ХАБАРИ ДОҒ

«Expo 2017» - бузургтарин маҷмааи намоишгоҳӣ дар Осиёи Марказӣ

  • Сешанбе, Апр 26 2016

Пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона дар соли 2017 мизбони бузургтарин намоишгоҳи ҷаҳон бо номи «Нерӯи оянда» буда он аз 10 июн то 10 сентябри соли 2017 бо номи «Expo 2017» баргузор хоҳад шуд. Намоишгоҳи ҷаҳонии универсалӣ дар 5 сол 1 маротиба баргузор шуда кишвари мизбон маҷмааи намоишгоҳиро бояд аз ҳисоби худ бунёд намояд.

 

Аз ин лиҳоз, имрӯз дар Остона – пойтахти хеле ҷавону зебои Қазоқистон сохтмони 1 маҷмааи калон бо номи «Expo 2017» идома дошта он аз рӯи нақша бузургтарин маҷмааи намоишгоҳи дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб хоҳад рафт. Барои бунёди он 3 миллиард доллари ИМА масраф шуда аз буҷаи кишвар  283 миллион Евро ҷудо гаштааст.

Дар назар аст, ки дар намоишгоҳи «Expo 2017» беш аз 100 кишвар ва 10 созмони байналмиллалӣ, 50 ширкати бонуфузи сайёра ва беш аз 2 миллион тамошобинон ширкат варзида масоҳати павилёнҳо зиёда аз 47 160 метри квадратиро ташкил хоҳад дод.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе – Остона - Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter