Бо инобати фарорасии ҷашни 71-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, ки ба ин муносибат чун анъана имсол низ аз ҳисоби шаҳрдорӣ 1500 сомонӣ ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 500 сомонӣ, дар маҷмуъ 2000 сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ кӯмакпулии яквақтаина таъмин карда шавад.
Пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона дар соли 2017 мизбони бузургтарин намоишгоҳи ҷаҳон бо номи «Нерӯи оянда» буда он аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 бо номи «Expo 2017» баргузор хоҳад шуд. Намоишгоҳи ҷаҳонии универсалӣ дар 5 сол 1 маротиба баргузор шуда кишвари мизбон маҷмааи намоишгоҳиро бояд аз ҳисоби худ бунёд намояд.
24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе намошгоҳи 4-уми ҷумҳуриявии «Авто Ретро Эксклюзив 2016» автомобилҳои нодиру қадима баргузор гашта дӯстдорони воситаҳои нақлиёт тавонистанд дар назди Маркази савдои «Пойтахт – 90» бо мошинҳои нодире, ки то ҳанӯз дар Тоҷикистон арзи вуҷуд дошта аксарият аз лиҳози техникӣ ҷавобгӯи замон ҳастанд, аз наздик ошно шуданд.
Агентии «Тоҷикстандарт» воридоти тухм ва пӯсти мурғро ба Тоҷикистон манъ намудааст ва ин қарор барои тамоми воридкунандагони дохилу хориҷи кишвар, ки ин гуна маҳсулотро меоранд, дахл дорад.
Бархе бо марг зиндагӣ мекунанд ва бархе дар баробари марг.
Меҳмонхонаи «Душанбе – Серена» аз ҷониби комиссияи махсуси шаҳрдорӣ ғолиби озмуни «Беҳтарин меҳмонхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2015» гашт.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар