ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Нояб 06 2017


Имрӯз бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ аз болои муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин маркази бошукӯҳро мавриди истифода қарор дод. Муҷассама аз ҷониби арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст.
Президенти мамлакат бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд.
Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Айнӣ қомат афрохт ва солҳои охир масъалаи таъмиру азнавсозии он ба миён омада буд. Бо назардошти таъмирталаб будани он бо ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти нави тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, муҷассамаву мақбараи устод аз нав ва бо тарҳи бисёр зебои меъмории миллӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз 2 даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиш ва нақшу нигори даромадгоҳҳои боғ, сутунпояҳои бошукӯҳу мунаққаш, ки бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст, таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.


Панҷшанбе, Нояб 02 2017


Маъмурияти Маркази савдои «Садбарг» бо пешниҳоди шаҳрдории пойтахт соати кории ҳаррӯзаи хешро иваз намуда, онро ба 2 соати дигар тамдид кардааст.
Чуноне ки ба мухбири мо масъулони ин фурӯшгоҳи ш. Душанбе хабар дод, минбаъд маркази савдо то соати 19:00 боз буда сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонанд пас аз рӯзи корӣ низ ба инҷо омада харид кунанд. Тамоми дӯконҳои Маркази савдои «Садбарг» то ин соат кушодаанд. Қаблан бошад ин марказ то соати 17:00 кор карда, баъзе аз тоҷирон пас аз соати 16:00 дарҳои дӯконҳои хешро баста мерафтанд.

СССР

Чоршанбе, Нояб 01 2017


Дирӯз Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе ба «Боғи кӯдакон ва наврасон» воқеъ дар бурриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе омада бо лоиҳаи азнавсозии боғи мазкур ошно гашт. Лоиҳаи азнавсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон» аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ»-и САНИИОСП тарҳрезӣ гардида, фармоишгари лоиҳа бошад, Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 «Боғи Кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва нишастгоҳу нишасткурсиҳои сершумор бунёд карда мешаванд. Ҳамчунин, дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи автомобилӣ, майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳо барои бозии шоҳмот сохта мешаванд. Баҳри дилхӯшии кӯдакон бошад, дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу лавозимоти бозиҳои кӯдакона насб гардида, дар як ҷониби он бо истифода аз буттаҳои ороишӣ лабиринт бунёд мегардад.
Бояд қайд намоем, ки “Боғи кӯдакон ва наврасон” дар шафати варзишгоҳи “Спартак” воқеъ буда солҳои охир ҳоли хуб надошт.

СССР

Чоршанбе, Окт 25 2017


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» тасмим гирифтааст бо мақсади кушодани хатсайри нав Душанбе-Сеул-Душанбе санаи 31.10.2017 аз Душанбе ба Сеул парвози техникӣ анҷом бидиҳад.
Бино ба иттиллои Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати номбурда, парвози нахустин дар ин самт ба рӯзи 31.10.2017 соати 9:00 ба нақша гирифта шудааст. Бояд қайд намуд, ки парвоз дар масири Душанбе_Сеул-Душанбе дар чаҳорчӯбаи созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар самти рушди хамкориҳои авиатсионӣ ва ҳамлу нақли мусофирони 2 кишвар амалӣ хоҳад ёфт.
Инчунин, дар ҳамин рӯз-31 октябр ифтитоҳи хатсайри самти Кӯлоб–Москва–Кӯлоб баргузор мегардад. Ширкати «Сомон Эйр» аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвозҳоро  ба роҳ мондааст. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифта, хатсайрҳо тавассути ҳавопаймои «Боинг 737» амалӣ мегарданд.

СССР






Чоршанбе, Окт 25 2017


Ширкати саҳомии холдинги кушодаи  «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки имсол ният дорад, бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунад ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намояд.
Дар баробари ин ширкати мазкур, ба сокинони кишвар муроҷиат карда, ба ҳамаи онҳо хотиррасон менамояд, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар 1 сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Соли гузашта бошад танҳо аз 1-уми ноябри соли 2016 то 14-уми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ дар кишвар маҳдуд карда шуда буд.

СССР


Ҷумъа, Окт 20 2017


Тавре агентии хабарии “РИА Новости” мегӯяд, дар канори шаҳри Маскав-пойтахти Русия пулис аз 1 ҳуҷраи хидматӣ дар ҳудуди аэропорти Домодедово 2 корд ва 1 китоби динии мамнӯъро ёфта, 5 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистонро низ дастгир кардааст. Ин ҳуҷра ба хадамоти масъули тозакунии ҳавопаймоҳои ширкатҳои S7 ва "Глобус" тааллуқ дошт ва муҳоҷирони тоҷику узбек дар ҳамин ширкат кор мекарданд...

саҳ 101 аз 156

Китобҳо

Flag Counter