Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 955,2 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 ҳазор нафар мусофир ё 12,1% зиёдтар мебошад, аз он ҷумла: миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар давраи ҳисоботӣ 1897,0 тн.-ро ташкил додааст. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 207,6 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.
Чуноне ки ба мухбири дар маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” хабар доданд, теъдоди ҳолатҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 960 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 213 парвоз ё 28,5% зиёдтар мебошад. Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 644 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 182 ҳолат,
номусоидии обу ҳаво – 55 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 18 ҳодиса ва ғайра.
Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ хадамоти ҷустуҷӯӣ, садамавӣ-наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо дар масъалаи беҳсозии вазъи зиддисӯхтории объектҳо, сехҳо, қитъаҳои хадамот ва шуъбаҳои ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» корҳои зиёдро ба ҷо овард. Чунончи, техника ва асбобҳои сӯхторнишонӣ таъмир гардида, ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода карда шуданд. Бо ҳайати шахсии гуруҳҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ оид ба бехатарии зиддисӯхторӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.
СССР
Чангу ғуборе, ки имшаб Душанберо фаро гирифт, ба реҷаи нишасту парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилаллии Душанбе халал ворид намуда, боиси пеш омадани таъхири парвозҳо гашт.
Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе хабар доданд, бо сабаби бад будани вазъи ҳаво ва маҳдуд шудани намоёниӣ хати парвоз, шоми гузашта аз соати 24-и шаб то соати 04:00 субҳ фурудгоҳи пойтахт барои фуруду парвоз баста шуда, хатсайрҳои ҳавоӣ дар масири Маскав-Душанбе (Ютейр), Екатеринбург-Душанбе(Уралские авиалинии), Дубай-Душанбе(ФлайДубай) маҷбур шуданд дар фурудгоҳщои шаҳрҳои Хуҷанду Бишкек бишинанд. Пас аз соати 6 и субҳи имрӯз бо назардошти беҳтар шудани намоёнӣ, фуруду парвози ҳавопаймоҳо аз рӯи реҷаи муқаррарӣ сурат гирифта истодааст.
СССР
Дар газетаи СССР (24.08.2017, №34(467) мақолаи сардабир С.Мизроб «Паспортро супурдан ба маънии патриот шудан аст?»-ро хонда ба андеша фурӯ рафтам. Муаллиф дар бораи ба нафақа баромадани генералу полковникҳо муҳокимаронии дуруст намуда, гуфтааст, ки «… парлумон нафақаро лаҷом задааст ва меъёр гузоштааст». Ӯ дарди ҳазорон нафарро, ки аз 1.01.2017 ба нафақа баромадаанд, изҳор намудааст. Ман низ аз ҷумлаи шахсони дар с.2017 ба нафақа баромада мебошам. Дорои маълумоти олӣ ва хизматчии давлатиям. Ҳамагӣ 415 сомонӣ нафақаи пиронсолӣ мегирам: ними обедпулии 1 вакили мардумӣ, ё директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ. Бо ин нафақа, ки барои хариди дору, барои табобатам басанда нест, чи тавр зиндагиро пеш барем? Фикр мекунам, ки вакилон ва муҳтарам директори Агентӣ дар солҳои охир ягон бор ба ягон бозор рафтагӣ нестанд. Агар мерафтанд, медонистанд, ки нархи дору, 1 кг картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, 1 халта орду 1 кг равған ва қанди сафед чанд сомонист ва пеш аз қабули қонун дар бораи нафақа, ки онҳо онро бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.03.2013, таҳти №90 овоз дода, қабул ва бо фармони худ аз 5.02.2016, таҳти №11 тасдиқ кардаанд, перомуни ояндаи нафақахӯрон каме фикр карда, дар дами пиронсолӣ муҳтоҷ ва дастнигар намекарданд.
Агар ҳоли хизматчии давлат ин аст…?
44 сол собиқаи корӣ дорам, ки аз ин 13+4 солаш хизматчии давлатӣ аст. Барои нафақаи хизматчии давлатиро гирифтан бояд 15 сол собиқаи кори хизматчии давлатии тоза бошад. Вале ман 13+4 (аз ин 4 солаш бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз рӯи зарурат дар 1 вақт дар 2 вазифа кор кардам), яъне 17 сол собиқаи хизматчии давлатӣ дорам. Дар кор ба бемории катарактаи чашм (2 бор ҷарроҳӣ ва 3 бор бо лазер чашмамро сӯзонданд) гирифтор шудаму 380 сомонӣ нафақа таъйин ва 6 моҳ пас аз нафақаи маъюбӣ таъин ва сипас аз вазифаи хизматчии давлатӣ озод карданд. 3 моҳ пас аз озод намудан аз кор ВТЭК-и минтақаи Кӯлоб бо сардории Қ.Хоҷаев нафақаи маъюбиамро низ бо баҳонаи «Мо план дорем» барҳам дод. Чӣ кор кунам? Касе арзатро гӯш намекунад! Ба куҷоҳое муроҷиат накардам… Ба ман нафақаи хизматчии давлатиро намедиҳанд ва ягон имтиёз надорам. Мегӯянд, ки 2 солат намерасад. Дар ҳеҷ куҷо дигар арзатро гӯш намекунанд.
Вакилони муҳтарам, вақте овоз дода, қонунро қабул намуданд, 15 сол собиқаи кори хизматчии давлатӣ, 180 моҳ ва бисёр дигар нофаҳмиҳои подарҳаворо аз куҷо гирифтанд? Чаро фикр накарданд, ки хизматчии давлатӣ одам аст, ӯ бемор мешавад, мемирад. Чаро онҳо барои 10, 12, 14 сол собиқаи кори хизматчии давлатӣ ягон имтиёз нагузоштанд? Бигзор 100% не, 60, 70, 80, 90% ӯро ҳамчун хизматчии давлатӣ имтиёз диҳанд. Магар ин аз рӯи адолат ва инсоф аст, муҳтарам вакилони мардумӣ ва директори Агентӣ?
Ё ин ки метарсед, пул мераваду давлат камбағал мешавад? Давлатро аз ҳисоби нафақа бой карданӣ ҳастед? Ҳақ аст, С.Мизроб, ки мегӯяд: «Ин рӯз ба сари шумо ҳам меояд».
Одина Баротов,
нафақахӯр, н.Муъминобод
Рӯзи 13.10.2017, соати 00:15 дар деҳаи Сафарбоёни ҷамоати деҳоти Кангурт мутриб, сароянда ва оҳангсози Тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007) Ҳабибуллои Бегмуҳаммад (Гурги Бег) дар синни 69 аз дунё гузашт.
Маълумоташ олӣ, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъат ба номи М.Турсунзода. Фаъолияти кориро дар Кангурт ба сифати мудири клуб (1966) оғоз карда, дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия нақши босазо дорад. Дар фестивал-озмунҳои вилояти Кӯлоб, ҷумҳуриявӣ, “Бӯстон”-ҳо, “Андалеб-2002”, “Чакан”, ҷашнвораҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 70-солагии н.Совет (Темурмалик)... ширкат карда, борҳо ғолиби озмунҳо гаштааст. Қобилияти ҳофизӣ ва ҳунари хуб доштани ӯро ба назар гирифта, ба Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ба ансамбли дарё таклифаш карданд.
Узви дастаи “Фалак” аз с.2001, директори “Бойгонӣ”-и Кумитаи ТВ ва радио. Пас аз нафақа баромадан ҳам бо дастаи Фалак ҳамкорӣ дошт. Мавсуф ҳофизи нотакрор буда, дар эҷодиёташ шеъру оҳангҳои халқӣ мавқеи хос дошт. Ӯ бар ашъори шуарои классик Мавлоно Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Сайидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣ, Лоиқ Шералӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саид Ғоиб, Озар, Хайрандеш... оҳанг бастааст.
Ба гузориши сайти расмии Маҷлиси қонунгузор, намояндагони Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК барои иҷрои тарҳи «Беҳсозии роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)»-ро тасвиб карданд. Вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёрзода дар муаррифии ин тарҳ дар маҷлис гуфт, ки арзиши куллии он 96,38 млн доллар аст, ки аз ин маблағ 17 млну 18 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва боқимонда саҳми Бонки рушди Осиёӣ ва Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК аст. Бо ин қарз қарор аст, 33,2 км аз бузургроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа азнавсозӣ шавад, ки 3,7 км-и он аз қаламрави ш.Душанбе, 17,8 км - аз қаламрави н.Рӯдакӣ ва 11,7 км аз қаламрави н.Хуросон мегузарад. Дар ин роҳ 4 пул бо дарозии 630 метр навсозӣ, шумораи хатти ҳаракат 4 то, паҳнои бахши мошингузар аз 14 то 24 метр, ғафсии қабати поёнӣ асфалт 6,5 см, қабати боло 5 см, шумораи истгоҳҳо 20 то, зергузарҳо 6 то барои роҳҳои саҳроӣ ва чорвогузар, шумораи лӯлаҳои обгузар беш аз 60 то, пиёдаравҳо дар маҳалҳои аҳолинишин 3325 метр карда хоҳад шуд. Бар асоси ин барнома, бозсозии ин шоҳроҳ дар 2 марҳала анҷом хоҳад шуд ва иҷрокунандаи он ширкати чинии "China Road Bridge Corporation" аст.
Дар натиҷаи 1 садамаи нақлиётӣ дар н.Восеъ 52 сар гусфанд ба ҳалокат расид…
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар