Шӯҳрат Мақсудшоев, писари Дилдор Мақсудшоев, директори собиқи фурудгоҳи ш. Хоруғ, ки рӯзи 13.09.2017 ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расид, ба ҷойи падараш иҷрокунандаи вазифаи директори фурудгоҳи ин шаҳр таъин гашт.
Чуноне ки ба мухбири мо аз маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, ин тасмим пас аз сафари ҳайати кории роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Хоруғ дар пайи ин ҳосида гирифта шудааст. Фурудгоҳи ш. Хоруғ зертобеи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» буда шодравон Дилдор Мақсудшоев аз соли 1998 роҳбарияти онро бар ӯҳда дошт.
СССР
Имрӯз бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин»-и роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» оғози расмӣ бахшиданд. Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.
Дар асоси лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин қитъаи роҳ ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад.
Субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати «Сомон эйр» нахустин зойирини Тоҷикро, ки чанде пеш барои зиёрати Каъба ба Маккаву Мадина рафта буданд, ба Ватан овард. Баргашти ҳоҷиҳо аз имрӯз оғоз шуда, то 25.09 давом хоҳад ёфт. Барои пешвози ҳоҷиҳо ва пеш наомадани издиҳоми мардум ва пешвозгирандагон субҳи имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт чораҳои шадиди амниятӣ андешида шуда, намояндагони Кумитаи кор оид ба дин ва танзими ҷашну маъракаҳо пеш аз баромадани ҳоҷиҳо бо онҳо мулоқот карданд.
(дар зер гузориши аксии мухбири СССР аз пешвози ҳоҷиҳо)
Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Сӯҳбати имрӯзаи мо аз сардабир аст ва бурду бохти СССР дар 09х09х09. Яъне дар 9 сентябр мо 9-сола мешавем. Ва инак ун сӯҳбат:
-Ман ҳамеша дар орзуи нашри 1 рӯзномае будам, ки тавонад тамомии журналистони соҳибкасб ва ворастаро сарҷамъ орад. Агар ба навиштаҳои хабарнигорони мо (саҳ. 3-12) таваҷҷӯҳ кунӣ, хонанда, тамомии кормандони СССР аз А то Я федерол ва маргеналанд, ки бо сабаби саркашӣ, соҳибфикрӣ, ворастагӣ, ёғигӣ… ё аз кор рафтаанд ё онҳоро «равондаанд». Усулан, ман, ки худ ёғӣ ва саркаш будаму аз маъруфтарин ниҳоди хабарии олам-Озодӣ истеъфо додаам, чунин афродро дӯст медорам. Зимнан, онҳоро ба кор гирифтам. Ин дар ҳоле буд, ки дигарон метарсиданд дар бархе маворид бо онҳо ҳатто сӯҳбат кунанд…
Вале ман медонистам, ки Тоҷикистон рӯи ана ҳамин ёғиву саркашу якравҳо поянда аст. Зимнан, бо кулли ин қалам-сар-кашон корро маҳз дар рӯзи Истиқлолият 09.09.2008 сар кардем. Аз чӣ???
Ману Сафват Бурҳонов-асосгузорони СССР, ҳамагӣ 1 ноутбук доштем! Кабинетро ба мо Самариддин Асозода-сардабири Ҷавонони Тоҷикистон дод. 1 дафтари 1,5 ба 2 метр. 6-7 курсиро Раҷаби Мирзо овард, ки ягона мерос аз Рӯзи Наваш буд. Абдувоҳиди Зевар аз куҷое 1 мизи ларзон ёфт. Умед-раиси нашриёти Мушфиқӣ ваъда кард, ки то пул ёфтан, газетаро чоп мекунам. Апаи Гулчеҳра камарашро мустаҳкам баст, ки бе пул газетаҳоро тақсим менамоям… Ва корро сар кардем!
Тамомии элитаи журналистика бо мо 1 шуд ва воқеан ҳам мо газетае кардем, ки дорем ва ҳоҷат ба муаррифии бештаре нест...
Журналистони музофотии мо низ саркашу ёғӣ буданд. Раҳими Ашрофи раҳматӣ вилояти Суғдро такон медод. Барои Миллат, Ватан ва Президент! Ин шиори ӯ буд ва аз теғи қаламаш ягон ҳатулкор, хоин, ватанфурӯш эман намемонд. То рӯзи маргаш 1 тин маош нагирифт. Худ бизнесмени муваффақ буд ва мегуфт, «кор дар СССР барои роҳати виждон аст, на маош!».
Имрӯз, шукри Худо, шукри Истиқлолияти Давлатӣ, шукри ҳамкасбон ва шукри ту, хонандаи ин сутур, ки 9 сол бо моӣ, СССР яке аз муваффақтарин расонаҳои миллист.
СССР ягон газета на танҳо дар Тоҷикистон, ки дар тамомии Осиёи Марказист, ки хабарнигори расман номнависшудаи худро дар Кремл дорад. Шамсиддин Бобоеви мо дар брифингҳои Мария Захарова, дар Кремл, ҳамеша фаолона иштирок ва манофеъи Тоҷикистонро ҳифз мекунад.
СССР лоиҳаи бузурги гурӯҳи 40-нафараи Хабарнигорони Мардумиро роҳандозӣ кард, ки гунае аз лоиҳаи «мухбири ғайриштатӣ»-и журналистикаи советист. Рӯиҳамрафта, мо проекти Ихвон ал СССР-ро рӯи даст дорем, ки дар тӯли ин 9 сол даҳҳо ҳазор нафар узви он буд. Ихвон ал СССР созандагони воқеии Ватананд ва мо бо ҳар яки шумо ифтихор дорем.
Мо Метавонем!
Бо дуруду паёми идайн-Рӯзи Истиқлолият ва Рӯзи таъсисёбии газетаи СССР,
Сайёфи Мизроб-дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР-и шумо...
Солҳо боз дар шафати Беморхонаи вилоятии ба номи А.Ҳақназарови ш.Кӯлоб крани борбардори «азимҷусса»-е насб шудааст. Он кӯҳнаю рангпарида, ҳатто зардхӯрдааст, ки симои маҳалро басо зишт кардааст. Ин дар ҳолест, ки атрофи онро биноҳои бо тарҳи муосир бунёдшуда иҳота намудааст. Боиси надомат аст, ки 1 оҳани бузург тайи анқариб 20 сол боз ҳаракат накарда, ҳамоно рост истодаю мисли «ҳайкал» таҳдиди афтодан бар болои беморхонаи бузургтарини шаҳр ва коллеҷ дорад. Атрофи онро бошад, ғарами ифлосиҳо фаро гирифтааст. Ин ҳама дарди бахайр: ҳамарӯза наврасон дар гирди он бозӣ карда гоҳо болои он баромада гӯё бо ҳамдигар қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Масъулони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлати ш.Кӯлоб бошанд, ҳанӯз дар ҷаҳолатанд. Саволи матраҳ ин аст: Наход 1 корманди мақомоти дахлдор ҷуръат надошта бошад, ки баҳри бартараф намудани ин крани азимҷусса ба соҳибаш муроҷеъ шавад? Тавассути ин матлаби хурд ба соҳиби ин кран гуфтанием, ки крани зангзадаю фарсударо бардошта барад, вагарна ҳодисае рӯй диҳаду болои беморхона афтад, масъулияташ бар дӯши соҳибаш аст, на каси дигар!!!
Исломи Раҷабалӣ,
СССР, Кӯлоб
Дирӯз, 7 сентябр, дар ноҳияи Панҷ баъди ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатии ҶТ ва ҳангоми сар додани салют 3-4 нафар хонандагони мактабҳои миёна ҷароҳат бардошта, дар Беморхонаи марказии ҳамин ноҳия бистарӣ шудаанд. Тибқи нақли шоҳидон, баъде, ки салютро ба ҳаво сар медиҳанд, яке аз онҳо нохост самти ҳаракатро тағйир дода, ба замин-болои сари мардум рехтааст. Ҳамчунин, 1 салюти дигар ба дарахти арча бархӯрда, арчаро сӯзондааст. Тибқи нақли шоҳидон, дар ин чорабинӣ раиси вилоят-Давлатшо Гулмаҳмадзода низ ҳузур доштааст. Иловатан, мардуме, ки маҷбуран ва соатҳои тӯлонӣ зери гармии тақатфарсо дар майдон истодаанд, аз хурӯҷи бемории зоб аз ҳуш рафта, дар Беморхонаи ноҳия зери табобат қарор доранд. Ин хабарро сардухтури ноҳия-Нурмаҳмад Умронов дар сӯҳбат бо СССР тасдиқ кард.
Баҳодур Уроқов, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар