз 2 нафар Равшан Мӯъминов ва Ҳотам Раҷабов дар беморхонаи шаҳрии №1 шӯъбаи гемодиализ бистарӣ карда шуданд. Аз тарафи Маркази экспертизаи судӣ-тиббии вилояти Суғд муайян карда шуд, ки дар оши ҳарифона номбурдагон ба ҷойи намаки ошӣ нитрити натрий истифода шудааст.
Мутаасифона шаҳрванд Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва шаҳрвандон Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқоматии худ фавтиданд.
Имрӯз бо иштироки раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба таври расмӣ пули роҳи оҳан, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозиро, ки 4 ноҳияи пойтахтро ба ҳам мепайвандад, мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншооти мазкур соли 1929 бунёд шуда, бори охирон соли 1978 таъмир гардида, бо гузашти солҳо фарсуда ва ба таъмир ниёз пайдо карда буд.
Лоиҳаи навсозии пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаинвест» ва ҶДММ «Зебосоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоот аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шудааст.
Дар баробари он, инчунин атрофи пул пурра навсозӣ гардида, аз ҷумла, дар 4 ҷониби он зинаву роҳравҳо бозсозӣ шуда, майдони 500 метри мураббаъ бо сафолакҳои бетонӣ рупӯш гардидааст. Қисмати поёни он бо масолеҳи ороишӣ рӯпӯш, асосҳо ва сутуни такягоҳи пул низ бо санги хоро зиннат дода шудаанд, ки масоҳати умумии он 450 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои ороишӣ дар қисмати поёни пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.
Роҳбарияти ш.Душанбе тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 адад майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад.
Бояд гуфт, ки танҳо дар 11 моҳи соли 2017 дар ҳудуди пойтахт 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар