ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Дек 02 2016

 35 сол қабл, пас аз ироя шудани гузориш дар бораи баъд аз муоинаи тиббӣ ошкор гардидани аломати нав дар бадани 5 нафар шаҳрвандони қаблан солими Лос-Анҷелес, ҳаёти миллионҳо одамон ба кулли тағйир ёфт. Ин беморӣ номи «бемории пайдошудаи норасоии масуният»-ро (БПНМ) гирифт. Дар солҳои 1980-ум сироятшудагони ВНМО (вируси норасоии масъунияти одам) пас аз пайдо гардидани аломати бемории пайдошудаи норасоии масуният дар бадани онҳо, аксари вақт камтар аз 1 сол умр медиданд. Имрӯз бошад, табобати зиддиретровирусӣ, дар ҳолати дар марҳиллаи аввал ва ба таври муттаззам гирифтани он, метавонад ба шахси бо ВНМО сироятшуда ҳаёти муқаррарӣ бахшад. Ин нуқта дар баромади сафири ИМА дар ҶТ хонум Элизабет Миллард бахшида ба Рӯзи мубориза алайҳи бемории ВНМО, ки ҳамасола рӯзи 1.12.2016 қайд гирифта мешавад, зикр ёфтааст.

Ҷумъа, Нояб 25 2016

Сару садо дар бораи таркиш дар «Минтақаи Озоди иқтисодӣ"-и н.Данғара танҳо 1 заҳролудшавӣ будааст, ки дар пайи он 1 нафар ҷон дода, нафари дуюм шифо ёфтааст. Муовини раиси н.Шарифзода Ҷамшед имрӯз 25 ноябр дар суҳбати СССР гуфт, ки таркиш набуд, балки шаби 22 ба 23 ноябр дар минтақаи озоди иқтисоди вақте шабона дар сатил ангиштро оташ зада гарм шудаанд, дар вақти хоб аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. 1 нафар ҷон дода, дигаре дар беморхона шифо ёфтааст. Ҷавони заҳролудшуда Абдулоиқ Ҳусейнов, сокини 31 солаи деҳаи Лаҳури н.Данғара будааст.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Нояб 25 2016

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” сазовори ҷоизаи “Ситораи Помир” дар бахши DME AWARDS гашт, ки он ҳамасола дар чорабинии тантанавӣ дар Маскав аз ҷониби фурӯдгоҳи “Домодедово” супорида мешавад.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар доданд, ин ҷоиза барои ҳамкориҳои дарозмуддати судманд, расму таомули миллии 2 кишвар ва авлавияти хатсайр дода мешавад ва ин маротиб он насиби ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” гашт.

СССР

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, Нояб 24 2016

Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳои пурбарфу сард ба навбатдории шабонарӯзӣ гузаштаанд.

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» иброз доштанд, чунин тасмим ба хотири таъмини фаъолияти бемонеаи фурӯдгоҳ дар чанд рӯзи сарди охир гирифта шудааст. Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯзҳо аз рӯи реҷаи муқаррарӣ кор карда то ба имрӯз дар пешвоз ва гусели ҳавопаймоҳо мушкиле пеш наомадааст. Тамоми хадамотҳои фурӯдгоҳ ва 245 адад техникаи кориву нақлиётӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

СССР

 

Чоршанбе, Нояб 23 2016

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо 1 қарори вежаи худ шахсони мансабдори Ҳукумати шаҳри Душанбе муваззаф кардааст, ки навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монда назорати пайгиронаю вокуниши фаврии сохторҳои марбутаи шаҳриро ба роҳ монанд.

Панҷшанбе, Нояб 17 2016

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 10 моҳи соли 2016 ба 949,2 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, аз он ба 511,1 ҳазор мусофири рафта ва 438,0 ҳазор мусофири омада.  Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, дар ин давра миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1853 тн.- ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 122,5 тоннаро маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад, аз он ҷумла, асал -721кг, тути хушк 16278 кг, мевагӣ 104697кг., сабзавот 864кг.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар даҳ моҳи соли 2016, аз он ҷумла рейсҳои доимӣ– 4431  адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ 286 адад ва рейсҳои чартерии  нақд 30 ададро ташкил доданд. Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил мекунад.

 

СССР

 

саҳ 133 аз 156

Китобҳо

Flag Counter