Дар Тоҷикистон, аз оғози эпидемияи ВНМО/БПНМ 8,504 ҳолатҳои гирифтори ВНМБ ташхис гардида, ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, 2000 мубталоёни ин беморӣ дар қайди ҳаёт нестанд. Аммо, тибқи маълумоти UNAIDS шумораи сироятшудагони ВНМО дар маҷмӯъ беш аз 16,000 нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60% он аз воқеяти сироятии худ воқиф нестанд.
Дар Тоҷикистон ин бемори хусусан тариқи истеъмоли маводи мухаддир ва алоқаи ҷинсӣ паҳн мегардад. Дар аксари ҷомеаҳо ба қисми осебпазири аҳолӣ, ки ба таври маъмули аллакай зери гуруҳи маргиналӣ қарор гирифтаанд, дастрас намудани хизматрасониҳои аввалиндараҷа душвор мегардад.
Ҳукумати ИМА ҷиҳати хотима додан ба паҳншавии эпидемияи ВНМО/БПНМ ҷаҳду талоши худро дареғ намедорад. Дар ин робита, Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА алайҳи БПНМ (PEPFAR) бузургтарин кафолат барои ҳар 1 миллат ҷиҳати мубориза бо ин бемории бемислу монанд дар таърихи инсоният маҳсуб меёбад. Ҳар сол PEPFAR маблағи қариб 15 миллион долларро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷудо мекунад, ки тақрибан 30 % он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хизматрасониҳои аввалиндараҷаи санҷишию табобатӣ ва кӯмаки техникӣ масраф мегардад.
Барои тағйир додани маҷрои густариши эпидемияи ВНМО/БПНМ имконияти хеле маҳдуд дорем: ҷиҳати густариш додани имкониятҳо ва ба ҳадафҳои глобалии UNAIDS«90-90-90» ноил гаштан, бояд ҳарчи бештар сироятшудагонро фаро гирем, яъне ба ибораи дигар – то соли 2020 бояд 90% сироятшудагони ВНМО- аз ташхис гузаранд, 90%-и ташхисшудагон бояд таҳти муолиҷаи устувори зиддиретровирусӣ қарор гиранд, ва аз 90 % шахсони таҳти муолиҷаи зиддиретровирусӣ қарор гирифта, имкони рушди вирус бояд коҳиш ёбад. Дар робита ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мо бояд ҷаҳду талошро ҳарчи бештар дар ҷодаи густариш додани дастрасӣ ба санҷиши тиббӣ ҷиҳати фаро гирифтани сироятшудангон ба муоинаи тиббӣ ва хизматрасониҳои босифати нигоҳубин ва табобатӣ равона намоем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ИМА ҷиҳати тезонидани чорабиниҳо барои расидан ба ҳадафи ‘90-90-90’ ва бо мақсади ҳимоя намудани гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқи башар, таҳкими устуворӣ ва шарикӣ тариқи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, ба маълумоти вуҷуддошта такя карда, аз он истифода мебарад.
СССР