ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 29 2017



ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай Абдурашид Ясинов, ҳавонаварди ширкати “Тоҷик Эйр”ро даъват намуда дар шароити тантанавӣ ба эшон 5000 сомонӣ - ҷоизаи пулии аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳи мазкур ҷудошударо тақдим намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти фурудгоҳи Душанбе иттиллоъ доданд, мукофоти пулиро ба Абдурашид Ясинов ёрдамчии директори генералии ҶСК “ФБД” Фирӯз Боқиев ҳадя карда ҳамзамон барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва шуҷоату далерӣ арзи сипос намуд.
Бояд қайд намоем, ки ба Абдурашид Ясинов ва кормандони дигари экипаж шоми 9.03.2017 муяссар шуд ҳавопаймои осебдидаро дар ҳолати изтирорӣ, бидуни хавфу хатар ба фурудгоҳи Хуҷанд фуруд орад. Ҳавопаймои мазкур, ки аз рӯи хатсайри Хуҷанд - Москва парвоз мекард, пас аз нишастан дар фурудгоҳи ш.Тарази Қазоқистон барои пур кардани маводи сӯхт, осеб дида дубора ба фурудгоҳи парвозаш баргашт.



СССР

Чоршанбе, Март 29 2017



13.03.2017. Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа. Ин шом хостам 2 дӯсти хориҷиам Рето ва Дэвидро, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба Душанбе аз Швейтсария омадаанд, ба шомхӯрӣ даъват кунам. Тасмим мегирам онҳоро ба тарабхонаи «Бундес бар», ки ба фарҳанги аврупоӣ наздиктар аст, бубарам, то ин, ки эшон худро бароҳат ҳис намуда, хӯроки дилхоҳи хешро дар ин тарабхонаи олмонӣ бихӯранд. Тарабхона, дурусттараш бар, ки дар ошёнаи 1-уми бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷойгир аст, бо завқу салиқаи олмонӣ оро ёфта, фазояш низ аврупоист ва кас метавонад дар чунин фазои хуш бо оромиш нишаста, сӯҳбат намояду хӯрок бихӯрад. Ман 2 сол қабл боре ба ин тарабхона омада будам, он замон аз хизматрасониву хӯрокҳояш хеле розӣ рафтам. Аммо ин маротиб, алалхусус бо меҳмонони хориҷӣ аз «Бундес бар» пушаймон шудам! Барои чӣ? Ҳоло хоҳам гуфт!

Гӯшти хук-интихоби №1-и мизоҷон
Мо бо Рето ва Дэвид ба «Бундес бар» ворид шуда, дар 1 канори толор барои худ ҷо гирифтем. Нишастан замон ба сӯямон пешхизмат-ҷавонписар омада китобчаи хӯрокҳо ва нӯшокиҳоро пешниҳод намуд. Бачаҳо барои худ аз байни даҳҳо намуд оби ҷави бар танҳо оби ҷави истеҳсоли Тоҷикӣ-«Сим-сим»-ро интихоб карданд. Баъдан шурӯъ кардем ба интихоби ғизои шом. Пешхизмат бароямон бештар хӯрокҳо аз гӯшти хукро, ки дар ин тарабхона серхаридор будааст, тавсия медод. Чун шояд дид, меҳмонҳо хориҷианд ин корро кард, вале дӯстони ман ба ҷои гӯшт бештар сабзавот мехӯрдаанд ва хӯрокеро интихоб карданд, ки гӯшт камтару сабзавот бештар дошта бошад. Ман, ки дар хеле аз тарабхонаҳои пойтахт будаам, танҳо дар ин ҷо шунидам, ки дар бораи хӯрокҳо аз гӯшти хук, ки хӯрдани он барои ҷомеаи мусалмонии Тоҷик макрӯҳ аст, ин қадар ошкоро ва бо шавқу рағбат ҳарф бизананд ва тавсия намоянд. Кунҷкобиам боло рафту аз пешхизмат пурсидам, оё мардуми Тоҷик ҳам, ки меоянд, инҷо гӯшти хук мехӯранд? Ҷавонписар гуфт, ки «оре, бештар ҷавонон майли чунин хӯрокҳоро мекунанд, баъдан барои хориҷиҳо, ҳасибҳои хукие, ки ошпазҳои мо мепазанд, хеле маъмулу машҳуранд»-гуфт ӯ. Сипас, нақл кард, ки хӯрокҳо аз гӯшти хук дар бахши алоҳида ва аз тарафи ошпазҳои олмонӣ пухтаю омода шуда, ҳафтае 1 маротиба ин амал аз ҷониби намояндагони санитарию эпидемиологии пойтахт санҷида мешавад…

Мусиқии Тоҷикӣ манъ аст!
Дӯстони ман, ки ошиқи санъату мусиқии Тоҷикианд, хостанд суруди Тоҷикӣ, хоса, дар иҷрои Зафар Аюбӣ супориш диҳанд ва бо ин мақсад пешхизматро даъват карданду хоҳишашонро гуфтанд. Аз мусиқии баланду гӯшхароши роки вазнини аврупоӣ ҳама хаста шуда буд.
-«Дар ин ҷо гузоштани суруду мусиқии Тоҷикӣ манъ аст!»-таъкид намуд дар ҷавоб пешхизмат.
-«Чӣ хел манъ аст?» суол кардам ман.
-«Ана, ҳамин хел манъ аст, роҳбарият ба мо намегузорад, ки суруд ва ё мусиқии Тоҷикӣ гузорем, зеро ин тарабхонаи олмонӣ аст. Дар 1,5 соле, ки ин ҷо кор мекунам, танҳо 2 маротиба суруди Тоҷикӣ гузошта будем ва он ҳам дар зодрӯзи дӯстони раисамон, тамом! Худамон хам хаста шудем, садои чунин мусиқии рок гӯшу майнаамонро кайҳо хароб кардааст, аммо чӣ чора. Мо коргари оддием!»-чунин гуфту рафт пешхизмат…
Ман пас аз ин ҳарфҳо чанд муддат дар ҳолати шокӣ қарор доштам, ки чӣ гуна дар ҳудуди Тоҷикистон, дар дили Душанбе, дар зери утоқҳои стратегҳои асосии мамлакат, ки сиёсати геополитикиро пеш мебаранд, шунидани суруди Тоҷикӣ манъ бошад!? НОНСЕНС! Нафаҳмидам ва фаҳмида ҳам наметавонам. Дӯстонам низ ангушти ҳайрат газида хомӯшона сӯи ман нигоҳ мекарданд… Мехостем ба нишони эътироз аз ҷо хеста баромада равем, лек аллакай хӯрок оварда буданду ба хотири кам нашудани маоши пешхизмат Дэвид моро маҷбур кард бишинем.

1 чойник чой 15 сомонӣ!
Хӯрок-1 пораи гӯшти гови сурхкардашударо бо боимҷону помидору сабзӣ ва шалғам бо дили нохоҳам хӯрда пас аз тановули он чойи кабуд фармудем. Пешхизмат бароямон чой овард. Чойи кабуди маъмулӣ бе ягон иловаҳои мевагӣ. Чойро нӯшида суратҳисоб хостем, пешхизмат бароямон суратҳисоб овард: 256 сомонӣ! 256 сомонӣ барои 3 бокал оби ҷав, каме нони бирёни сиёҳ ва панир-хӯриш бо оби ҷав, 2 гӯшт бо сабзавот ва чойи кабуд, ки расо 3 пиёла чой дошт. 1 чойник чойи кабуд 15 сомонӣ! Дӯстон нагузоштанд, ки ман ҳисобӣ кунам ва худашон пули хӯрок доданд. Пешхизмат моро то берун аз дари «Бундес бар» гусел карда, аз пасамон 2-3 маротиба «Хуш омадед! Боз биёед!» гуфт. Лек ман пеши худ гуфтам, ки дигар ба чунин ҷое, ки аз фарҳангу санъати Тоҷиконаи ман фарсахҳо дур асту мусиқаи Тоҷикиро манъ кардаанд, ҳаргиз нахоҳам поямро гузошт. Ҷое, ки Тоҷик будани ман ба хотири нозу нузи 1 тоҷики дигари аврупоишуда поймол шудааст, на танҳо ман, ки балки Ватану Миллатамро хор месозад! Мо метавонем!


Мину Аминзода, СССР
13.03.2017 аз «Бундес бар»

Сешанбе, Март 14 2017


Зиёда аз 2 моҳ мешавад, ки чароғакҳои нав часпонидашуда дар Панҷакент кор намекунанд.
Ронандагон мегӯянд, мавзеи чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Борбад аз ҷойҳои серҳаракат ва сернақлиёт мебошад. Кор накардани чароғакҳои ин чорроҳа барои мо мушкилӣ пеш овардааст.
- Аллакай, чанд садамаҳои нақлиётӣ аз кор накардани чароғак дар ин ҷо рух доданд. Охир наход 1 чароғакро ба кор даровардан ҳамин қадар душвор бошад - мегӯянд ронандагон.
Ин дар ҳолест, ки тибқи лоиҳаи "Таҷдид ва азнавсозии роҳи Айнӣ - Панҷакент" дар 7 мавзеъ чароғакҳои нав насб гардида буданд. Кормандони ШБДА ВКД дар шаҳри Панҷакент мегӯянд, ҳоло ин чароғакҳо дар тавозуни Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо мебошад. Нигоҳубин ва таъмираш ҳам ба зимаи онҳо аст.
Ба гуфтаи кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент, гӯё кадом қисми эҳтиётии чароғак дар Тоҷикистон набудааст ва ҳамчунин мутахасис ҳам бояд аз Русия омада онро таъмир намояд.
Наход дар Тоҷикистон мутахасиси чароғак надошта бошем? Ҷаноби Нуралӣ Арабзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо аз ин хабар дорад? Боз то кай ин чароғакҳо кор намекунанду чанд садама дар ин ҷо рух медиҳад?

Хуршед Фозилов

Душанбе, Март 13 2017

Дар бозор атласу адрас ҳаст ва харидор ҳам. Мардум новобаста аз нарху сифат харида истодаанд-мактабу боғчаи кӯдакон ва донишгоҳ талаб дорад. Талаб аз рӯи дастури Вазорати маориф ва илми ҶТ. Кори хубе кард ин вазорат! Бо ин дастураш киссаи бархе аз тоҷирону истеҳсолкунандагони ӯзбекиву хитоиро ғанӣ гардонид. Тиҷорати онҳоро рушд дод ва бо ин васила барои ворид шудани даромадҳои иловагӣ ба буҷаи кишварҳои ҳамсоя мусоидат кард.

Шанбе, Март 04 2017

Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ барои расонидани кӯмаки 1 вактаи пулӣ ба занон-кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои ш. Душанбе, фаррошони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ва сохторҳои он дар арафаи Рӯзи Модар 8 март, қарори вежае ба тасвиб расонидааст.

Чуноне ки аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар доданд, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи шаҳр 2 546 00 сомонӣ барои дастгирии иҷтимоии занони кӯчарӯб пешопеши идҳои баҳорӣ ҷудо шудааст. 

Бо дастури раиси ш. Душанбе ин маблағ бояд то 5.03.2017 ба тамоми занҳои кӯчарӯби пойтахт расонида шавад.

СССР

 

Ҷумъа, Март 03 2017

Пас аз рейди кормандони Хадамоти зиддисӯхтории ВКД ҶТ аксарияти идораҳои букмекерии ш. Душанбе баста шуданд. Чуноне ки маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, сабаби басташудани ин идораҳо дар риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ мебошад.

Чуноне ки ба мухбири СССР Умарҷони Эмомалӣ. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ гуфт, пас аз ислоҳи камбудиҳо ин идораҳо дубора боз хоҳанд шуд.

 

СССР

 

саҳ 122 аз 156

Китобҳо

Flag Counter