ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 27 2016

Роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, ки роҳҳои оҳане, ки дар ҳудуди замоне корхонаҳои калони давлатӣ ва имрӯз хусусӣ то ҳол боқӣ мондаанд, бояд ҳамеша дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта шуда муассисони хусусӣ набояд қитъаи роҳи оҳанро барои сохтмони хона истифода баранд. 

Чоршанбе, Июл 27 2016

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ боркашонӣ тавассути роҳи оҳан кам гашта содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки 88 ҳазору 387 тоннаро ташкил дод, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 ҳазору 55 тонна кам аст. Воридоти маҳсулот бошад дар ин давра 1 миллиону 865 ҳазор тоннаро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 48 ҳазор тонна кам аст.

Душанбе, Июл 25 2016

Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки ширкат дар оянда барои харидорӣ намудани ҳавопаймоҳои нав бо ширкати «Boeing» ҳамкорӣ хоҳанд кард, зеро ин ширкат дар бозори ҳавопаймоӣ алакай худро бо устувор ва боварибахш буданаш муаррифӣ кардааст ва ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ ба ин ширкат метавонанд эътимод намоянд.

Душанбе, Июл 25 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 100 ҳазор тӯҳфаи хотиравӣ барои мусофирони хатсайрҳояш омода намуда сар аз 1.08.2016 ҳадяи тӯҳфаҳои брендиро дар дохили ҳавопаймоҳояш дар тамоми хатсайрҳо оғоз мекунад. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» рӯзи 25 июли соли ҷорӣ хабар дод.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  72645 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 45859 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 30 ҳазору 507 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

Мувофиқи омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 308676 нафар ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намуда аз ин теъдод 40682 нафарашон занон мебошанд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба таври расмӣ худро дар сохтори бахши муҳоҷират номнавис кардаанд, дар соли ҷорӣ барои кор беш аз ҳама кишварҳо Русия ва Қазоқистонро интихоб намудаанд. Дар ин бора рӯзи 21.07.2016 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Тағойзода Сумангул Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иттиллоъ дод.

саҳ 142 аз 156

Китобҳо

Flag Counter