ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 17 2017


(Ба ҳама ОЧАҶОНҲО бахшида мешавад)

Ҷумъа, Авг 11 2017


Бахтовар Азимов, сарбози қатории қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вақти адои хизмат бо мақсади наҷот додани писарбачаи 10-сола ҷони худро дареғ надошта, ба таври фоҷиавӣ ҳалокат расид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти кумитаи номбурда, ҳодисаи фоҷибор 4.08.2017  рух додааст. Бахтовар Азимов барои наҷот додани писарбачаи хурдсол — Меҳрубони Ҷурахони 10-сола, ки дар об ғарқ шуда истода буд, худро ба об  андохта, ӯро аз марг наҷот медиҳад. Писарбача наҷот меёбад, вале мавҷи тезу тунди об, мутаассифона, сарбозро ба ҳалокат мерасонад.
Сарбози қаторӣ Бахтовар Азимов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, аз баҳори соли 2017 дар  Дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» хизмати Модар-Ватанро сарбаландона пеш мебурд.

СССР


Душанбе, Авг 07 2017


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои пайдо кардани ҳуқуқи хизматрасонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон озмун эълон мекунад.Аз он ҷумла, дар озмун 1 лот дар доираи 2 хатсайр пешниҳод мегардад:
-хатсайри №50 (Ҷамоати Чоряккорон — Терминали мусофирбарии ҶСП “Фароз” ва хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон — КВД “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед”.
Хатсайри №28 то ин дам ба ҶСК «Нақлиёт» дахл дошта молики ин ҷамъият  Хуршед Қурбонзода, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ мебошад.
Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки дорои воситаи нақлиёти худиянд ё тибқи қонун ба он моликанд ва иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро ҷиҳати дарёфти ҳуқуқи амалӣ намудани ҳамлу нақли мусофирон ҳамчун ширкати нақлиёти автомобилии истифодаи умум доро мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкам, мӯҳрзада то соати 17:00-и 4 сентябри соли 2017 ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд. Озмун  5 сентябри соли 2017 соати 10:00 дар толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80 баргузор мегардад
Хоҳишмандон барои гирифтани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои озмун бояд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе- ба суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 80, ҳуҷраи 28 (ошёнаи 3),  бо дархости хаттӣ муроҷиат намоянд.
Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 221-83-56,  935 — 85-00-94 дастрас намоянд.










Чоршанбе, Авг 02 2017


Ширкати «Барқи тоҷик» ният дорад дар ояндаи наздик нархи қувваи барқро дар кишвар боз боло бардорад ва айни замон ин пешниҳод дар вазоратҳову сохторҳои марбутаи кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар ин бора рӯзи 1.08.2017 раиси ширкати мазкур Мирзо Исмоилзода ба журналистон хабар дод.
- «Барқи тоҷик» ба боло бардоштани нархи истифодаи қувваи барқ зарурат дорад, зеро барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншоотҳои гидротехники мамлакат ва мутахассисони соҳаи энергетика, пӯшонидани кредитҳо маблағи иловагӣ лозим аст. Мо алакай пешниҳодҳои хешро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намудаем ва бояд қайд намоям, ки хулосаи охиринро, аз ҷумла то чанд фоиз боло бурдани нархи қувваи барқро танҳо ва танҳо Ҳукумати ҶТ муайан мекунад,  – таъкид дошт Мирзо Исмоилзода.

СССР

Чоршанбе, Авг 02 2017


Чанде пеш дар пойтахти  мамлакат обидаи нави меъморӣ   бо номи  «I  love Dushanbe» («Ман Душанберо дӯст медорам») ифтитоҳ гардид. Лоиҳаи нави меъморӣ дар дохили маҷмааи «Диёри Душанбе»,  воқеъ дар наздикии Кӯли ҷавонон  устувор карда  шудааст.
Обидаи  «I love Dushanbe» аз ҷониби ширкати «Қатар- Диёр- Тоҷикистон» ҳамчун 1 навъ рамзи изҳори муҳаббат ба пойтахти кишварамон  гузошта шуд. Корҳо дар самти эҷоди он  чанд моҳ пеш оғоз гашта, дар мавриди маҳз дар ин макон гузоштани ин маҷмаа қаблан иттилоъ пахш нашуда буд.
Дар наздикии  обидаи баландиаш 2,5 метраи «Ман Душанберо дӯст медорам» фаввора насб гардидааст, ки тӯли рӯз фаъол аст. Дар давоми 2 рӯз зиёда аз садҳо нафар тамошобинон ба ин маҷмаа омада, лаҳзаҳои зебои худро дар «Диёри Душанбе» акс гирифтаанд. Дар шабакаҳои иҷимоӣ шумораи зиёде аз корбарон барои таъсиси ин гуна лоиҳаи хуби меҳмоннавозӣ дар пойтахти кишвар изҳори сипос намудаанд.

СССР

Ҷумъа, Июл 28 2017


Марҳабо Латифзода-муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, шумораи никоҳ дар кишвар коҳиш ёфта, баръакс шумораи талоқҳо афзоиш ёфтааст. Ба назари ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 7503 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2146 адад кам аст. Ба таъкиди ӯ, дар 6 моҳи аввали соли равон 5040 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 516 ҳолат зиёд будааст.

саҳ 108 аз 156

Китобҳо

Flag Counter