ХАБАРИ ДОҒ

Сертификати IOSA ба «Сомон Эйр»

  • Душанбе, Май 23 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нахустин шуда бо муваффақият аз аудити амалии бехатарии парвозҳои IATA (IOSA) гузашта оиди ба қайд гирифтани ширкати ҳавопаймоӣ ба сифати оператори IOSA сертификат гирифт. Маросими супоридани сертификат санаи 20-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эвхенио Хайме Манзано сертификатро аз намояндаи минтақавии Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ Джордан Карамалаков қабул намуд.

 

Чуноне ки ба мухбири мо Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати мазкур хабар дод, дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости аъзогии комилҳуқуқи IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд. Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба талаботҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ гардид. Пас аз 8 соли фаъолият «Сомон Эйр» ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи навин дар таърихи музаффариятҳои ширкат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ин дастоварди худ, ки инъикосгари устувории ширкат ва фаъолияти фидокоронаи мутахассисони кордони ширкат мебошад, ифтихор намуда аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ширкат бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) умедвор мебошад.

Дар айни замон «Сомон Эйр» бо муваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 анҷом медиҳад.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter