ХАБАРИ ДОҒ

Мошинҳои солҳои 1937 дар намоишгоҳи Душанбе

  • Душанбе, Апр 25 2016

24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе намошгоҳи 4-уми ҷумҳуриявии «Авто Ретро Эксклюзив 2016» автомобилҳои нодиру қадима баргузор гашта дӯстдорони воситаҳои нақлиёт тавонистанд дар назди Маркази савдои «Пойтахт – 90» бо мошинҳои нодире, ки то ҳанӯз дар Тоҷикистон арзи вуҷуд дошта аксарият аз лиҳози техникӣ ҷавобгӯи замон ҳастанд, аз наздик ошно шуданд.

 

Дар ин намошгоҳ беш аз 70 автомобил ва 30 мотосикл – ЗИС, Бюик, Чайка, ЗИМ, Мерседес, БМВ, Победа, Опел, Волга, Кадиллак, Жигули, Москвич, Луаз, Зопорожетс ба маърази тамошобинон гузошта шуда соли истеҳсоли автомобилу мотосикли қадимтарин ба соли 1937-и асри гузашта рост меояд. Дӯстдорон имкон доштанд на танҳо мошинҳо ва мотосиклҳоро аз наздик бубинанд, балки ба дохили ҳар яке даромада кори муҳаррик ва омодагии техникии онро бисанҷанд.

Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони автомобилҳои нодир ва мотосиклҳо Авто Ретро Эксклюзив» сурат гирифта Газетаи мардумии СССР ва сомонаи cccp.tj сарпарасти иттиллоотии ин намошгоҳ ба шумор меравад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter