ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Сен 07 2017



Аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянд (11 сентябр) самолети «Boeing 737-800» дар рейси аввалин ҳоҷиёнро бо хатсайри «Мадина-Душанбе» ба Душанбе меорад. Гурӯҳи охирини ҳуҷҷоҷ 25 сентябр ба Ватан бармегарданд. Дар ин бора, Афшин Муқим- котиби матбуотии Кумитаи дини назди Ҳукумати ҶТ ба агентии иттилоотии «Азия плюс» хабар додааст. Имсол аз Тоҷикистон 6300 нафар ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд. Ва қимати сафари ҳаҷ бошад беш аз 32.000 сомониро ташкил медод…

Панҷшанбе, Сен 07 2017

 
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда дар Тоҷикистон ва сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ сертификати узвияти IATA - Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро гирифт. Сертификати мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2016 муваффақона аз аудити ИКАО гузаштааст, дастгирии воқеӣ мебошад.
Томас В. Ҳаллам II, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита бо ин рӯйдоди муҳим изҳор дошт:
- Мо бо ин дастоварди деринтизорамон мефахрем. Узвият дар IATA марҳалаи навест дар таърихи музаффариятҳои ширкати «Сомон Эйр» ва куллан Авиатсияи граждании Тоҷикистон. Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ бешак ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии мо ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва намудҳои нави хизматрасони, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти оперативӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад ва дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд, гуфт мавсуф.
Яке аз бартариятҳои асосии узвияти ширкати «Сомон Эйр» дар IATA - имкони бастани қарордодҳои интерлайн ва код-шеринг бо интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбари байналмилалӣ хоҳад буд. Ин ба ширкат интиқоли мусофирон ва бағоҷро ба тамоми самтҳои зарурии берун аз доираи хатсайрҳои «Сомон Эйр» имкон медиҳад.
Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA - ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 275 ширкати ҳавопаймоӣ аз 119 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.
 


Чоршанбе, Сен 06 2017


Рустами Эмомалӣ, раиси ш. Душанбе бо 1 қарори вежаи худ дастур додаст, ки ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва кормандони тамоми раёсатҳои ободонии пойтахт дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар кӯмакпулӣ ҷудо карда шавад. Маблағи умумии кӯмакпулӣ 4 миллиону 806 ҳазору 600 сомонӣ буда он аз ҳисоби фондҳои хайриявӣ, сарпарастон ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ба расиони ноҳияҳои ш. Душанбе супориш дода шудааст, ки ин маблағҳоро ба ниёзмандон то 8.09.2017 расонанд.

СССР





Панҷшанбе, Авг 31 2017


Дар маркази саломатии шаҳри Қурғонтеппа дар 1 рӯз беш 50 нафар кӯдакоро ройгон хатна карданд. Ин иқдоми нек дар арафаи иди Қурбон ва 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш  пешниҳод манзур гардидааст.
Чуноне ки сардухтури маркази саломатии шаҳри Қурғонтеппа  Содиқ Абдуллоев

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

https://www.youtube.com/watch?v=NrUSRwXlFGs&feature=youtu.be

Панҷшанбе, Авг 31 2017


 
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии маъюбон, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи иди саиди Қурбон ва ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ниёзманд кӯмаки хайриявӣ расонд.
 
 
 
 
Аз ҷумла, бошандагони мактаб - интернати низомаш махсуси деҳаи Хирманаки шаҳри Ҳисор аз кӯмаки мазкур, ки иборат аз маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва дигар маводи ғизои иборат буд, баҳравар гардиданд.
 
 
 
Иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои қадимаи мо мардуми мусулмон мебошад, маҳз дар ин рӯзҳо Хадамоти гумрук ба хона - интернат пайваста кӯмакҳои хайриявии худро мерасонад ва толибилмонро бо фарорасии ид табрик менамояд.
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоршанбе, Авг 30 2017


 Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Маҷмааи бойтории забҳи чорво» таъсис дода шудааст ва аз 25-уми август сар карда дар назди он ярмаркаи вижаи фурӯши чорво барои иди Қурбонро ба кор сар кард. Дар ин ярмарка ҳар рӯз то 300 сар чорво бо нархи арзонтар аз бозор фурӯхта мешавад. Масъулони «Маҷмааи бойтории забҳи чорво” мегӯянд, ҳамчунин рӯзи Иди Қурбон дар инҷо чорвои қурбонии мардумро бепул забҳ хоҳанд кард.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  Мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт сокинонро огоҳ мекунанд, ки дар рӯзи Иди Қурбон забҳ намудани чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда қатъиян манъ буда, барои ин кор ҷарима пешбинӣ шудааст. Сокинон чорвои худро бояд дар ҷойҳои махсусгардонидашуда ва доимӣ  — назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» забҳ намоянд. Аз ҷумла, чорво дар  ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4,  дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи “Роҳи нав”,  дар ноҳияи И.Сомонӣ дар назди Маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2) ва дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бояд забҳ карда шаванд. Ҳамчунин дар чор  самти шаҳр барои забҳи чорво 93 нуқтаи муваққатӣ муайян карда шудаанд, ки суроғаи муайяни онҳо аз 27 август ҳамарӯза тариқи телевизион ва радиоҳои давлатӣ пахш шуда истодааст.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз манъ намудани забҳи чорво дар назди манзилҳои истиқоматӣ- ин кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист  ва пешгирии бемориҳои сироятию гузаранда  мебошад.

СССР

саҳ 106 аз 156

Китобҳо

Flag Counter